ФАЪОЛИЯТИ БОСАМАР БАР НАФЪИ ВАТАН

Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон кишвари сероб мебошад, дар шароити имрӯза ва бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда мо бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона ба захираҳои обро васеъ ҷорӣ намоем, таъкид дошта буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии мамлакат ироанамудаи хеш.

Оре, об неъматест, ки бе он ҳастӣ, ҳаёт нест. Он ҷое об ҳаст, ободонӣ, сарсабзӣ, созандагӣ ва зиндагӣ дар нумӯъ мебошад. Ҳангоме як нафар фарди ҳимматбаланде баҳри мардуми зиёд оби тозаи ошомиданӣ меорад, ин амали накӯи ҷавонмардист. Ҳикмати мардуми заковатманду соҳибтамаддуни тоҷик мегӯяд: молу дороии шахси сарватманд ба оби кӯле шабеҳ аст, ки дар ҷое қарор гирифтааст. Аммо дасти сахои саховатманд бошад, абри гавҳаррезро мемонад, ки куҷое борад, он мавзеъро сарсабзу обод менамояд.

Ҳамин гуна амали ҷавонмардонаро дар як гӯшаи шаҳри Хуҷанд сокини маҳаллаи Раззоқ Маъруфҷон Каримов анҷом дода, сазовори дуои пирони барнодил ва ҳазорон шаҳрвандон гардид. Аз зери замин оби хушсифати ошомиданӣ бароварду аз он чаҳор-панҷ сол инҷониб мардум истифода мебаранд ва аз гӯшаву канори шаҳр, ҳатто тамоми шаҳру навоҳии вилоят сокинон омада, барои нӯшидан дар зарфҳо об гирифта мераванд. Аслан бо иқдоми накӯкоронаи ин ҷавонмард бештар аз даҳ сол инҷониб Ширкати истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» таъсис дода шудаву бо истеҳсоли нӯшобаҳои дорои тамғаи махсус ва сифатан баланд маъруфият дорад. Вале ин самти фаъолияти онҳо мавзӯи дигар аст.

Ҳоло ҳадафи мо баён намудани як амали хайри ин ҷавонмард аст, ки аз чуқурии беш аз сад метр оби тозаи ошомиданӣ бароварда, онро дар сари роҳи сокинон равон карда мондааст. Тавре Маъруфҷон иброз дошт, бо мақсади некӯкорӣ ва амали савоб барои мардум чоҳ канданӣ шуданд. Вале бист, сӣ, шаст, навад метр замин кофта шуду об набаромад. Кормандон бо истодагарӣ чоҳро мекофтанд. Оқибат, аз чуқурии 138 метр об баромад. Вале об лой ва рангаш хира буд.

-Маслиҳати пирони рӯзгордидаву солори маҳалларо пурсидам, - мегӯяд Маъруфҷон.

- Онон маслиҳат доданд, ки оби чоҳро ду-се рӯз ба ҷӯй равон карда монем.

- Ва ҳақиқатан, баъди ду-се рӯз об мусаффову шаффоф ва тоза гашт. Аз он аввалҳо мардуми гирду атрофи мавзеи корхона нӯшида, ба хонаҳояшон мекашондагӣ шуданд. Бо мурури замон мардум ба ошомиданӣ будани об эътимод карда, торафт шумораи истифодабарандагон зиёд шуд. Чоҳ дар саҳни коргоҳ кофта шуда буд. Барои он, ки сокинон аз оби тоза бемалол тамоми шабонарӯз истифода намоянд, дар назди даромадгоҳи корхона ду ҷумаки об насб кардем.

- Ин оби соф ошомиданӣ аст,- мегӯяд Маъруфҷон Каримов. - Инро ҳатто таҳлили ҳамаҷонибаи ташхисгоҳҳои шаҳри Москваи Федератсияи Россия собит намудаанд.

- Ҳоло мавсими сармо асту мардум андак кам ба гирифтани об меоянд. Дар фасли баҳору тобистон тамоми шабонарӯз ин ҷо серодам мешавад,- мегӯяд Маъруфҷон.

- Медонем, ки сифати об баланд, бомазза аст ва дар ҳазми зудтари таом мусоидат мекунад. Аммо хосияти шифоӣ доштани онро гуфта наметавонам. Ҳаминаш аниқ аст, ки аз роҳҳои дуру наздик сокинони зиёд ин обро ҷуста меоянд. Рост мегуфт ин ҷавонмарди кушоддасту савобҷӯ. Ҳамин ду-се рӯз қабл марде аз роҳи дурҶамоати деҳоти Чойрухдаррони шаҳри Гулистон ӯро ҷуста омад. Ва гуфт барои изҳори сипосу миннатдорӣ омадааст. Изҳор дошт, ки ҳамсараш чандин сол инҷониб аз бемории обхура- диабети қанд азият мекашид. Истеъмоли муттасили ин оби шифобахш буд, ки натиҷаи ташхиси навбатии таҳлилҳоро дида, табибон гуфтанд, ки дар ҷисми ҳамсараш аз беморӣ нишоне намондааст.

Дар Паёми имсолаи хеш Президенти кишвар дар бобати амалҳои ҷавонмардонаи чунин соҳибкорон, ба мисли Маъруфҷон Каримов сухан ронда, зикр доштанд, ки бо истифода аз фурсат ба соҳибкорону шахсони саховатманд барои фаъолияти софдилона ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ баён менамоям… Оре, ин амалу рафтори нек-таъмин намудани садҳо хонадон бо оби тозаи ошомиданӣ аз як тараф ба беҳ гаштани вазъи саломатии сокинон таъсири ҷиддӣ расонад, аз ҷониби дигар, дар маҷмуъ ба солимии миллат мусоидат хоҳад кард.

Дар ин шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд қабл аз ҳама ба имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем, иброз доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш. - Ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ намуда, дар оянда мо ният дорем, бар нафъи Ватани хеш боз бисёр корҳоро ба анҷом расонем - мегӯяд соҳибкор.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh