Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ниёзмандон рафт

17 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ чанде аз шахсони маъюбро аёдат кард.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла сокини деҳаи Зеробод Муллоамин Муродов, сокинони деҳаи Анзоб Фарқият Гиёева ва Алиназар Раҳматовро, ки ҳар се маъюби гуруҳи як мебошанд, аёдат намуд. Зимни аёдат таъкид карда шуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, роҳбарияти вилоят бо дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиронсолону маъюбон, ятимону ниёзмандонро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Ба аёдатшудагон аз тарафи роҳбари вилоят кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh