ПАЁМИ САОДАТБОР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон оид ба хизмату заҳмати омӯзгор бо қадрдониву самимият изҳори назар менамоянд ва таъкид месозанд, ки мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем.

Президенти мамлакат дар Паёми навбатиашон, ки саршори ҳадафҳои бунёдии саодатбор, нусратбор мебошад, муҳтавои раҳнамоӣ, дастгирӣ ва ташаббускорӣ дорад, зикр намуданд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Танҳо он факту далели ҳадафманд ба мо шаҳодат медиҳанд, ки маорифи миллии мо дар кадом сатҳу манзалат устувор аст. Ҳамеша кӯшиш бар он дода шавад, ки хонандагон тафаккури техникӣ дошта бошанд, баъди соҳибмаълумот гардидан дар роҳи илм қадамҳои устувору қатъӣ гузоранд, ба кору ҳаёти ирфону ҳунар машғул гарданд, ба ин васила ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа фаъолият бурда, ба Ватани азизамон хизмат намоянд. Пас мо, омӯзгоронро лозим меояд, ки аз роҳу усулҳои беҳтарини воситаи таълим истифода бурда, шогирдонро ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят намоем.

Боварии бачаҳо ба муаллим қувваи бузургест, ки равобити байни муаллиму шогирдро мустаҳкам менамояд. Таҷрибаи чандинсолаи педагогии омӯзгорон нишон дод, ки маҳз, симои ҷиддии муаллим, босаводию маърифатнокӣ ва одоби баланди муошират имкон медиҳад, ки зуд ба дили хонандагон роҳ ёбад. Аз ин рӯ, як қатор омилҳои истифодаи бозиҳои шавқовар дар дарс барои тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонии хонандагон нақши бузург дорад.

Омӯзгорон, устодон тарғибгарони рӯзгори ободу осоишта ҳастанд, дар тамоми лаҳзаҳои ҳассос барои бартарафсозии ҳама гуна ихтилофот мекӯшанд, аз манфиатҳои халқу Ватан дифоъ мекунанд ва роҳҳои ҳалли мушкилотро дармеёбанд.

Салима КАРИМОВА,

омӯзгори МТМУ №14,

ноҳияи Ҷаббор Расулов

Add comment


Security code
Refresh