БАҲРИ БЕҲДОШТИ ЗИНДАГИИ ШАҲРВАНДОН

Вақте Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ба тасвиб расид, аз ҷониби масъулини шаҳру навоҳӣ ва вилоят рӯзи қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта, яъне дар як рӯзи муқарраргардида баргузор мегардад.

Масъалаи таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар қатори дигар шаҳру навоҳии вилоят дар шаҳри Хуҷанд низ басо мубраму ҳалталаб буд. Пас аз ҳар як қабул мушоҳида мекардем, ки аксарият тибқи аризаи хеш соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ мегардиданд.

Пас аз гузашти солҳо чун ба гирду атрофи шаҳри Хуҷанд дида медӯзем, ҳамон қитъаҳое, ки қаблан бекорхобида буданду теппаҳои пасту баланд доштанд, хосатан дар соҳили рост, ҳоло хонаҳои ду – се ошёна ва ё баландошёна қомат афрохтаанду дашту биёбони холиву беодам ба гулзору пур аз дарахтони сояафкану мевадиҳанда табдил ёфтаанд. Воқеан, баҳри қаноатманд гардонидани муроҷиати шаҳрвандон аз минтақаи 17 - уми шаҳри Хуҷанд кормандони соҳаи маориф ва рӯзноманигорони маркази вилоят низ соҳиби қитъаи замин гардида буданд.

Дар идомаи корҳои неку шоиста ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри дастгирии оилаҳои камбизоату ниёзманд соли пешин ҳангоми сафари кориашон даҳ оила соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд. Ҳамчунин, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ чунин иқдоми шоистаи Пешвои маҳбуби миллат нисбати мутахассисони соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла кормандони сохторҳои низомӣ, маорифу тандурустӣ ба назар мерасанд.

Дар ин бобат масъули бахши манзили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Усмонҷон Юсуфӣ зикр дошт, ки дар асоси хулосаҳои комиссияи ҷамъиятӣ аз соли дуҳазору понздаҳум то ин муддат муроҷиати се ҳазору панҷсаду шасту ду нафар шаҳрванд қаноатманд гардонида шуда, ҳар яке дар масоҳати 600,0 метри мураббаъ соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд.

Воқеан, ду даҳсола қабл метавон гуфт дар сатҳи ҷумҳурӣ гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва соҳиби манзил шудан ғайриимкон буд. Аксари шаҳрвандон шиква аз он доштанд, ки солҳо дар навбат истодаанду аммо аз соҳиби манзил гардидан бӯи умед нест. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Пешвои муаззами миллат ин муаммо аз байн рафт. Агар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ шаҳрванди муроҷиаткарда аз гирду атрофи ҳамон манзили авлодиаш соҳиби замин мегардид, дертар аз мавзеъҳои чарогоҳ ва лалмӣ, инчунин аз ҷойҳои замоне аз хотири ҳамагон фаромӯшгардида бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин мешуданд.

Алҳол дар чор мавзеи ҳудуди вилоят – дар шаҳрҳои Исфара ва Истаравшан шаҳракҳои Моҳпарӣ ва Баҳористон, дар ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Меҳробод ва дар маркази вилоят - шаҳраки Сайҳун обод гардида истодааст. - Аз 3562 нафар шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд, ки соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардида буданд, 2830 нафарашон дар шаҳраки Сайҳун бо қитъаи замин таъмин гардиданд, - гуфт зимни пурсиш мутахассиси пешбари бахши манзили шаҳри Хуҷанд Абдусамӣ Қоҳиров. - Боиси сарфарозист, ки – қайд кард муовини раиси шаҳри Хуҷанд Аюбҷон Раҳматзода, - ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи сохтмон нақша – чорабинӣ тартиб дода, то ин дам аксари иншоот бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.

Дар анҷом Аюбҷон Раҳматзода гуфт, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва барои таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, ҳоло бо назардошти солҳои пешин 4587 нафар барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 1372 нафар барои соҳиб шудан ба манзили истиқоматӣ ба навбат гирифта шудаанд. Инчунин, тибқи қарорҳои раиси шаҳр, ба шаш нафар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатӣ ва ба як нафар хонаи хизматӣ дода шуд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА, «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh