КОРТҲОИ НАҚЛИЁТӢ ВА МАНФИАТИ ШАҲРВАНДОН

Таи солҳои соҳибистиқлолии кишвар инфрасохтори иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла нақлиёт яке аз заминаҳои асосӣ ва муайянкунандаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад.

Бинобар ин, аз марҳалаи оғози истиқлолият роҳбарият ва Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз омилҳои асосии муҳими рушд ва Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуданд.

Ҷиҳати огаҳии бештар пайдо намудан оид ба фаъолияти кунунии соҳаи нақлиёт, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мардум ва ҳамзамон аз рафти татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» бо муовини роҳбари лоиҳаи мазкур Абдумаҷид Бобоҷонов ҳамсуҳбат гардидем.

- Дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ чӣ корҳо ба иҷро расонида шуд? Мехостем, ба муштариёни рӯзнома аз рафти роҳандозии лоиҳа муфассал маълумот дода бошед.

- Бо мақсади беҳтар гардонидани хизматрасонии мусофиркашонии ҷамъиятии давлатӣ, таъмини бехатарии ҳаракат, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҳифзи муҳити зист таи солҳои охир басо чораҷӯиҳои зиёд амалӣ. Аз ҷумла, соли 2015 лоиҳаи сармоягузории давлатии «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» оғоз гардида, алҳол он марҳала ба марҳала иҷро мегардад. Ҳангоми тарҳрезии лоиҳаи мазкур чунин қисматҳои кор, аз ҷумла хариди 100 автобуси нав, азнавсозии Депо, хариди таҷҳизоти техникӣ барои Депо, хариди таҷҳизоти автоматикии пардохти роҳкиро, таҷҳизоти компютерии назорати кори автобусҳо, кӯмаки техникӣ барои хизматрасонии мушовирони лоиҳа ба нақша гирифта шуда буд.

Ҳамагӣ арзиши лоиҳа ба 26 миллион доллари ИМА баробар буда, то охири соли сипарӣ азхудкунии маблағҳои лоиҳа 15,5 миллион доллари ИМА, аз ҷумла барои хариди автобусҳо 15,1 миллион доллари ИМА ва хизматрасонии мушовирони лоиҳа 382,5 ҳазор доллари ИМА амалӣ гаштааст. –

Мегуфтед, ки минбаъд бобати азхудкунии маблағи боқимондаи лоиҳа чӣ корҳо ба нақша гирифта шудааст, яъне татбиқи пурраи лоиҳа кай ба итмом мерасад?

- Боиси қайд аст, ки алҳол дар суратҳисоби лоиҳа 11,4 миллион доллари ИМА маблағҳои азхуднашуда боқӣ мондааст. Барои зудтар аз худ намудани 6,3 миллион доллари ИМА - маблағҳои захиравии лоиҳа дар солҳои 2018 -2019 корхона якчанд маротиба ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоӣ муроҷиат намудааст. Лекин Бонки Аврупоӣ истифодаи ин маблағҳоро танҳо пас аз татбиқ гардидани дигар қисмҳои лоиҳа имконпазир донист. Аз ин лиҳоз ин маблағҳои захиравии лоиҳа дар амал қарор надоранд.

- Тибқи лоиҳа ҷорӣ кардани системаи автоматикунонии пардохти роҳкиро ва назорати кори автобусҳо ба нақша гирифта шуда буд. Имрӯзҳо мебинем, ки дар нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ ин тарзи пардохт татбиқ ёфтааст. То кадом андоза ин тарзи хизматрасонӣ муфид мебошад?

- Дуруст қайд намудед, тибқи Созишномаи қарзӣ арзиши хариди таҷҳизот барои автоматикунонии пардохти роҳкиро 385 ҳазор сомонӣ ва системаи назорати кори автобусҳо 175 ҳазор сомонӣ дар маҷмӯъ барои ин ду қисмати лоиҳа 560 ҳазор доллари ИМА-ро сарф шудааст. Моҳи марти соли 2020 пас баргузории озмуни кушод пудратчии лоиҳа – ширкати ҶДММ «Авесто гурӯҳ» маълум гардид, ки иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда пурра маблағгузорӣ шуд.

Тибқи қарордод муҳлати иҷрои он санаи 17 – уми август муайян шуда буд, вале ба миён омадани вазъи эпидемологӣ ва паҳншавии бемории сироятӣ дар ҷаҳон ва маҳдудияти равобити байнидавлатҳо воридоти қисми таҷҳизот ба таъхир гузошта шуд. Аз ин лиҳоз муҳлати иҷрои қарордод дар мувофиқа бо Бонки Аврупоӣ то моҳи декабри соли 2020 тамдид шуд. Бобати бо кортҳои нақлиётӣ ба роҳ мондани пардохти роҳкиро моҳи октябри соли гузашта 35 ҳазор корт ба коргоҳ ворид гардида, пас аз фаъолгардонӣ ва ташкили нуқтаҳои фурӯши он система барои истифода омода гашт.

Ин буд, ки аз санаи 10 – уми ноябри соли 2020 расман ба истифодадиҳии ин система оғоз гардид. Ҷоизи қайд аст, ки ин тарзи пардохти тариқи кортҳои нақлиётӣ аз ҳар ҷиҳат боманфиат буда, баҳри боз ҳам рушди хизматрасонии соҳаи нақлиёт, ки тақозои замон аст мусоидат менамояд. Албатта, ҳар кор дар оғоз душвориҳои хешро дорад, агар дар аввали раванди татбиқи истифодабарию пардохти кортҳо мардум беэътиборӣ зоҳир намоянд, алҳол истифодабарандагони кортҳо рӯз то рӯз тамоюли афзудан дорад. Алҳол беш аз 20 ҳазор корти нақлиётӣ ба фурӯш рафта, даромаднокии коргоҳ низ бамаротиб афзудааст. Масалан агар моҳҳои қаблӣ то 15 ҳазор сомонӣ маблағ ба корхона ворид мешуда бошад, моҳи декабр наздик 45 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардидааст.

- Ҳарчанд аз фаъолгардии ин система чанд моҳ сипарӣ шуда бошад, ҳам дар аксар маврид мардум ҳоло ҳам мушахассан оид ба дастрасӣ ба имтиёзҳо, арзиши роҳкиро ва пардохти он тариқи кортҳо огоҳ нестанд...

- Бале, дуруст қайд намудед, дар ин раванд, яъне ҷиҳати ҳавасмандкунии мардум барои истифодабарии кортҳо алҳол як зумра чораҷӯиҳо амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, бобати дастгирии аҳолӣ дар нархгузории роҳкиро тахфиф эълон гардидааст, яъне агар қаблан арзиш аз дохили шаҳр ва берун аз он аз 1 то 2 сомонӣ пешбинӣ шуда бошад, имрӯзҳо бо корти пластикӣ мусофирон метавонанд, ҳам дар дохили шаҳр ва берун аз он дар тамоми хатсайрҳо бо арзиши фақат 1 сомонӣ сафар намоянд.

Ҳамчунин барои маъюбони гурӯҳҳои мухталиф, кормандони баъзе мақомоти давлатӣ, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, чернобилчиён имтиёзҳову кортҳои нақлиётии ройгон пешбинӣ шудааст, ки дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳояшон - шиноснома, шаҳодатномаи хизматӣ, маълумотнома оид ба саломатӣ ба КДК «Нақлиёти мусофиркашони шаҳр Хуҷанд» давоми се рӯз кортҳоро дастрас хоҳанд кард. Алҳол се намуди кортҳо: корти “Хуш омадед”, “Ройгон” ва “Наврас” амал менамоянд.

- Оид ба ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии истиқлолияти кишвар маълумот медодед?

- Албатта, имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти кишвар қарор дорем ва дар ин раванд роҳбарияти коргоҳ ва масъулини соҳаи нақлиёт бо мақсади адои рисолати худ – саривақт ба манзилҳояшон расонидани мусофирон ва ҳамлу нақли борҳои гуногуни хоҷагии халқ софдилона меҳнат намуда, тасмим гирифтаанд, ки дар самти рушди тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми босазо гузоранд. Имсол пас аз гузаштани озмун- тендер, муайн гаштани пудратчӣ татбиқи қисми дигари лоиҳа, азнавсозии Депо ва харидории автобусҳои иловагии нав дар назар аст.

Боиси зикр аст, ки мо нақлиётчиён ба таври ҳамешагӣ аз дастгирии бевоситаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шахсан Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баҳраманд буда, рисолати касбии худро новобаста аз шароиту вазъияти мухталиф, яъне бурда расонидани мардум ба манзилу мавзеи зарурӣ сарбаландона ба иҷро расонидем. Минбаъд низ ин рисолати хешро идома дода, баҳри рушди соҳа ва хизматрасонии босифату софдилона барои мусофирон мусоидат менамоем.

- Ташаккур барои суҳбат.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

PS: Воқеан дар соҳаи нақлиёти кишвар солҳои охир рушду тараққиёт зиёд ба назар мерасад. Бо назардошти тақозои замон бояд мардум низ дар раванди истифодабариву пардохти саривақтии роҳкиро, муносибату муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ масъулияти бештар эҳсос намоянд. Бо фарҳангу маданияти баланди хоса насли наврас бояд ба зеҳни меҳмонони дохиливу хориҷи кишвар нақши муассир гузорад.

Add comment


Security code
Refresh