70 ҲАЗОР СОМОНӢ МУЗДИ МАОШ ПАРДОХТ НАШУДААСТ

- Вируси нави COVID – 19 ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон таъсири худро расонд. Дар соли 2020 бо сабаби баста шудани сарҳаду роҳҳо сокинон натавонистанд ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар шаванд. Ин аст, ки қариб 50 фисади муҳоҷирон дар ҳудуди ноҳия фаъолият бурданд. Боиси таъкид аст, аксар нафароне, ки то ин дам дар муҳоҷират буданд, бо саҳми замин таъмин шуда, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бо корҳои саҳроӣ машғул шуданд. Аз ин лиҳоз, нишондиҳандаҳои ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти ноҳия нисбат ба соли 2019 зиёд гардид, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода.

Дар соли 2020 нақшаи андоз 100,1 фоиз иҷро гардид. Нақшаи андоз бе назардошти андози иҷтимоӣ бошад, нисбат ба нақшаи пешбинишуда беш аз 2 миллион сомонӣ кам иҷро шудааст. Сабаби кам иҷро гардидани онро раиси ноҳия таъсири бемории сироятии Ковид – 19 ва кам истеҳсол шудани маҳсулот дар ҳафт корхонаи саноатӣ маънидод кард. Дар нишасти матбуотӣ доир ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки аз 535 иншоот то ба имрӯз 475 иншооти таъиноти гуногун таъмир ва азнавсозӣ гардиданд.

Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии чӯҷапарварии «Суғдиён - Свердловск», фабрикаи маҳсулоти ширии «Нури Сафар», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 дар маҳаллаи навбунёди Ганҷобод, биноҳои маъмурии шуъбаи маориф, маркази адлия, Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, майдони Парчами давлатӣ ва дигар иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Боиси зикр аст, ки имрӯз дар ноҳия аз ҷониби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ қарзи музди меҳнати кормандон ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ пардохт нашудааст. Доир ба ин масъала масъулин иброз доштанд, ки маблағи мазкур қарзҳои солҳои пешин буда, дар ин бобат чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст ва тамоми он кормандоне, ки музди меҳнатро нагирифтаанд, дар давоми соли 2021 хоҳанд гирифт.

Дар рафти нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ бобати фаъолияти сохторҳои мухталиф, аз ҷумла норасоӣ дар соҳаи кишоварзӣ, эҳтиёҷ ба омӯзгорони фанҳои дақиқ, таваллуди кӯдак дар хонаҳои истиқоматӣ, зиёдшавии ҷиноятсодиркунӣ, аз гардиши кишоварзӣ мондани замини кишт, ҳолати кунунии шаҳраки Ганҷобод, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва амсоли ин саволҳо пешниҳод гардиданд. Масъулин ба рӯзноманигорон посухҳои мушаххас доданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh