КОРБАРИИ ҲАДАФНОК ВА САМАРАБАХШ

Бо мақсади таҳкими истиқлолияти кишвар, таъмини амнияту манфиатҳои миллӣ, ҳифзи суботу оромӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми апрели соли 2018, таҳти рақами 1042 “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” қабул шуд.

Мақсади Консепсияи мазкур таҳкими робитаҳои созандаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, татбиқи кафолатҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон, таъмини баробарӣ ва таҳаммулпазирии динию мазҳабӣ, пешгирии паҳншавии ғояву ақидаҳои ҳаракату равияҳои тундрав дар муҳити динӣ ва ба вуҷуд овардани фазои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Дар ин раванд бо дастуру супоришҳои Раиси вилоят якҷоя бо масъулони дахлдор баҳри корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бобати пешгирии қатъии ҳолатҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ байни ноболиғон дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Меҳрафкан Мирзоҳофизиён, мутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и вилояти Суғд иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои супориши мазкур дар соли 2020-ум масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намудаанд.

Вале, мутаассифона, новобаста аз гузаронидани мулоқоту вохурӣ бо сокинон аз ҷониби масъулини дахлдор 46 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динии ҷавонону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳо давоми соли 2020-ум аз ҷониби сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо масъулини соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ошкор шуданд.

Дар ин тадрисҳои илми динӣ бе иҷозат 38 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ ҷалб шудаанд, ки нисбат ба волидайни онҳо чораҳои профилактикӣ ва маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳо ҷаримабандӣ шуданд. Дар асоси талаботи моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риоя накардани тадриси илми динӣ бе иҷозат нисбат ба шахсони ба ҳуқуқвайронкунӣ дастзада парвандаҳои маъмурӣ аз ҷониби масъулини дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тартиб ва баррасӣ шуда, онҳо ба маблағи 18,676 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Ҳуқуқвайронкунандагон ҷаримаҳои таъиншударо мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ пардохт намуданд.

Корбарӣ ҷиҳати пешгирии қатъии ҳолатҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ, даст ба худкушӣ задани ҷавонону ноболиғон ва ҷиноятсодиркунии занону духтарон дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуда, чунин ҳолатҳо пешгирӣ карда мешаванд, иброз дошт Меҳрафкан Мирзоҳофизиён.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh