ҲАДАФ: ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИС БА САФИ АРТИШ

Дар самти омода намудани мутахассис ба сафи Артиши миллӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ва далеру шуҷоъ саҳми Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо басо назаррас аст. Алҳол ин ташкилот дар тобеияти худ се мактаби муттаҳидаи техникӣ, як мактаби ронандагӣ, як клуби минтақавии ҳавопаймоӣ, панҷ кумитаи шаҳрӣ, даҳ кумитаи ноҳиявӣ ва ду ташкилоти ибтидоии ҳуқуқи кумитадоштаро муттаҳид намуда, дорои 41269 нафар аъзо мебошад.

Бино ба маълумоти ташкилоти мазкур, аз оғози соли 2020 бо мақсади тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастии ҷавонон, алалхусус, байни ҷавонони синни даъватӣ ва тодаъватӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар “Нақшаи моҳонаи корҳои ташкилӣ-оммавӣ ва таблиғотии ҳарбӣ-ватанпарастӣ» тасдиқ гардид ва дар доираи он моҳи феврал бо ҳамкории Комиссариати ҳарбӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят байни сарбозону хизматчиёни сохторҳои қудратӣ спартакиадаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» баргузор шуд.

Давоми соли 2020 бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар созмонҳои мудофиавии ТҶММ-и шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, аз ҷумла тирпарронӣ, ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷобаҷокунии автомат, норинҷакпартоӣ, турниккашӣ, давидан, велосипедронӣ, гузаштан аз монеаҳоро баргузор намуда, инчунин баҳри аз наздик шинос намудани ҷавонони синни даъватӣ ва тодаъватӣ бо шарту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳамкорӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ «Рӯзҳои дари кушод» дар қисмҳои ҳарбии №№01972, 14356б, 051056, 3501, 05170, 0202, 04533, 0216 ва 07746 ташкил ва баргузор намудаанд.

Давоми соли гузашта кумитаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳуқуқи кумитадоштаи ТҶММ - и вилоят баҳри беҳтар намудани фаъолият ва дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисон ва кадрҳои техникии ниёзи хоҷагии халқ чораҳои зарурӣ андешида, аз рӯи нақша - вазифаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 423 нафар мутахассис тайёр намудаанд. Ҳамзамон, баҳри мусоидат намудан барои иҷрои даъвати баҳориву тирамоҳӣ барои хизмати ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иловатан 1150 нафар ҷавонони синни даъватиро ҳамчун мутахассис омода намуда, барои сафарбар намудан ба хизмати Ватан-Модар ба комиссариатҳои ҳарбӣ пешниҳод карданд.

Тибқи иттилои масъулин, дар тобеияти ин ташкилот се Мактаби муттаҳидаи техникӣ мавҷуд аст, ки яке аз онҳо дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, ҳамасола барои омода намудани мутахассис барои сафҳои артиш фаъолият менамояд. Мактаби мазкур ронандагон ва алоқачиёни касбиро, ки барои Қувваҳои Мусаллаҳ лозиманд, тайёр мекунад. Базаи техникии мактаб мукаммал буда, дорои машқгоҳҳои автомобилии “Автодром”, обии “Вододром”, утоқҳои кории “ЛПЗ - ТО”, синфхонаи радиотехникӣ ва бунгоҳи тиббӣ буда, барои босифат гузаронидани дарсҳо мусоидат менамоянд. Мақсади ягонаи ин мактаб омода намудани ҷавонони синни даъватӣ ба сафи артиш мебошад. Ҷавононро дар риштаи ронандаи дараҷаҳои “С”, “В” ва алоқачӣ омода менамояд.

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилоят ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо кӯшиш менамоянд, то аз ҳисоби ҷавонони чусту чолок ва қавиирода мутахассисони хуб омода намуда, ба сафи Артиш равона намоянд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh