COVID - 19 ТАНҲО МУШКИЛОТИ ТОҶИКИСТОН НЕСТ

Пайдоиш ва паҳн гардидани пандемияи COVID-19 барои тамоми ҷомеаи башарӣ баробари чанд хатарҳои ҷаҳонӣ таъсири бузурги ҷониву молиро пеш овард.

Аз хатари ин беморӣ ягон кишвар дар канор намонд ва ҳамаи давлатҳо барои пешгирии паҳншавӣ ва табобатии бемории COVID-19 чораҳои зарурӣ андешиданд. Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ва аз сабаби бемории мазкур фавтидагон рӯз аз рӯз, зиёд мешавад. Мутобиқи баъзе сарчашмаҳо, шумораи мубталоён ба ин беморӣ дар Россия дар як шабонарӯзи охир аз понздаҳ ҳазор бештар мебошад. Хулоса, давраи дуюми паҳншавии беморӣ барвақт муайян шуда буд.

Дар Тоҷикистон баъди пайдо гардидани ин беморӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд ва он таҳти роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ мунтазам фаъолияти худро идома медиҳад. Ҷиҳати пешгирии бемории мазкур аз ҷониби Cитоди ҷумҳуриявӣ, Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомотҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Роҳбари давлат дар ҳар баромаду мулоқоти худ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъкид менамоянд, ки: «нисбати бемории COVID-19 набояд шӯхӣ кард, зеро ҳар нафар метавонад, ба ин беморӣ гирифтор шуда, ҳаёти хеш ва атрофиёнро зери хатар гузорад».

Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани мавҷудияти бемории мазкур ба таври қатъӣ аз тамоми сокинон даъват намуд, ки талаботи заруриро ҷиҳати пешгирӣ риоя намоянд. Ҳамин тавр, тамоми сохтору мақомотҳои давлативу ҷамъиятӣ барои риояи чораҳои пешгирикунанда корҳои назаррас анҷом дода истодаанд.

Дар чунин шароит, мутаассифона, боз ҳам душманони миллату давлат мехоҳанд, бо ҳар баҳона номи кишварро сиёҳ кунанд. Баҳонаи охирини онҳо ин аст, ки гӯё як моҳ пеш, баргузор шудани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон сабаби паҳн гардидани бемории COVID-19 мешуда бошад. Кӣ ба ин суханҳо бовар мекунад? Охир, имрӯз дар Тоҷикистон тамоми муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъолият доранд ва шаҳрвандон бо риояи ниқоб ва дигар чораҳои антисептикӣ корҳои худро пеш бурда истодаанд. Бинобар ин бо риояи чораҳои пешгирикунандаи COVID-19 баргузор шудани интихоботи президентӣ барои паҳншавии бемории мазкур ягон асос шуда наметавонад.

Мо хуб медонем, ки барои пешрафти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, таҳкими суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ масъалаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар чунин шароити ҳассоси геополитикии ҷаҳон таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва муттаҳидии мардуми кишвар барои дар оянда пеш рафтани Тоҷикистон заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh