ЗАФАРОБОД ХИЗМАТИ АРЗАНДАИ ТИББӢ БА АҲОЛӢ

Бо гузашти вақт мардуми шарифи Тоҷикистон ба остонаи ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик шуда истодааст. Баҳри сазовор ва бо туҳфаҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимиву табобатӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Аз ҷумла, муассисаи тиббии Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) - и ноҳияи Зафаробод низ ба ин ҷашни бузурги миллӣ тайёрии ҳамаҷониба дида, сифати хизматрасониро ба аҳолӣ боз ҳам назаррас намуда, дар рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хоса медиҳанд. Табибону ҳамширагони шафқати КАТС -и ноҳия баҳри амалӣ намудани дастуру барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020», «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ», иҷрои супоришу қарорҳои Раиси вилоят ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дастрасии таҷҳизоти муосири тиббӣ, ободу таъмири биноҳои табобатиро амалӣ менамоянд.

Мақсади асосии онҳо хизмати арзанда намудан ба аҳолӣ мебошад. Дар бораи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ сардори шабакаи муассисаҳои КАТС –и ноҳия Шавқӣ Ҷумъаев гуфт, ки вазифаи асосии мо, мутахассисони соҳаи тандурустӣ хизматрасонии арзанда ба аҳолӣ ва муҳайё сохтани шароит мебошад. Бо ин мақсад таъмири 18 шуъбаи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро ба нақша гирифтаем. Солҳои қаблӣ ҳуҷраҳои таваллуди Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Гулистон ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуд. Ҳамин сол ин мушкилот ҳалли худро ёфт ва алҳол даҳ кати табобатӣ муҳайё шуд. Дар Маркази саломатии ноҳия, марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳоти Гулистон, Бахт, Ҳ.Алиев ва Ҷомӣ ҳуҷраҳои хатна таъсис гардиданд.

Дар бораи ободонии гирду атроф ва марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳот муовини сардори КАТС – и ноҳия Саодат Кобулова иброз дошт, ки даромадгоҳи Маркази солимгардонии ноҳия ва қисман ҳуҷраҳои табибон таъмири ҷорӣ шуд ва як қисми боми бинои КАТС аз ҳисоби ҶДММ «Ориёно Б. Б.» шиферпӯш гардид. Умуман, дар зебо ва хушнамуд намудани дохил ва беруни биноҳои марказҳои саломатӣ саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, соҳибкорон, корхонаву ташкилот ва худи табибон хеле назаррас мебошад. Масалан, чанде пеш бо саҳми ҶДММ «Зафаробод Инвест» Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Гулистон аз таъмири куллӣ бароварда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид.

Маркази номбурда дар масъалаи таъминот бо об низ мушкилоти худро дошт. Баробари кофта шудани чоҳи амудӣ дар назди бинои марказ муаммои обу корез низ аз байн рафт. Воқеан, эҳсоси ватандӯстии мардуми сулҳпарвару меҳнатқарини кишвари офтобрӯя аст, ки аксар ободонии гирду атроф ва ё муассисаҳои таълимиву табобатии шаҳру навоҳӣ тариқи ҳашар, дастаҷамъӣ аз ҷониби аҳолӣ ва ё дастгирии соҳибкорон сурат мегирад. Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод низ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ тариқи ҳашар аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Саҳми мардуми хайрхоҳ ва меҳнати дастаҷамъии аҳолӣ буд, ки марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳоти Ҳ. Алиев, Ҳаёти Нав, Логин, Ҷомӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Чашмасор, Сурхоб, Зафар, Бахт, Зарбдор ва Хайробод аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ба таври ҳашар аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Боиси хурсандист, ки ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии соҳибистиқлолии кишвар чун дар дигар муассисаҳои табобатии шаҳру ноҳияҳо дар ноҳияи Зафаробод низ аксар беморхона ва марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида истодаанд. Давоми соли гузашта ва то ин муддат аз тарафи Маркази зидди бемориҳои сили ҷумҳуриявӣ ва бо дастгирии ҶДММ «Медимпекс» чор адад яхдон, ҳафт ададӣ таҷҳизоти тиббии сентрофуга ва микроскоп, се адад тарозуи бачагона, 9 адад маҷмӯи поликлиникӣ, панҷ адад лампаи кварсӣ, даҳ кати беморӣ, ду адад термостат харидорӣ шуда, аз ҳисоби беморхонаи марказии ноҳия бошад, се дастгоҳ барои додани оксиген (оксигенератор) дастрас гардид.

- Масъалаи ташвишоваре, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст, - қайд кард дар анҷом Ш. Ҷумъаев, - нарасидани табибон дар марказҳои саломатии Ҷамоатҳои деҳаҳои Зарафшон ва Ҷомӣ буда, баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ дар марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳаҳои Ҳаёти Нав ва Логин табибони нафақахӯр дар асоси шартномаи меҳнатӣ фаъолият бурда истодаанд. Вазифаи мо, табибон, пеш аз ҳама хизмати арзанда ва босифат ба аҳолӣ, таъминоти марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ҷамоатҳои деҳот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мебошад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh