ВОРИСОНИ АСИЛИ СИНО

Таъкид ба ёдоварист, ки ҳар як касбу пешаи интихобкардаи инсонҳо барои пешбурди зиндагӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин росто касбу пешаи табибӣ нисбати дигар касбҳо дорои афзалият ва бартариятҳои вижа мебошад. Албатта бобати кору пайкори ҳамарӯзаи табибон ҳарф задан он қадар осон нест. Аммо чи гуна худро маҷбур насозем барои ҳарф задан, ки онҳо бо марг даст ба гиребонанд ва онон шабеҳи баҳор ҳастанд, ки бо ҳузури худ дар сари болини бемор ба ҷисму ҷони беҳаракат дубора руҳу равони тоза мебахшанд ва бемор воқеан ҳам дар симои табиб қаҳрамон - наҷотбахши худро мебинад.

Чунонеки маълум аст, солимии ҷомеа яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифат ва самараи хизматрасонии тиббӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Воқеан, дар ин рӯзҳои ниҳоят мушкил ва ҳассос беш аз пеш дастгирии маънавӣ ва равонии табибон, ки дарвоқеъ ворисони асили Сино ҳастанд, яке аз мақсадҳои аслии мардуми худшиносу худогоҳ мебошад.

 Ҳар як амалу кори самарабахш ва саршор аз меҳру муҳаббат барои кулли табибон тавонбахшу нерӯофар мебошад. Дарвоқеъ, табибони тоҷик аз азал ҳамеша ба ақлу заковат, некиву накӯкорӣ, дасти мадад дароз кардан ба ниёзмандону беморон назди мардум иззату эҳтироми хос доранд. Онҳо баҳри саломатии ҷомеа ҳамеша ҷидду ҷаҳд намуда, ба ин тариқ собит месозанд, ки дарвоқеъ онҳо ворисони асили Синои бузург ҳастанд.

Алҳол, ки дар ҷаҳон мубориза бар зидди пандемияи коронавируси Covid-19 қарор дорад, табибон ҳамеша баҳри саломатии аҳолӣ шабонарӯзӣ ҷидду ҷаҳд мекунанд, то мардумро аз ин бемории хатарзо наҷот бахшанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ҳамеша бо мардум корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида истодааст. Дар ин росто табибони мамлакат, шаҳраку ноҳия, ҷамоату деҳот ва маҳаллаҳо шабонарӯзӣ дар хизмати мардум ҳастанд, ва хушбахтона аз ин имтиҳони зиндагӣ бо сари баланд гузашта истодаанд. Таъкид ба ёдоварист, ки имрӯзҳо бо паҳн шудани пандемияи коронавируси Covid-19 ҳар як табиби тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳад то ҷомеа солимӣ пойдор монад. Файзалӣ Маликов ҳамчун табиб дар деҳаи зебоманзари Ровадин, ки аз маркази шаҳри Панҷакент 45 км дуртар воқеъ гардидааст, кору фаъолият менамояд. Ӯ ҳамагӣ 27 сол дорад. Бо вуҷуди ин қадар ҷавон будан дар баробари дигар табибони мамлакат шабонарӯзӣ баҳри сиҳатии мардум ҷидду ҷаҳд менамояд. Боақлу заковати дурбинона, иродаи қавии шикастнопазир ва ҳарфи нарму самимӣ нисбати бемор исбот месозад, ба касби худ меҳр дораду дармонбахши маризон аст, ки табиби хушахлоқу хушгуфтор, ҳалиму меҳрубон, самимӣ ва наҷибу қавиирода аст. Ҳеҷ гоҳ манфиати худро аз манфиати касе ё чизе боло намегузорад ва дар ҳама ҳолат ба кӯмаки маризон мешитобад.

Бо пайдо шудани пандемияи коронавируси Covid19 Файзалӣ Маликов низ дар баробари дигар табибон ҳамеша бо аҳолии деҳот суҳбату вохӯриҳо доир намуда, аз онҳо даъват ба амал меорад, ки дар давраи сипарӣ кардани пандемия бояд гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намуда, ҳангоми ба кӯча баромадан аз ниқобҳои тавсиявӣ истифода баранд ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки имконияти сироятёбӣ дар назар аст, ташриф наоранд, то саломатии худу атрофиёнро зери хатар нагузоранд. Алъон ин табиби ҷавон дар деҳаи осмонбӯси Ровадин ба сифати сардухтури нуқтаи тиббӣ кору фаъолият дорад ва ҳамеша саъю талош меварзад то ҷомеа дар ин давраи пандемия бардаму солим пойдор монад. Мавриди зикр аст, ки имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар давраи пандемияи коронавируси Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар як муддати кӯтоҳ тамоми беморхонаҳо бо таҷҳизотҳои муосиру замонавӣ пурра муҷаҳҳаз гаштааст, ки барои пешгирӣ аз вируси хатарзои Covid-19 мусоидат менамояд.

Имрӯзҳо табибон аз ҷониби давлат ва соҳибкорон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани ин вабои аср саҳми намоён ва арзандаи худро гузошта истодаанд. Дар ин давраи ҳассос ва ниҳоят мушкил, ки барои табибони мамлакат имтиҳони бузурги зиндагӣ маҳсуб мешавад, ба иродаву ҷасорати табибони мамлакат, алалхусус ба иродаи шикастнопазири табиби ҷавонФайзалӣ Маликов боварии калон дорем ва гуфта метавонем, ки онон дар бартараф намудани ин вабои аср то лаҳзаи охир мубориза хоҳанд бурд.

Ардашери СУЛТОН,

 шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh