Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедов рафта, эшонро аёдат намуд.

Зимни суҳбати самимӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои шоёни Баҳриддин Ахмедов ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мавсуф  баробари таъсисёбии вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) моҳи декабри соли 1970 ба узвияти кумитаи ташкилии вилоят пешбарӣ гардида, ӯро 14 феврали соли 1971 дар Иҷлосияи  якуми Шўрои депутатҳои меҳнаткашони  вилояти Ленинобод котиби комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят  интихоб карданд ва дар ҳамин вазифа то ба нафақа баромадан, яъне соли 1993 фаъолият бурд.

Баҳриддин Ахмедов дар муддати тўлоние, ки дар комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят фаъолият бурданашон барои таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, рушду нумўи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, сохтмон, маориф, тандурустӣ ва дигар ҷабҳаҳои  хоҷагии халқи вилоят саҳми  арзанда гузошт. Маҳз бо заҳмату кўшишҳои Баҳриддин Ахмедов дар ҳайси котиби комиҷроияи Шўрои депутатҳои  вилоят корҳои омодагию ташкилии Иҷлосияи 16-уми Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои он дар сатҳи баланд гузашт.

Зикр гардид, ки Баҳриддин Ахмедов барои хизматҳои шоён бо 2 ордени “Нишони фахрӣ”, 3 медал, Грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олӣ ва Комитети марказии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, унвони фахрии “Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, бахшида ба 60-солагии ташкили вилояти Ленинобод бо ордени “Дўстӣ” сарфароз гардидааст.

Сипас, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедов миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхориашон ба ашхоси бознишаста расонида, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бештар донишу касб омӯхта, баҳри ободии диёри  хеш саъю талош варзанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh