ОИЛАИ СОЛИМ - АСОСИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

Бунёди оила аз бастани ақди никоҳ оғоз мегардад ва тақдири минбаъдаи он ба дасти ду нафар зан ва марде, ки бо ҳам аҳд баста, оила бунёд намудаанд вогузор мешавад. Пешбурди ҳаёти оилавӣ бошад, вобаста аст ба ақлу заковат ва маърифате, ки ин ду ҷавони оиладор шуда дар бисот доранд. Бунёди маънавии шахс асосан аз оила ибтидо мегирад. Фарзандон дар оила аз муносибатҳои падару модари худ барои худ дарси сабақ мегиранд. Агар дар оила байни зану шавҳар самимият, меҳру муҳаббат, эҳтирому эътиқод, муомилаи хушу рафторҳои оқилона вуҷуд дошта бошад, фарзандон аз хурдӣ дар зеҳни худ чунин хислатҳоро ҷой дода ба воя мерасанд.

Сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд Лолахон Файззода иброз дошт, ки дар ҳаёти шахсии ҳар як инсон воқеа ва амалҳое, ба вуқӯъ мепайвандад, ки ба давлат ва ҷамъият аҳамияти махсус дошта, барои онҳо бақайдгирии давлатӣ ҳатмӣ муқаррар шудааст, ки муҳимтарин онҳо асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба танзим дароварда мешавад.

Тибқи моддаи 3-юми қонуни мазкур «асноди ҳолати шаҳрвандӣ амали шаҳрванд ё ҳодисаест, ки боиси ба вуҷуд омадан ва қатъ гардидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо гардида, ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян менамояд. Ба монанди таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхонӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз кардани насаб, ном ва номи падарист, яъне ин ҳафт намуди амалиёт тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримулкии шаҳрвандон ва манфиати давлат ва ҷамъият, аз ҷумла бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти омории пурра дуруст ва саривақтӣ оид ба ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар мешавад.

Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо воситаи тартиб додани сабти дахлдори асноди ҳолати шаҳрвандие, ки дар асоси он шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад, сурат мегирад. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳамчун асоси муҳими муқаррар намудани ҳуқуқ ва имтиёзҳои шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дар ҳолати ба миён омадани баҳсҳои мухталиф, ҳифзи қонунии манфиатҳои шаҳрвандон таъмин мешавад. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар хонаҳои ақди никоҳ гузаронида мешавад.

Дар асоси аризаи шаҳрвандон, дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад. Дар ҳолати гум шудан ё корношоям шудани шаҳодатнома тариқи такрории ба қайдгирӣ дар асоси аризаи воридгардида аз рӯи китоби сабт дода мешавад. Дар соли 2020-ум дар вилоят 111529 адад сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 63 724 адад сабти таваллуд, 13 932 адад сабти вафот, 18 469 адад сабти ақди никоҳ, 3 577 адад сабти бекор кардани ақди никоҳ, 280 фарзандхонӣ, 4 339 адад сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ, 3 831 сабти таваллуди кӯдаки аз 1 сола боло ва 239 адад сабти вафоти аз муҳлаташ гузашта мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нисбат ба соли 2019-ум 5471 адад кам ба қайд гирифта шуда, сабти таваллуд ба 1033 адад расидааст. Ақди никоҳ бошад 3 135 адад ва бекор кардани ақди никоҳ 697 адад кам ба қайд гирифта шудааст. Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят минбаъд ҳам фаъолияти худро тибқи талаботи қонун ва қарорҳои амалкунанда ба роҳ монда, оид ба амалӣ гардонидани нишондодҳои Сарвари давлат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, баҳри устувору мустаҳкамсозии оила ва ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии онҳо ба манфиати давлат ва ҷамъият баҳри иҷроиши нақшаи кории худ чораҳои мушаххас меандешад, - зикр дошт зимни суҳбат Лолахон Файззода

Бояд бадбиниро аз худ дур созем зеро, ҳиссиёти бадбинӣ монеаи асосии инсон дар талоши ӯ барои хушбахтӣ аст. Вақте, ки ин ҳиссиёт шахсро фаро мегирад, он оромӣ ва ҳаёти осоиштаамонро пурра барҳам мезанад. Ба ғайр аз ин, кас дар ин ҳолат метавонад рафтори ғайриинсоние содир намуда, вазъиятро бештар муташанниҷ месозад. Баъди паҳн гаштани сироятии Ковид-19 дар ҷаҳон тамоми мардумро тарсу ваҳм фаро гирифт, яъне аз ҳаёти наздикону пайвандон дар ташвиш монданд. Вале аз як ҷиҳат ин беморӣ барои тарбияи одамон саҳми беандоза гузошт. Ҳурмату эҳтиром ва дӯстдориву қадр намудани ҳамдигар зиёд шуд.

Таҳлилҳо нишон дод, ки дар соли 2020-ум нисбат ба соли 2019-ум 697 адад ҷудошавии оила кам гардидааст, ки ин тақозои гуфтаҳои болоист.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh