БЕЭҲТИЁТӢ БОИСИ СИРОЯТЁБӢ ХОҲАД ШУД!

Чанд моҳ аст, ки ҷаҳон зидди вируси нави COVID – 19 COVID – 19 мубориза бурда истодааст.

Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир бархе аз сокинон риояи қоидаҳои беҳдоштиро сарфи назар мекунанд. Аз ҷумла риояи масофа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифода аз ниқоби муҳофизатӣ ва безараргардонии дастон бо маҳлули антисептикӣ сарфи назар шуда истодааст. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар дохили нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ аз ниқоб истифода намекунанд. Онҳо бар он ақидаанд, ки шумораи гирифторшавӣ ба вирус кам гаштаасту зарурати пӯшидани ниқоб аз байн рафтааст.

Бино ба гуфти муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев, дарвоқеъ, дар вилоят нисбат ба моҳҳои пештара шумораи гирифторшудагон ба вируси нави корона кам гаштааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо дар ин самт саҳлангориро пеша кунем. Новобаста аз он ки вирус кам шудааст ё не, ҳар як нафаре, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор мекунад, бояд масофаро риоя ва аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода барад.

То ба имрӯз аз ҷониби Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бобати бе ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор кардан дастур пешниҳод нашудааст.

 Боиси ташвиш аст, ки имрӯз новобаста аз гузаронидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва иттилоотонии сокинон аз оқибатҳои нохуши гирифторшавӣ ба вируси нави корона дар ин самт беаҳамиятии бархе аз шахсон ба назар мерасад. Масалан, дирӯз ба дохили нақлиёти мусофиркашони микроавтобус чанд нафар мусофирон бе истифода аз ниқоб ворид гардиданд. Дар ин маврид яке аз кормандони Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим ба ронанда муроҷиат кард, то шахсони бениқобро ба дохил роҳ надиҳад. Вале ронанда ба сухани корманди соҳаи тиб аҳамияте надод. Боиси қайд аст, ки кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ҳамарӯза баҳри пешгирии ин беморӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида, варақаҳои иттилоотиро паҳн мекунанд. Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят гузаронида мешаванд. Сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Зафаробод М.Холбекова иттилоъ дод, ки аз рӯзи аввали ҳолати сироятёбии сокинон ба вируси нави корона кормандони марказ барои пешгирӣ ва сироятёбӣ дар ташкилоту идора, корхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббӣ вохӯрию суҳбат ва семинарҳои омӯзишӣ гузаронида истодаанд. - Баробари ин дар гӯшаву канори шаҳр, ҷамоату деҳот ва маҳаллаву хоҷагиҳои деҳқонӣ, қасри фарҳанг, клубу китобхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ, «Дӯкони саломатии сайёр», аксияҳо оид ба роҳҳои сироятёбӣ ва пешгирӣ аз вируси нав ташкил шуда, ба аҳолӣ варақаҳои маслиҳатӣ, маълумот оид ба бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирии он дастрас шуданд, - изҳор намуд ӯ.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки барои боз ҳам ҷоннок кардани фаъолият дар ин самт гаштугузори хонагӣ ҳамҷоя бо ҳамшираҳои тибби оилавӣ гузаронида шуд. Аз ҷониби сироятшинос А.Маъмуров ва эпидемиолог Фурӯзон Раҳмонзода дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии ноҳия бо ҳамшираҳои тибби оилавӣ мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуданд. Боиси қайд аст, ки кормандони марказ дар рӯзҳои вазнини сироятёбӣ аз вируси нави COVID – 19 то ба имрӯз ҳамарӯза бидуни истироҳат фаъолият бурда истодаанд.

- Ҳар нафарро мебояд барои саломатии худ ва атрофиён беаҳамият набошаду ҳамарӯза барои пешгирӣ кардан аз сирояти нави корона ва ҳифзи саломатии худ қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намояд. Аз ҷумла дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, барои тоза кардани дастон бо маҳлулҳои антисептикӣ, ҳамчунин ба риоя кардани масофа эътибор диҳанд, - гуфт М.Холбекова.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh