Баҳри таъмини волоияти қонун

Дар нишасти матбуотӣ прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Хоҷазода Фурқат Файзалӣ оид ба фаъолияти ин мақомоти муҳими давлатӣ дар соли 2020 гузориш дода, изҳор намуд, ки дар сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ 1558 маротиба санҷиш гузаронида шуда, 25233 қонунвайронкунӣ ошкор гардиданд. Баҳри бартараф сохтани ин қонунвайронкуниҳо ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои поймолгардидаи шаҳрвандон, корхонаҳо ва давлат 4334 амр дода, 2286 пешниҳод бароварда, 2909 эътироз оварда, 891 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, эътироз оварда, 891 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз онҳо 77 адад оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад.

Дар асоси санадҳои эътиноии мазкур инчунин, 219,9 миллион сомонӣ маблағи зарар, аз ҷумла 115,2 миллион сомонӣ ба фоидаи буҷет, 56,7 миллион сомонӣ ба коргарон ба сифати музди меҳнат, 2,1 миллион сомонӣ маблағи нафақа ба нафақахӯрон ва 45,9 миллион сомонӣ ба манфиати корхонаҳо барқарор карда шудааст. Дар давоми соли 2020 ҳамагӣ 1619 адад парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурди муфаттишони мақомоти прокуратура қабул гардида, тафтиши 1016 адади он ба итмом расонида, аз онҳо 959 адад барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо фиристода шудааст. Кормандони мақомоти прокуратураи вилоят анҷоми баррасии 2496 адад парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла, 42 адад оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнин ва 498 адад оид ба ҷиноятҳои вазнин дар судҳои марҳалаи якум ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ иштирок намуда, барои қабули ҳукмҳои қонунан асосноки судӣ ҳамаҷониба мусоидат намудаанд.

Дар ҳамин давра ба 70 адад ҳукми судҳо то ба қувваи қонунӣ даромадан эътирозҳои кассатсионӣ оварда шуда, то охири сол 59 адади он баррасӣ гардида, 58 адад қонеъ гардонида, бо санадҳои коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии Суди вилоят қонунвайронкуниҳои судҳои марҳалаи якум бартараф карда, ҳукмҳои онҳо ба талаботи қонунҳо мутобиқ гардонида шудаанд. Fайр аз ин, ба 43 адад санадҳои судҳои марҳалаҳои якум ва кассатсионӣ ба президиуми Суди вилоят аз тарафи прокурори вилоят 43 эътирози назоратӣ оварда шуда, то охири сол ҳамаи онҳо баррасӣ гардида, 30 ададашон қонеъ гардонида, қонунвайронкуниҳои судҳои поёнӣ бартараф карда шудааст. Аз ҷумла, дар асоси эътирозҳои кассатсионӣ 7 ҳукм ва бо эътирозҳои назоратӣ 12 ҳукму таъиноти судҳои зинаҳои якуму дуюм бекор карда, 19 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ба баррасии нави судӣ фиристода шудаанд. Дар соли ҳисоботӣ кормандони мақомоти прокуратураи вилоят инчунин, ҳангоми баррасии 630 адад парвандҳои граҷданӣ, аз ҷумла 24 адад оид ба барқарор намудан ба ҷойи кор, 82 адад марбут ба кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ ва 3 адад вобаста ба ҷуброни зарари ба ҳаёту саломатӣ расонидашуда дар судҳои шаҳру ноҳияҳо ширкат варзида, баҳри тасвиби санадҳои қонунӣ хулосаҳои асоснок додаанд. Аз тарафи мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ҳамагӣ 3244 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, 722 адад ё 22,3 фоизи онҳо қонеъ гардонида, вобаста ба онҳо 302 санадҳои эътиноӣ (эътироз, амр, пешниҳод) бароварда, 287 (299) адад қарори мақомоти таҳқиқу тафтиш бекор карда, 117 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 58 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар як вақт ҳуқуқу манфиатҳои 554 нафар шахсони воқеӣ ва 96 адад шахсони ҳуқуқӣ барқарор карда шудааст. Дар охир рӯзноманигорон оид ба вазъи сарҳади Тоҷикистону Қиғизистон, вазъи ҷинояткорӣ дар тӯли як соли ҳисоботӣ, афзудани таълими ғайриқонунии динӣ ва дигар муаммоҳои дохили кишвар суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh