Сахопешагӣ – амали ҷавонмардон
- Details
- Published on Wednesday, 21 October 2020 11:16
Дар куҷое хонда будам: “Ҳастанд одамоне, ки даҳҳо сол умр ба сар мебаранду хизмате накарда, мисли кафки болои об нест шуда мераванд. Бархе бошанд, чунон “Кохи баланде” аз худ боқӣ мегузоранд, ки асрҳои аср ба ибораи Фирдавсӣ “аз боду борон газанд намеёбанд.” Чунин инсонҳо, чунин накӯкорон дар замони соҳибистиқлолии кишвар шукр, хеле зиёданд. Бо хайру иқдоми нафаре ва ё гурӯҳе маконе обод ва ё шароити оилае аз ҷиҳати иқтисодӣ беҳтар мегардад.
Бисёранд инсонҳое, ки дасти сахо дароз мекунанду аммо ному насаби хеш изҳор намедоранд. Аз рӯи иборае, ки аз қадим - ул - айём аксариятро роҳнамост, яъне дасти ростат некӣ кунад, дасти чапат нафаҳмад ва ё некӣ куну ба дарё парто.
Занги телефоние боис гардид, ки чунин ибораҳоро ба хотир оварам. Директори Мактаб – интернати санитарии рақами 40- и шаҳри Конибодом Раҳимҷон Раззоқов тавассути телефон хабар дод, ки нафаре аз ноҳияи Спитамен ба миқдори муаяйн себу шафтолу, кадую қаламфури булғорӣ, бодом, сабзию пиёз ва боқилаҷон дастрас намуда, боз ҳам чун пешин аз гуфтани ному насаби хеш худдорӣ намудааст. Ва ин дафъа аз боисрор пурсиданҳои Р. Раззоқов ӯ исму насаби хешро гуфтааст.
- Хоҳиш дорам, тавассути саҳифаи рӯзнома арзи сипоси толибилмон ва омӯзгорону мураббиёнро ба ин шахси накӯкор бирасонед, - гуфт сарвари мактаб.
Марди сахопеша раиси хоҷагии деҳқонии Кооперативи истеҳсолии моҳипарварии ба номи «Генерал Қаноатов»-и ноҳияи Спитамен Рустам Каримов мебошад, ки соле ду маротиба ба толибилмони ин даргоҳ маҳсулоти кишоварзӣ дастрас менамояд.
Воқеан, тавре ёдовар шудем, дар ҷомеа инсонҳои саховатпеша, соҳибкорон ва оилаҳое ҳастанд, ки на танҳо дар арафаи иду айём, балки дар дигар рӯзҳо ҳам ба аёдати пиронсолону шахсони яккаву танҳо, мактабу беморхонаҳо ва хонаҳои пиронсолону кӯдакон бо туҳфаю маводи хӯрока ва маблағ кӯмак мерасонанд.
Бо вуҷуди он ки сарпарастони доимии мактаби номбурда Корхонаи Фаръии «Заводи таъмири қатораҳои Маҳрам» бо роҳбарии Хушвақт Ҷабборов ва Донишгоҳи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон дар ҳар иду айём ва дар ҳолатҳои зарурӣ дабистонро бо маводҳои озуқаворӣ таъмин менамоянд, аммо назару эътибори дигар нафарон низ онҳоро масрур мегардонад.
- Воқеан, шукри замон, шукри даврони истиқлол, ки нафарони саховатманд хеле зиёданд, гоҳо маҳсулоти биринҷ, нахӯд, марҷумак, равғани пахта ва шириниҳою дигар маводи хӯрданӣ меоранд, вале, мутаассифона, аз гуфтани ному насаби хеш худдорӣ менамоянд.
Дар Мактаб – интернати санитарии рақами 40 - ум 94 нафар гирифторони бемории сил табобат ва таълим мегиранд, ки аз он 36 нафар духтарон мебошад. Таълим ва табобат дар ин мавзеъ ду сол идома дошта, 22 нафар, аз ҷумла як нафар духтур, ду нафар ҳамшираи шафқат, чор нафар кормандони техникӣ шабонарӯз дар хизмати толибилмонанд.
Собиқадорони арсаи меҳнат омӯзгор Муродҷон Худойдодов, Санавбар Раҳимова, мудири хоҷагӣ Ортиқбой Сафаров, ки солҳои сол дар ҳамин боргоҳ фаъолият мебаранд, нисбати толибилмон – табобатгирандагон ғамхории ҳамаҷониба зоҳир намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар як нафари ба ин ҷо ташрифоварда саривақт муолиҷа гирифта, ба макони хеш биравад.
Имрӯз дар Мактаб – интернати санитарии рақами 40-и шаҳри Конибодом мутахассисони ҷавон, ба монанди Машҳура Худойбердиева, Гулнора Фозилова, Умеда Сатторова ва дигарон фаъолият мебаранд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз омӯзгорони собиқадор нозукиҳои касбро омӯхта, баҳри солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
- Калонсолон барои мо, ҷавонон роҳнамоянд. Нафарони ба ин боргоҳ муроҷиаткарда дили шикаста доранд, тавре моро собиқадорон панди зиндагӣ медиҳанд, нисбати чунин шахсони ранҷур набояд бетарафӣ зоҳир намоем. Инчунин сахопешагоне, ки дари ин дабистонро мекӯбанд, моро водор месозад, ки вазифаи хешро сидқидилона ва самимӣ иҷро намоем, - изҳор дошт зимни суҳбат Умеда Сатторова.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»