НИГАРОНӢ АЗ СУКУНАТ ДАР МИНТАҚАҲОИ ХАВФНОК

- Давоми соли 2020 аз ҷониби дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд беш аз 30 нафар шаҳрванд аз худкушӣ наҷот дода шуд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта аз 19 ҳолати ғарқшавӣ 22 нафар ҳалок шуд, ки 6 ҳолаташро худкушӣ ташкил медиҳад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати мазкур полковник Баҳром Додиён.

Ҳамчунин, номбурда ба саволҳои пешниҳоднамудаи намояндагони Васоити ахбори омма ҷавобҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, ба саволи мухбири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», бобати мавзеъҳои хатарноки аҳолинишине, ки ҳангоми боришоти борон фаромадани сел ва ярч таҳдид мекунанд, чӣ кадар ҳастанд, посух дод.

- Азбаски кишвари мо кӯҳсор аст, минтақаҳои хавфнок зиёд ба қайд гирифта шудааст. Пеш аз ҳама, тибқи хулосаи сохторҳои муайянкунандаи ҳолатҳои мавҷуда, дар ҳудуди вилоят 293 адад минтақаи хавфнок мавҷуд аст, ки дар он сокинон сукунат доранд. Аз ин мавзеъҳо 27 адад хавфи зери обмонӣ, 175 адад хавфи омадани сел, чаҳор адад хавфи фаромадани ярч ва тарма, панҷ адад ҳодисаи обхезӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ба қайд гирифта шудааст.

Нисбат ба аҳолие, ки дар минтақаҳои хавфнок сукунат мекунанд, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамасола беш аз 50 нафар аҳоли кӯчонитда мешаванд. Давоми солҳои 2017 – 2020 41 оила аз минтақаҳои хавфнок кӯчонида шуданд. Мутобиқи комиссияи дохилӣ ва пешниҳоди худи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахру ноҳияҳо оилаҳое, ки дар чунин минтақаҳо сукунат доранд, албатта бо розигии худи онҳо кӯчонида мешаванд. Комиссияи дахлдор мавзеи сукунати онҳоро муайян мекунад ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки яквақтаина ва ҳамчунин кӯмакҳои бебозгашт дода мешавад.

 И.НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh