МАСОИЛИ МУБРАМ БАРРАСӢ ШУД

Аз санаи 2 – юми январи соли 2021 дар шаҳру навоҳии вилоят вохӯрии сокинон бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст. Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ фаҳмонидани моҳияти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфакорона истифода намудани неруи барқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар масъалаҳо мебошад.

Дар Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд №13 Гулбаҳор Назирӣ доир гардид.

- Бо сабаби сардиҳои шадиди оғози фасли зимистон ва тӯлонӣ пешбинӣ шудани сардиҳои имсола хавфи нарасидани захираи об то охири зимистон дар обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» пеш омадааст. Ҳоло сатҳи обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чор метр паст аст, - гуфт Гулбаҳор Назирӣ.

Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки дар Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд ва як силсила неругоҳҳои мавҷуда таҷдиду навсозӣ шуданд. Вале захираи об дар кишвари мо то ҳанӯз фақат ҳамин обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» мебошад. Дар баробари ин талабот ба барқ дар мамлакат сол то сол меафзояд.

Дар мулоқоту вохӯриҳои доиргардида Гулбаҳор Назирӣ доир ба дастоварди даврони истиқлол ҳарф зада, зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар баробари Ваҳдати миллӣ, Ватан, ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ бояд мояи ифтихор ва нангу номуси миллии ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон гардад.

Чунин мулоқот дар Кохи «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд низ баргузор шуд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода, Раъно Бобоҷониён ва Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади худ роҷеъ ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, мубориза алайҳи ифротгароӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки мақсади ҳамагон расидан ба ҳадафҳои олии роҳбарияти давлату ҳукумат, ки асоси он зиндагии шоистаи мардумро ифода менамояд, мебошад.

Ҳамзамон дар Кохи фарҳанги “Истиқлол”- и шаҳри Гулистон низ мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон баргузор гардид. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №18 «Мастчоҳ» Ғайрат Азиззода доир ба фаъолияти вакилии худ дар давоми соли 2020 иттилоъ дод. Мавсуф аз дастоварди муҳими Истиқлолияти давлатӣ ҳарф зад ва мазмуну моҳияти соҳибистиқлолиро ба ҳозирин шарҳ дод. Инчунин, Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик»-ро доир ба самаранок истифода бурдани неруи барқ ба иштирокчиён расонид.

- Сарфаи ҳар як киловат неруи барқ ба манфиати худи мардуми Тоҷикистон аст. Фарҳанги истифодабарии неруи барқро бояд ба мардум фаҳмонид, зеро он ҳама ба манфиати иқтисодиашон мебошад, - гуфт ӯ.

Ҳамзамон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода роҷеъ ба самтҳои фаъолияти парлумони мамлакат, дастовардҳои даврони истиқлол, эҷоди қонунҳои нав, ҳадафҳои стратегии давлат, дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои рӯзмарраи кишвар ҳарф заданд.

Дар мулоқот бо вакилон аз ҷониби иштирокдорон дархосту пешниҳод ва саволҳо дар бобати самтҳои фаъолияти вакилон, масъалаҳои доғи рӯз, алалхусус, пешгирӣ аз терроризму экстремизм ва омодагиҳо ба пешвози ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

 Сармутахассиси бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд Набӣ Ҷӯразода аз иштирок дар мулоқот рӯҳбаланд гардида гуфт, ки мулоқоти баргузоршуда натиҷагирии дастоварду комёбиҳои назаррас мебошад.

- Аз мулоқоти доиршуда қаноатбахш гардидам, зеро дар он маълумоти муҳиму муфид бароямон гуфта шуд. Боиси қайд аст, ки вакилон Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик»- ро ба мо расониданд, ки он дар бобати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар фасли сармо буд. Муроҷиатнома барои мардуми вилоят саривақтӣ ва муфид аст, зеро сарфакорона истифода кардани неруи барқ ба иқтисодиёти сокинон таъсири мусбат хоҳад гузошт, - гуфт Ҷӯразода Набӣ.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh