ХАТАРРО ДАР ҲАМДАСТӢ ПЕШГИРӢ НАМОЕМ...

Таи қариб як сол аст, ки дар аксар давлатҳои ҷаҳон бемории сироятии коронавирус паҳн гаштаву ҳамагонро ба андохтааст. Бобати вазъи кунунии эпидемиологии вилоят, безараргардонии муҳити гирду атроф ва дигар чораҷӯиҳо ҷиҳати пешгирии ин беморӣ бо сартабиби Маркази назоратию давлатии санитарӣ - эпидемиологии вилоят Абдумавлон Абдуллозода ҳамсуҳбат гаштем, ки фишурдаи онро пешкаши муштариёни рӯзнома менамоем.

- Безараргардонӣ ин раванди дар муҳити зисти инсон паст кардани сатҳ ё дур кардани барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ ва паҳнкунандаи онҳо мебошад. Мақсади асосии безараргардонӣ ин паст кардани сатҳи фаъолияти микроорганизмҳои касалиовар дар муҳити зисти инсон буда, яке аз чорабиниҳои муҳими амнияти миллидошта ба ҳисоб меравад, - изҳор дошт мавсуф.

Тибқи иттилои Абдумавлон Абдуллозода, дар ин марҳала бинобар вазъияти бамиёномадаи пандемияи ҷаҳонӣ, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, аз ҷониби табибони эпидемиолог дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо харитаи эпидемиологии дараҷаи бақайдгирии беморшавӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин тартиб дода, минтақаҳои осебпазир муайян карда шуданд. Вобаста ба ин чорабиниҳои маҳдудкунонӣ, пешгирию безараргардонӣ, таблиғотию ташвиқотӣ дар ин минтақаҳо пурзӯр карда шуданд.

Дар ҳамбастагӣ бо кормандони шабакаи муассисаҳои КАТС назорати шахсони бо беморон дар тамосбуда давоми 14 рӯз ва дар баъзе ҳолатҳо ташхиси вирусологии онҳо гузаронида мешаванд. Ҳар як манбаи дарёфтшуда сари вақт безарар гардонида мешавад. Инчунин, дар ҳудуди кӯчаю хиёбонҳо, бозору нуқтаҳои савдо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо ва маҳалли зисти гирифтори илтиҳоби шуш корҳои безараргардонӣ бо маводҳои хлордор мунтазам гузаронида шуда, чорабиниҳо дар ин самт ҳамарӯза идома доранд.

Аз ҷумла, то 1 – уми октябри соли 2020 дар кӯчаю хиёбонҳо, бозору нуқтаҳои савдо, муассисаю ташкилотҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар масоҳати наздик 7 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ, дар 6861 хоҷагӣ, 5374 манбаъҳои сироят ба масоҳати 540 ҳазор м2 чорабинии безараргардонӣ гузаронида шудааст. Бо ин мақсад ба МНДСЭ-и шаҳру ноҳияҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо 23 тоннаю 526 кг маводҳои безараргардонӣ ворид карда шуданд. Вобаста ба чорабиниҳои пешгирии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар муассисаҳои таълимӣ дастурамалҳо оиди “Тартиби ташкили корҳои пешгирикунанда ва тавсияҳо бобати хатари паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муассисаҳои таълимӣ” ва “Талабот оид ба тартиби истифодабарии ниқоб” ба макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас гардид.

Инчунин, аз ҷониби кормандони соҳа ба масъулини муассисаҳои таълимӣ оиди тарзи тайёр ва дуруст истифодабарии маводи безараргардонӣ омӯзишҳо гузаронида шуданд. Вобаста ба ин фаъолияти ситодҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ пурзӯр карда, ҷаласаи ситодҳои сайёр бо иштироки аъзоёни ситоди шаҳрию ноҳиявӣ, фаъолон ва кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гашта истодааст. Инчунин, аз ҷониби мутахассисони соҳаи санитарию эпидемиологӣ назорати фаъолияти бозору нуқтаҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоотҳо пурзӯр карда шуда, давоми моҳи сентябри соли ҷорӣ 1114 адад санҷиш гузаронида, барои риоя нагардидани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ба зиёда аз 1000 нафар ба маблағи 205 ҳазору 807 сомонӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷарима баста шудааст. Ҳамзамон, фаъолияти 894 иншоот бо сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои санитарию гигиенӣ муваққатан боздошта шуд.

Бобати мусодираи молу маҳсулоти пастсифат номбурда изҳор дошт, ки дар рафти санҷишҳо аз дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон, тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” маҳсулотҳои хӯроквории пастсифат, аз қабили гӯштию ширӣ, қаннодӣ, тухм, равғани растанӣ, нӯшокиҳо ва ғайраҳо ба миқдори 16840 кг/л ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ аз муомилот гирифта шуданд. Новобаста аз ин чораҷӯиҳо ҳанӯз дар баъзе аз ташкилоту муассисаҳо, бозору нуқтаҳои савдо, мавзеъҳои сайругашти аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва риояи тартиби истифодабарии ниқобҳои муҳофизатӣ ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.

Аз ҷумла, рейдҳои муштараки дар бозорҳо гузаронидашуда муайян намуд, ки 70-80 фоизи ба савдо машғулбуда бо ниқобҳо таъмин бошанд ҳам, 20-30 фоизи онҳо ва 15-20 фоизи мизоҷон ниқоб мепӯшанду бас. Дар нақлиёти мусофиркаш бошад, 30- 50 фоиз ниқоби муҳофизатӣ истифода менамоянд. Дар ин самт корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаъолияти назоратӣ боз ҳам бояд ҷоннок гардонида шавад. Фаъолияти имрӯзаи таҳлилгоҳи вирусологии вилоятиро шарҳ дода, мавсуф изҳор дошт, ки бо мақсади дарёфти барангезандаи бемории коронавируси нави COVID-19 дар вилоят аз санаи 28 –уми майи соли 2020 дар заминаи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят таҳлилгоҳҳои вирусологӣ фаъолияташонро оғоз намуда, дар давоми даҳ моҳи соли равон ҳамагӣ беш аз 32 ҳазор адад ташхис аз беморон, гумонбарон ва шахсони дар тамос буда гирифта шудааст.

- Новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳамҷоягӣ бо дигар соҳторҳои марбута, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID - 19 кӯшиш ба харҷ медиҳанд, - изҳор дошт сартабиби Маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидимологии вилоят Абдумавлон Абдуллозода. Дарвоқеъ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ хатари сироятёбиро аз байн мебарад.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh