Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Бахтигул Карриева ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самараддин Ализодаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни вазъи эпидемиологӣ ва тадбирандешиҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят вобаста ба фаъолияти Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемории сирояти коронавируси COVID-19 маълумот дода, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри пешгирии бемории сироятӣ аз тамоми имкониятҳо истифода гардида истодааст. Дар вилояти Суғд фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ зери назорат қарор дошта, ҷиҳати пешгирии беморӣ мунтазам корҳои безараргардонӣ гузаронида мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва риояи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, истифода аз ниқобҳои муҳофизативу маводи антисептикӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти давлатӣ, табибону олимони соҳаи тиб, коршиносон гуруҳҳои корӣ ташкил гардида, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ пурзӯр карда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои сари вақт дастрас намудани таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва доруворӣ маблағҳои лозимаро ҷудо намуда, вазъро таҳти назорат қарор додааст.

Раиси вилоят ҳамзамон барои фиристодани табибон ба вилоят аз кишварҳои хориҷӣ ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳор сипос намуд.

Роҳбари намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Бахтигул Карриева дар навбати худ аз тарзи фаъолияти табибони вилоят изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор дошт, ки таҷриба ва коргузории кормандони муасссисаҳои тиббии вилояти Суғд ҳамчун намуна барои дигар кишварҳо пешниҳод шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент марказҳои ташхиси бемории коронавирус ташкил хоҳад шуд, ки барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии пандемия мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh