Шиносоӣ бо рафти таҷдиду навсозии Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти таҷдиду навсозии Беморхонаи марказии ноҳия шинос гардид.

Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен дорои 380 кат буда, дар он шуъбаҳои қабул, эҳё, амрози дил, амрози асаб, бемориҳои дарунӣ, ҷарроҳӣ, гӯшу гулӯ ва бинӣ, бачагона, осебшиносӣ ва раддодӣ, таваллуд, амрози навзодон, бемориҳои сироятӣ, ёрии таъҷилӣ ва ташхисгоҳ мавҷуд мебошад.

Айни ҳол шуъбаи эҳё ва як қисми шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳия ба таъмири куллӣ фаро гирифта шуда, барои иҷрои корҳо 278 ҳазор сомонӣ равона гардидааст. Корҳои таъмириро ҶДММ «Соҳил КА» бар ӯҳда дошта, ҳоло 10 нафар сохтмончиён машғули кор ҳастанд.

Раиси вилоят аснои боздид аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди беморхона тавсияҳо дод. Ҳамзамон бо ширкати роҳбари вилоят дар саҳни беморхона ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh