ТАШВИҚОТУ ТАРҒИБОТ - РОҲИ ПЕШГИРӢ АЗ COVID-19

Масъалаи сироятёбӣ ва пешгирӣ аз сирояти нави COVID – 19 ҷаҳониёнро то ҳол ором гузошта наметавонад. Дар ин замина дар ҷаҳон садҳо муассисаҳои табобатӣ ва ташхисгоҳҳои муосир бунёд гардидаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ лоиҳаи сохтмони беморхонаҳои нави сироятӣ ба нақша гирифта шудааст. Алҳол дар вилоят се Беморхонаи сироятӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Истаравшан мавҷуд буда, дар дигар шаҳру навоҳӣ шуъбаҳои сироятӣ амал мекунанд. Боиси таъкид аст, ки саҳми кормандони соҳаи тиб дар самти пешгирӣ ва табобати беморон аз COVID-19 назаррас мебошад.

- Имрӯз ба аҳолии вилоят дар самти пешгирӣ ва роҳҳои сироятёбии вируси нави коронавирус нақши Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим калон аст. Кормандони марказ аз рӯзи аввалини пайдо шудани нишонаҳои сироятёбӣ дар ҷойҳои сераҳолӣ, алалхусус, дар бозору мағоза, муассисаҳои таълимиву донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бобати пешгирии бемории сироятии корнавирус ва роҳҳои сироятёбӣ корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондаанд, - гуфт муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев.

Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар маҳалҳо якҷоя бо Раёсати маориф, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, фарҳанг, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҳифзи муҳити зист, уламои дин ҳамкорӣ намуда, оид ба пешгирии сироятёбӣ ба вируси нави коронавирусро байни аҳолӣ, хусусан ноболиғон, муҳассилини донишкадаҳо, муассисаҳои таҳсилоти мактабиву томактабӣ, сокинони маҳаллаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоти гуногун корбариро ҷоннок кардаанд.

- Баҳри пешгирии сироятёбии сокинон аз бемории коронавирус аз тарафи муассисаҳои табобатии вилоят пайваста дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, яъне кӯчаву хиёбонҳо, бозору мағозаҳои хӯрокворӣ, дохили нақлиёти мусофиркашонӣ, истгоҳҳо, боғу гулгаштҳои Камоли Хуҷандӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Наврӯзгоҳ, тарабхонаву ошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ташкилоту корхонаҳо постерҳои пешгирикунанда насб шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд, - иброз дошт корманди марказ Гулчеҳра Бобоҷонова.

Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, ҳангоми сӯҳбат бо дигар шахсон риоя намудани фосила на кам аз 1,5 метр, ҳатман пушидани ниқоб, аз ду - се нафар зиёд ҷамъ наомадан, худмуолиҷа накардан, сари вақт муроҷиат намудан, ба табибони оилавӣ суҳбату мулоқот ба аҳолӣ гузаронида, маводи иттилоотӣ ва ниқобҳои бисёркарата тақсим шуд. марказ усули гардиши хона ба хонаро низ ба роҳ монд. Боиси қайд аст, ки Марказ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 20 нафар худихтиёрро аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят барои гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ барои пешгирии бемории коронавирус омӯзонидаанд. Иттилоъ дода шуд, ки аз оғози паҳншавии бемории коронавирус кормандони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, марказҳои саломатӣ якҷоя бо намояндагони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо корҳои ташвиқотӣ - тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ба роҳ мондаанд.

 Аз ҷониби марказ ба аҳолии вилоят маводи иттилоотӣ, фиттаҳо оид ба пешгирии бемории сироятиву ғайрисироятӣ ва 6000 ниқоби истифодаашон яккарата тақсим шуданд. Боиси таассуф аст, ки рӯзҳои охир риояи масофаи байниҳамдигарӣ ва истифода аз маҳлулҳои антисептикиву ниқобҳои муҳифизатӣ байни аҳолӣ кам ба назар мерасад.

Сокинон бар он ақидаанд, ки шумораи гирифторшавӣ ба вирус кам шудаасту зарурати истифода аз ниқобҳои муҳофизатӣ намондааст. Бархе аз донишҷӯёну хонандагони мактабҳои таҳсилотӣ ва дигар нафароне, ки ҳамарӯза байни аҳолӣ ҳастанд, алалхусус дар дохили нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ бе истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ мегарданд. Ин амали онҳо боиси нигаронии атрофиён аст. Дар ин бобат Маъруф Ҳоҷибоев гуфт, ки ҳарчанд нисбат ба моҳҳои пешин сироятёбӣ аз коронавирус кам ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале набояд дар мавриди риояи қоидаҳои муҳофизатӣ сарфи назар кард.

- Пӯшидани ниқоб, алалхусус онҳое, ки бемории роҳи нафас доранд, барои сироят нагардонидани атрофиён ҳатмӣ аст. Нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ барои гигиенаи шахсӣ мувофиқи мақсад мебошад. Ҳарчанд шумораи сироятёфтагон як андоза кам шуда бошад ҳам, набояд дар ҷойҳои сераҳолӣ, нақлиёти мусофиркашонӣ ва дохили мағозаву дигар муассисаҳо бе ниқоби муҳофизатӣ ворид шаванд, - гуфт Маъруф Ҳоҷибоев.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh