РИОЯИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ МУҲИМ АСТ

Чандест, ки аксар кишвари ҷаҳон бар зидди вируси нав COVID - 19 мубориза бурда, роҳи халосӣ ҷуста истодаанд. Тавре аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ дорем, олимони соҳаи тибби кишварҳои абарқудрат, аз ҷумла Федератсияи Россия ваксинаи зиддивирусиро истеҳсол кардаанд. Баробари ин, мубориза бар зидди вируси нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷониби ниҳодҳои махсус идома дорад.

Дар вилоят низ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID - 19 аз тарафи масъулин корҳои зиёде ба сомон мерасанд. Кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилоят ҳамарӯза байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Аз ҷумла, аз ҷониби мутахассисони марказ тавсияҳо барои пешгирии бемории коронавирус, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ, шустушӯйи дастон бо собун, дар масофаи муайян суҳбат намудан дода шуданд.

Баробари ин барои пешгирии роҳҳои сироятёбӣ мулоқоту вохӯриҳо бо донишҷӯён дар хобгоҳҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи омӯзгории шаҳр баргузор гардиданд.

Тавре мудири шуъбаи тарғиботиву ташвиқотии марказ Адолат Мадаминова иттилоъ дод, баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ 60 нафар худихтиёр, 30 нафар фасилитатор (нафаре, ки доир ба як мавзӯъ маълумот медиҳад) ва 36 дастаи саломатии ҷомеавӣ омӯзонида шудаанд, ки айни ҳол дар байни аҳолӣ, алалхусус дар ҷамоатҳо, маҳаллаҳо ва муассисаҳои томактабию таълимӣ дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус фаъолият бурда истодаанд.

- Аз оғози пайдошавии вируси нави COVID – 19 баҳри пешгирии сироятшавии сокинони вилоят аз тарафи Маркази ҷумҳуривии ташаккули тарзи ҳаёти солим маводҳои иттилоотии пешгирикунанда ва дискҳо пешкаш шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилоят барои ташвиқоту тарғибот пешкаш гардиданд. Маводи мазкур дар ҷойҳои сераҳолӣ, амсоли муассисаҳои табобатӣ, бозору марказҳои савдо, муассисаҳои томактабию таълимӣ, нақлиёти мусофиркашонӣ, истгоҳҳо ва ташкилоту корхонаҳо насб карда шуд. Ҳамчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ «Дӯкони саломатӣ» ва «Дӯкони саломатии сайёр» ташкил гардидааст, - гуфт А.Мадаминова.

Тавре иттилоъ дода шуд, марказ дар ҳамҷоягӣ бо КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Ашт, Деваштич, Зафаробод, Панҷакент ва Бӯстон баҳри пешгирии бемории коронавирус аксия таҳти шиори «Пешгирии беморӣ аз табобат осонтар аст» гузаронида, ба аҳолӣ оид ба роҳҳои пешгирии COVID – 19 маълумоти муфассал дода, маводи иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Ҳамчунин, бо ҳамкории Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба пешгирии бемории коронавируси COVID - 19 60 нафар худихтиёр омӯзонида шуданд, ки айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва Спитамен байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Худихтиёр аз шаҳри Хуҷанд Маҳками Эшон оид ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ гуфт, ки аз тарафи мутахассисони соҳа бобати вируси нави COVID – 19 курси омӯзиширо азхуд карда, имрӯз ҳамчун худихтиёр фаъолият бурда истодааст.

- Тасмим гирифтам, ки роҳи худихтиёриро пеш гирам, зеро хостам, дар чунин рӯзҳои нохуш саҳми худро баҳри пешгирии ин бемории сироятӣ гузошта бошам.

Агар бо кӯмаки ман як нафар бобати ин вирус маълумот пайдо карда, худро аз беморӣ эмин дорад, бароям боиси ифтихор аст, - гуфт Маҳками Эшон.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh