Боздиди Раиси вилоят аз​ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

13 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят аз ҷараёни ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар майдони назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ташкил гардида буд, боздид намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид афзуд, ки ин тадбир дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мусоидат дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ роҳандозӣ гардидааст.

Тавре аснои боздиди Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, аз ҷониби шаҳру навоҳии вилоят ва корхонаҳо дар ярмарка беш аз 150 тонна маҳсулот, аз ҷумла 3 тонна гӯшти гову гӯсфанд, 3 тонна гӯшти мурғ, 40 000 дона тухм, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерва, моҳӣ, орд, намак, шакар, асал, маҳсулоти нониву гӯштӣ ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан аз бозор арзон ба фурӯш гузошта шуда буд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка-фурӯши маҳсулот ва назорати нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда то анҷоми ярмарка супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh