Хушунат: чаро зиёд мешавад?

Хушунат: чаро зиёд мешавад?

Имсол ба Маркази занон “Гулрухсор” воқеъ дар маркази вилояти Суғд дар қиёс ба соли гузашта 500 нафар занон бештар муроҷиат намудаанд. Сабаби ин муроҷиатҳо хушунати оилавӣ гуфта мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеа хушунат торафт зиёд мешавад. Маълумотҳои оморӣ низ афзоиши хушунатро тасдиқ мекунанд.

Ба андешаи ҷомеашиносон, ин ки шикоят аз хушунат сол то сол афзоиш меёбад, маъмулан ду сабаб дорад: фарҳанги оиладорӣ суст шудааст ва ё ҳамакнун мардум аз хушунат бисёртар овоз баланд мекунанд...

Маърифати оиладорӣ суст аст?

Дар бораи гирифторшавии занон ба хушунат коршиносон ва таҳлилгарон як қатор сабабҳоро пеш меоранд.

Гуфта мешавад, ки омода набудан ба зиндагии мустақилона, паст будани маърифати оиладорӣ, ноогоҳӣ аз нозукиҳои муносибати хонаводагӣ, камтаҳаммулӣ аз омилҳои маъмулии гирифторшавӣ ба хушунат аст.

Муяссара Қаҳҳорӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд аст. Номбурда мегӯяд, ки новобаста аз тадбирҳои судманд ҳамоно дар ҷомеа хушунат тадриҷан рӯ ба афзоиш дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар меҳвари авҷи ин зуҳурот коста будани маърифати оиладорӣ қарор мегиранд.

“Якдигарнофаҳмӣ, набудани эҳтиром байни зану шавҳар, дахолати дигар аъзои оила, аз ҷиҳати иқтисодӣ тобеъ будани зан ба шавҳар, бекорӣ ва камбизоатӣ низ сабабҳои асосии пайдоиши зӯроварӣ дар оила мебошад”.

Дар бораи зиёд шудани хушунат таҳлилгарон аз як сабаби дигар низ ном мегиранд. Гуфта мешавад, ки ҳамакнун занон дар қиёс ба гузашта аз хушунат бештар садо баланд мекунанд.

Дилбар Самадова, ҷурналисти шинохтаи Суғд бар он назар аст, ки зани тоҷик нисбат ба солҳои пеш хеле тағйир ёфтааст: ҳам аз лиҳози дониш ва ҳам фаҳмиш.

Ба назари ӯ, акнун занон бештар ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунанд ва дар муқобили хушунат хомӯш намеистанд.

Мушоҳидаҳо низ нишон медиҳанд, ки воқеан саводи ҳуқуқии занон нисбат ба солҳои пеш баланд шудааст ва акнун намояндагони ин қишри ҷомеа аз ҳуқуқҳои худ бештар дифоъ мекунанд. Агар пештар аксарият муроҷиатро аз хушунат айб медонистанд, ин фаҳмиш торафт аз байн меравад. Ҳамакнун аксарият дарк намудаанд, ки сабр дар муқобили хушунат пайомади хуш надорад...

Аз хушунат то ҷудошавии оилаҳо  - як қадам

Давоми шаш моҳи соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 486 оила аз ҳам пош хӯрдаанд. Мувофиқ ба маълумоти оморӣ соли 2019 (12 489)  нисбат ба соли 2018 (11 020) дар кишвар 1 469 оила бештар ҷудо шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хушунат торафт аз омилҳои маъмулии ҷудошавии оилаҳо мешавад.   

Омили асосии зиёд ҷудошавии оилаҳоро бар пояи хушунат Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири бахши занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд дар суст шудани эҳтиром миёни зану шавҳар ва паст будани фарҳанги оиладорӣ медонад.

Ба назари ӯ, маҳз баланд бардоштани маърифати оиладорӣ метавонад ҷиҳати пешгирӣ аз хушунат ва коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳо мусоидат намояд.

Ин ки хушунат дар рӯйхати омилҳои ҷудошавии оилаҳо торафт “маъмулӣ” мешавад, коршиносон низ ба коста шудани суннати оиладории тоҷикон рабт медиҳанд.

Шаҳноза сокини шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ 23 сол дорад. Замоне, ки ӯро ба шавҳар доданд, вай ҳанӯз 18 сол дошт. Зиндагии оилавиаш ҳамагӣ 1 солу се моҳ давом кардаасту халос. Бино ба гуфтаи ӯ, омили асосии пош хӯрдани оилааш маҳз хушунат буд.

“Агар хушдоманам барои ҷиҳози арӯсии “хоксоронаам” ҳамеша маро зери таҳқиру тавҳин қарор медод, шавҳарам бо пайдо намудани камтарин камбудӣ зери мушту лагад мегирифт. Дар хонаи шавҳар ман ҳам хушунати ҷисмонӣ ва ҳам хушунати равониро дучор шудам” – мегӯяд Шаҳноза.

Мисли қаҳрамони мо садҳо нафар ҷавонзанонро метавон пайдо намуд, ки дар давраи зебои зиндагӣ - ҷавонӣ мавриди хушунат қарор гирифта, аллакай аз оила ҷудо шудаанд...

Собиқадори бахши кор бо занони вилояти Суғд Ҳамрохон Атаева мегӯяд, аз хушунат то ҷудошавии оила танҳо як қадам мавҷуд аст. Ба андешаи ӯ, агар хушунат саривақт бартараф нагардад, бо зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла пошхӯрии оила анҷом меёбад.

Ба назар мерасад, ки ҷиҳати пешгирӣ аз ин муаммо аз ҷониби масъулин ва ниҳоди дахлдор иқдом ва кӯшишҳое сурат мегирад, аммо маълумоти оморӣ ва факту арқом нишон медиҳад, ки хушунат ҳамоно рӯ ба афзоиш дорад...

Хушунат: Марги 137 нафар занон дар ҷаҳон давоми рӯз

13 декабри соли 2020 тахминан соати 19:00 дар чуқурии назди идораи шабакаи барқии шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод, ҷасади ҷавонзани 24 соларо бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти ин ниҳод, ҳамчун гумонбар шавҳари ҷавонзан дастгир шудааст.

Хабар дода шуд, ки мард ҳамсарашро ба чуқурӣ тела дода, баъди афтидан ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

Марги занон дар натиҷаи хушунат барои ҷомеаи мо ҳодисаи нав нест. Ба ин монанд воқеаҳо дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ зиёд мавод нашр мешавад.

Аз ин ҳодиса пештар ҳолати дигари сӯиқасди куштори бераҳмонаи зан аз ҷониби шавҳар ба қайд гирифта шуд. Маркази матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ дод, ки дар шаҳри Конибодом мард бо корд 2 маротиба ба гардани ҳамсараш задааст.

Ин ду ҳодиса, ки дар натиҷаи хушунат бо марги занон анҷом пазируфт, давоми моҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи гарм буд ва мавҷи вокунишҳоро ба бор овард.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳодисаро зери интиқод гирифта, аз он нигаронӣ намуданд, ки то ҳол иддае аз сокинони мо фарҳанги муносибат бо занро бархурдор нестанд.

Коршинос Ҳамрохон Атаева мегӯяд, ки ҷиноят, аз ҷумла куштор ва ба худкушӣ оварда расонидан аз пайомадҳои нохуши хушунат маҳсуб меёбад. Ба андешаи ҳамсӯҳбати мо, бо пайдо шудани нахустин нишонаҳои хушунат бояд роҳҳои ҳалли вазъият ҷустуҷӯ шавад, вагарна ин ҳолат метавонад бо ҷиноятҳои гуногун хотима ёбад.

Созмони Миллали Муттаҳид зимни як таҳқиқоти виҷа муайян намуд, ки ҳамарӯза 137 нафар занон дар ҷаҳон аз ҷониби аъзои оилаи худ кушта мешаванд.

Бино ба таҳқиқи ин ниҳод, дар Тоҷикистон 50%-и занон бо хушунат мувоҷеҳ мешаванд.

Суннати оиладории тоҷикон суст шудааст?!

“Мардуми мо духтари 18 соларо келин мекунанд, аммо аз ӯ рафтору кирдору гуфтори зани 30-40 соларо интизор ҳастанд” - мегӯяд Мукаррама Неъматова, масъули маркази “Ваҳдати оила”. Ба андешаи ӯ, духтари 18 сола ҳеҷ гоҳ наметавонад фаҳмишу идроки хушдомани 40-45 соларо дошта бошад. Номбурда мегӯяд, ки келинро бояд тарбия кард, барои камбудӣ ва иштибоҳоташ на сарзаниш ва ҷазо, балки насиҳат кардан лозим.

“Мушкилоти асосии ҷомеаи мо ҳамин аст, ки бархе дар симои келин ғулом ва ё хизматгорро мебинанд.  Садои кафкӯбӣ аз ду даст аст. Ягон духтар барои хушдомани хуб келини бад намешавад” –мегӯяд Мукаррама Неъматова.

Хушунат зуҳуроти нав нест. Замони пеш низ занон мавриди хушунат қарор мегирифтанд. Аммо солҳои пеш аз мушкилоти оила даҳон кушодан айб дониста мешуд.

“Пештар занону бонувон гапи хонаро ба кӯча намебароварданд, ин кирдорро барои худ ор медонистанд. Имрӯз, ки акнун аксарият дарк намуданд, ки хомӯш истодан дар муқобили хушунат на ҳама вақт пайомади хуб дорад, шумораи муроҷиатҳо низ афзоиш ёфта истодааст”.  

Дар бораи он ки гӯё зани тоҷик камтаҳаммул шудааст ва дар қиёс ба солҳои пеш дурбин нест, иддао зиёд аст. Аммо коршиносон мегӯянд, ки таҳаммул низ дар баробари хушунат роҳи наҷот набуда, оқибатҳои нек надорад ва ин зуҳурот бояд саривақт пешгирӣ шавад. Ин гурӯҳ дар ин замина шумораи парвандаҳои ҷиноятиро, ки дар натиҷаи сабру таҳаммул дар муқобили хушунат чандин нафар занон аз ҳаёт маҳрум шуда, даҳҳо нафар ба бемориҳои вазнин гирифтор шудаанд, далели муҳим медонанд.

Ҳама гуна хушунат ҷиноят аст!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломия дар бораи ҳуқуқи башар ва Конвенсия оид ба пешгирии ҳамагуна шаклҳои табъиз нисбат ба занонро эътироф намудааст, ки ҷиҳати беҳдошти вазъи занон дар ҷомеа равона гардидааст.

Ҳуқуқшинос Назира Раҳимзода мегӯяд, ки мувофиқи қонун ҳама гуна зӯроварӣ манъ аст. Бино ба маълумоти номбурда, ҳуқуқҳои занони ҷабрдидаи зӯроварӣ бо кодексҳои маъмурӣ, ҷиноятӣ, кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси манзил, Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳимоя карда мешавад.    

Бино ба гуфтаи ҳуқуқшинос, яке аз афзалиятҳои қонуни мазкур дар он аст, ки махфиятро кафолат медиҳад.

Барои решакан намудани хушунат аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдор, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва нерӯҳои сиёсии кишвар ташаббусҳое амалӣ мегардад, ки дар ин замина вохӯриву мулоқот, семинар, конронсу ҳамоиш,  аксияву  мизҳои мудаввар аз зумраи чунин иқдом ба шумор меравад.

Масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ мегӯянд, ки мубориза бо хушунат дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор дорад.

Азиза Мирзохӯҷаева, сармутахассиси шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд гуфт, ки пешгирӣ аз хушунат аз ҳадафҳои муҳими барномавии ҲХДТ маҳсуб ёфта, аз ҷониби масъулини шуъбаҳои кор бо занони  кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят  корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ мунӣтазам ба роҳ монда мешавад.

Назари дин

Агар ба таърихи пеш аз ислом назар афканем, маълум мешавад, ки занон зери зулму ситаму шиканҷа қарор доштанд. Агар аз як ҷониб, занон аз мерос маҳрум буданд, аз тарафи дигар, онҳоро дар бозорҳо чун мол иваз мекарданд ва ҳатто агар дар оила духтар ба дунё меомад, ӯро зинда ба зинда ба гӯр мекарданд.

Бо зуҳури ислом ба он ҳама беадолатиҳо хотима гузошта шуд.

Хоҷамир Хоҷамиров, муовини раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд мегӯяд, ки дини Ислом мақому манзалат ва ҳуқуқҳои занонро чунон баланд муайян намудааст, ки назираш дар дигар дини ҷаҳон нест.

“Худованд дар Қуръон сурае бо номи «Нисо» (занҳо) нозил кардааст, ки дар он ҳаққу ҳуқуқи бонувон барои башарият баён ёфтааст. Хушунат нисбат ба зан барои ҷомеаи мо, ки аксарият мусулмон ҳастем, ҳам айб ҳасту ҳам шарм” - мегӯяд Хоҷамир Хоҷамиров.

Пешниҳод

Ҷиҳати пешгирӣ аз хушунат ва пайомадҳои ин зуҳурот аз ҷониби коршиносон, таҳлигарон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ чанд пешниҳод ироа шуд:

  1. Дар самти баланд бардоштани тарбияи фарзандон дар оила корбарӣ шавад. Моҳияти Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба таври зарурӣ фаҳмонида шуда, оқибати беаҳамиятӣ дар тарбияи фарзандон  ба волидон мавриди тавзеҳ қарор дода шавад.
  2. Синни никоҳ боло бурда шавад, то ҷавонон ба зиндагии мустақилона пурра омода шаванд.
  3. Корҳои идеологӣ дар маҳалла ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа вусъат дода шавад.
  4. Барои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ бо мулоқоту мизи мудаввар иқтифо накарда, роҳҳои муосири корҳои тарғиботӣ истифода шавад. Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо сатҳи дучоршавӣ ба хушунат паст аст, бо назардошти арзишҳои миллӣ мавриди татбиқ қарор гирад.
  5. Омӯзиши фанни “Маърифати оиладорӣ” дар барномаи мактаб ва донишгоҳҳо такмил ва таҷдид шавад .
  6. Дар самти  баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва динии ҷавонон иқдоми зарурӣ роҳандозӣ гардида, ҷиноят ва гуноҳ будани хушунат фаҳмонида шавад.
  7. Зимни корбарӣ дар самти мубориза бо хушунат аз хусусияти мавсимӣ даст кашида,  барои пешгирӣ аз хатарҳои ин зуҳурот давоми сол пайваста корбарӣ шавад.

 

P. S.    Мавзӯи мазкур фарох аст ва дар қолаби як  мақола наметавон омил ва пайомадҳои ин зуҳуротро ба таври зарурӣ баррасӣ намуд. Гузашта аз ин, хушунат намуди зиёд дорад ва танҳо ба намояндагони қишри зан марбут нест, ки мо ин ҷо ба риштаи таҳлил кашидем. Паҳлӯҳои дигари ин мавзӯъро минбаъд низ пайгирӣ ва мавриди таҳлил қарор медиҳем. 

 

Мафтуна ИСМОИЛОВА

рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh