ҶАВОНОН ДАР РОҲИ ТАТБИҚИ БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ

Ташаккули давлатдории Тоҷикистон дар даҳсолаи аввали ҳазораи нав барои равнақи рӯзафзун, ташаккули бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва муҳимтар аз ҳама роҳ кушодан барои мутобиқати зиндагонӣ ва фаъолият бар ниёзҳои ҷомеаи муосир заминаҳои муҳим ва муассиреро фароҳам оварда истодааст. Ба таври воқеӣ метавон изҳор дошт, ки аз оғози асри нав Тоҷикистон ба як марҳалаи сифатан нави рушду тараққиёти хеш ворид гардида, амалкарди чанд барномаи муҳими давлатиро барои расидан ба ҳадафҳои аслии дурнамои рушди мамлакат аз сар гирифт, ки имрӯз мо метавонем, аз ҷамъбаст ва дар ҳадди зарурӣ аз анҷоми муваффақонаи ин барномаҳои пешрафта, ки ба сивумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро наздик месозанд, ҳарф занем.

Таваҷҷуҳ ба татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин миён истифода аз нерӯҳои зеҳнии насли ояндасоз низ дар шумори муҳимтарин равандҳои дурнамои рушди давлат, дар даҳсолаҳои минбаъда қарор гирифт ва баргузории мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони мамлакат дар моҳи майи соли 2005 ба таври воқеӣ дурнамои як давраи мукаммали рушду нумӯи фаъолияти ҷавонон ва рисолати аслии эшонро дар ин марҳалаи навини таърихӣ муқаррар намуда буд, ки имрӯз воқеан мо аз он ҳидоятномаи Сарвари давлат барои ҷавонон дар ин фосила натиҷаҳои шоён ва боэътимодеро дар ин росто ҷамъбаст мекунем, ки баробари атои қаноатмандии хоса дар ин амр моро ба оғози боз як давраи нави зуҳури корномаҳо мерасонанд. Танҳо ба як нишондоди оморӣ, ки ба соҳаи маориф марбут аст, метавон руҷӯъ намуда, тибқи он маҳсули пешрафтҳои кишварро дар дарозои ҳафт сол натиҷагӣ кард, ки дар мулоқоти қаблии Сарвари давлат бо ҷавонон ба он ишорат шуда буд. Дар суханронии Сарвари давлат он ҷо таъкид гардида буд, ки «дар буҷети давлатии соли 2005 барои таъмини соҳаи маориф 250 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 90 миллион сомонӣ ё 55 фоиз зиёд мебошад». Ин рақам барои соли 2013 аз ду миллиард сомонӣ убур кардааст, ки нисбат ба соли 2005 беш аз ҳафт маротиба зиёд мебошад. Барои муқоисаи соҳаи маорифро ба он хотир интихоб намудем, ки имрӯз намояндагони ҷавонони мамлакат бештар аз пештар ба ин бахши муҳим ва меҳварии давлат пайвасти ногустатанӣ доранд. Ва ин пешрафти чашмрас метавонад, барои беҳдошти шароити таҳсил ва фардои ҷавонон таъсири пурфайзе гузорад. Аз сӯи дигар, тамоюлҳои пешқадам ва пешрафтҳои босуръат дар низоми маорифи кишвар боис бар он гардид, ки доираи имкониятҳои таҳсили ҷавонон чи дар кишвар ва чи берун аз он беҳтару хубтар гардида, дар аксари донишгоҳҳои олии мамлакат вобаста ба талаботи Тоҷикистон ва мутобиқат ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсил ихтисосҳои наву замонавӣ ифтитоҳ гардида, ҷалби ҷавонон ба таҳсил аз рӯи иқтизои ихтисосҳои хоҷагии халқи кишвар нуфузи шоиста дарёфт.

Марҳала ба марҳала даврони истиқлол дар ҳаёти ҷавонони кишвар дигаргуниҳои тозае ворид намуда, барои рӯи кор омадани дастовардҳои наву корномаҳои ҷолиб миёни онҳо мусоидат намуд. Мулоқоти пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар ва дар партави ин мулоқот ба созандагиву бунёдкориҳо рӯй овардани ҷавонони мамлакат саҳифаҳои дурахшони ҳаёти ҷавононро дар раҳгузори истиқлол муаррифӣ намуд. 23-юми май ҳамчун рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид, ки онро метавон муҳимтарин падидаи даврони истиқлоли кишвар нисбат ба ҳаёти ҷавонон номид. Таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм дар байни ҷавонон, ки бо Фармони Президенти мамлакат таъсис ёфт, рамзи тақдири заҳматҳои ҷавонон дар ҷодаи таҳқиқ ва шинохту маърифати арзишҳои фикрӣ гардид. Дар баробари ин ҳамасола тақдими ҷавонони эҷодкор бо ҷоизаҳои махсуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаҳои адабиёт, ҳунар, рӯзноманигорӣ ба татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон дар самти дастгирии ҷавонони болаёқат ишорат мефармояд. Баробари ин, эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” аз ҷониби Пешвои миллат таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлатро ба қудрати маънавӣ ва зеҳнии ҷавонон бозгӯӣ мекунад.

Ҳамасола барои тарбияи маънавии ҷавонон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ташкили озмунҳои гуногун истеъдодҳои навро кашф карда, барои ояндаи шукуфои онҳо раҳ мекушояд. Конфронси олимони ҷавони кишвар тозатарин чеҳраҳои маърифатиро муаррифӣ карда, ба сӯи кашфиётҳои нав ба нав ҳидоят менамояд. Озмуни шашмақомсароёни ҷавон, барои эҳёи санъати миллӣ ва тарбияи ҳунарварони меҳанпараст ва арҷгузории мусиқии суннатӣ зербинои мустаҳкам мегузорад. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” низ ҷавонони зиёди огоҳ, ҳунарманд ва соҳибмарифату аҳли китобро муаррифӣ намуд, ки ин ҳам ба тадбирҳои муҳими давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон аст.

Дар маҷмӯъ, ҳамаи ин дастовардҳои бузурги ҷавонони қарни ХХI-и кишварро бо эътимоди комил метавон меваи истиқлол номид, ки аз баракати ин марҳалаи сарнавиштсози кишвар барояшон муяссар гардидааст. Боварӣ ва эътимоди Пешвои миллат ба нерӯи ҷавонон ва пайрави асили Пешвои миллат шудани тамоми ҷавонони кишвар имрӯз ба мақоми шоёни насли ояндасоз ва фардоофарин ишорат мекунад. Аз ин рӯ, мо - ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо хониши хубу аъло ва таҳсилоти шоён ҳамчун мутахассисони шоистаи замон ба камол расида, дар татбиқи сиёсати давлат, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқболу амалкарди ғояҳои нотакрори Пешвои муаззами миллати хеш саҳми муносиб гузорем.

Андар Раҳмонӣ,

муҳаррири сомонаи расмии

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh