МУШКИЛОТ ПАСИ САР ХОҲАД ШУД

 

 

 

Баҳри солимии ҷомеа, пешгирии беморие, ки ҷаҳониёнро ба таҳлука гузоштааст, на танҳо сокинон, муассисаи табобатӣ, инчунин ташкилоту муассисаи таълимӣ ва корхонаҳо баҳри мубориза бо бемории коронавирус (COVID-19) хеле корҳоро ба сомон расониданд. Дар қатори дигар муассисаҳои иҷтимоӣ Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ дар байни аҳолии шаҳру навоҳӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда истодаанд.

Мутобиқи Амри Раиси вилоят аз якуми апрели соли 2020 бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус COVID-19 нақша - чорабиниҳо тартиб дода, дар шаҳру навоҳии вилоят ситодҳои маҳаллӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро пурзӯр намуданд.

Тибқи барқияи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 21 апрели соли 2020 баҳри пешгирии бемории сироятӣ дар Раёсат ва шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои вилоят семинару машваратҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар гузаронида, гузоришҳои муфассалро бо замимаи аксҳо дар саҳифаи сомона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷойгир намуда истодаанд.

Раёсат дар асоси нақша-чорабинии тасдиқгардида, дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят баҳри пешгирии вируси сироятии коронавирус COVID-19 дар қатори дигар масъалаҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо усули “Хона ба хона” байни сокинон тарзи истифода бурдани маҳлулҳои зиддиэпидемикии антисептика ва ниқобҳо, риояи гигиенаи шахсӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, дар ҳавои сармо эҳтиёт намудани фарзандони хурдсол ва беназорат нагузоштани онҳо, шустани дастҳо бо собун ва бе зарурат аз хона набаромадан ва ғайраҳо пайваста корҳои профилактикию фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои иттилоотӣ гузаронида истодааст.

Дар рафти суҳбат бо аҳолӣ, инчунин оид ба тарзи либоспӯшии соҳибхонаҳо, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус маълумот дода, истифодаи ҳатмии ниқоби тиббӣ, риояи талаботҳои санитарӣ-эпидемиологӣ баррасӣ карда мешаванд.

Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияҳои кишоварзӣ, хосатан дар марказҳои савдо ва бозор, ки нуқтаи серодамтарин мебошад, ба сокинон ва фурӯшандагон, инчунин бо занҳои хонанишин суҳбатҳои муфид гузаронида, аз ҷониби ҳунармандони грантгиранда баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ниқобҳои муҳофизатӣ омода ва ба аҳолӣ тақсим карда шуд.

Дар анҷоми суҳбат сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршедахон Хоҷазода иброз дошт, ки “дар доираи мубориза бо бемории сироятии коронавирус COVID-19 байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ҷоннок намуда, ба ашхоси ниёзманд кӯмак расонида, ба аҳолӣ фаҳмонидани корҳои пешгирикунанда, риояи дастуру супоришҳои аз ҷониби роҳбарият пешниҳодгардида, бо кӯмаку дастгирии шаҳрвандони бонангу номуси вилоят ин муштилотро паси сар намуда, ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон заҳмат мекашем”.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh