ҲАДАФ: ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН

Дар бинои бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷлиси ҷамъбастии солона бо иштироки аъзои бахш доир гардид. Инчунин, намояндагони ҳамаи бахшҳои шаҳру навоҳии вилоят низ тариқи онлайн дар ин ҷаласа ширкат доштанд. Ҷаласаро узви раёсати бахш Саидумрон Саидов ифтитоҳ намуда, бо рӯзномаи маҷлис иштирокдоронро шинос намуд.

Сипас Қ. Мирзоева - Раиси бахши ҶҲАТ дар вилоят суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти бахш дар давоми соли сипаригардида маълумот дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки дар давоми пандемияи коронавирус фаъолияти бахш ҷонноктар гардида, ҷиҳати огоҳонидани мардум аз пешгирии ин беморӣ кормандон саҳми бориз гузоштанд.

Дар идомаи ҷаласа котиби иҷроияи бахш Парвиз Ҷабборзода маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилоят ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID - 19 аз рӯзҳои нахустин чораву тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешид. Дар ин рӯзҳо аз ҷониби волонтёрон бо нақлиёти хизматии БДА ба ҳар як маҳаллаву ҷамоат, кӯчаву хиёбонҳо, бозору ҷойҳои серодами шаҳру ноҳияҳои вилоят рафта, бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус корҳои ташвиқотиву тарғиботиро ба роҳ монданд. Ҳамчунин, тавассути баландгӯяки нақлиёти БДА ба шаҳрвандон муроҷиатномаи ҶҲАТ оид ба риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, бе зарурат набаромадан аз хона, риояи масофа ҳангоми суҳбат бо дигарон, ба кӯча ҳатман бо ниқоби тиббӣ баромадан, дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳо ва ё аломатҳои беморӣ зуд ба табибони оилавӣ ва ё ҳамшираҳои тибби оилавии маркази саломатии ҷои зист муроҷиат намудан маълумоти муҳиму саривақтӣ расонида шуд.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти мазкур бо ҳамкори доимии худ – Салиби Сурхи Олмон бо ҳадафи дастгирии оилаҳои ниёзманд, ашхоси яккаву танҳо, маъюбону бепарасторон ва беморон дар чунин рӯзҳои ҳассос, яъне паҳншавии бемории сироятии коронавирус – COVID-19 дар намуди маводи хӯрока ва гигиенӣ кӯмаки башардӯстона расонида шуд.

Ҷиҳати тақсимоти маводи зикршуда ба таври ошкоро, шаффоф ва мақсаднок бо фармоиши махсус аз ҳисоби кормандони Бахши ҶҲАТ дар вилоят комиссияи босалоҳият таъсис дода шуда, дар рӯзҳои тақсимот аъзои комиссия бевосита иштирок ва рафти тақсимотро назорат намуданд. Ҳамзамон, бо дастгирии молиявии Ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи тиббии аввалиндараҷа дар намуди ниқобҳо, респираторҳо ва либосҳои муҳофизатии тиббӣ ба муассисаҳои тиббии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим карда шуд.

Кӯмаки башардӯстона ба Беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ба монанди маҳлули безараргардонӣ, дастпӯшаки тиббӣ, собунҳои моеъ ва ҷомашӯӣ, хокаи либосшӯӣ, коғази ташноб ва хлорамини 65 фоиза дастрас гардиданд.

Дар охири ҷаласаи ҳисоботӣ ба кормандон ва ҳайати аъзои башхи мазкур дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо вазифагузорӣ шуда, ҳозиринро барои дар сатҳи баланд хизмат намудан ба ашхоси ниёзманд ва маъюбон даъват намуданд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh