COVID-19 соҳибфарҳангӣ металабад!

Вазъияти пуртаҳлукаи ҷаҳони муосир дар алоқамандӣ бо паҳншавии бемайлони бемории сироятии COVID-19 ҳар як фарди бонангу номусро водор мекунад, ки нисбат ба иҷрои вазифаҳои шаҳрвандии худ масъул бошад. Авзои мардумро ин бемории сироятӣ дигаргун кардаву ҳамагон вобаста ба уҳдадориҳои хеш барои муқовимату раҳоӣ аз ҳалқаи беморӣ талош доранд.

Алҳол, ки маълумот ва таҷрибаҳо нисбат ба давраи аввали паҳншавии беморӣ бештаранд, мебояд, ки дарси ҳаётро пурсамарона истифода бурд. Дар асоси таҳқиқоту ташхисҳо мутахассисони соҳаи тиб исбот намудаанд, ки пӯшидани ниқоби тиббии муҳофизатӣ яке аз рукнҳои мубориза бар зидди ин вабои нави аср аст.

Вале, имрӯзҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ - марказҳои савдою нуқтаҳои хӯроки умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, кӯчаҳо ва маконҳои дигар мушоҳида мегардад, ки қисме аз шаҳрвандон реҷаи ҳатмии ниқобпӯширо риоя намекунанд.

Фарде, ки ниқоби тиббӣ напӯшидааст, манбаи паҳншавии беморӣ буда метавонад ё худ мубталои он мегардад. Чунин ашхос, ки бемасъулиятӣ зоҳир менамоянду нисбат ба манфиати ҷомеа бефарқанд, бояд ба ҷазо кашида шаванд, зеро табақаи осебпазири ҷомеа - калонсолону кӯдакон аз бефарҳангии шахсони бениқоб метавонанд, мубталои беморӣ шаванд.

Бинобар ин аз ҳамватанони азиз эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба қадри талошҳои пешгирифтаи зиддиэпидемии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расида, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ реҷаи ҳатмии пӯшидани ниқоб, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ барои безараргардонии дастону макони зист ва ғайраро риоя намоянд. Мебояд шахсони масъули давлатӣ аз андешидани чораҳои қатъӣ нисбати вайронкорони реҷаи ниқобпӯшӣ худдорӣ нанамоянд, зеро таъмини вазъи боэътимоди сиҳатии аҳолӣ аз ранҷурии қисме аз шаҳрвандон авлотар аст.

М.СОБИРОВ,

М.ДАДОБОЕВ,

устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh