РОҲКИРО ҚИМАТ ШУД

Аз санаи 4 – уми марти соли 2021 нархи роҳкиро дар хатсайрҳои мусофирбарии дохилишаҳрии шаҳру навоҳии вилоят барои микроавтобусҳо 1 сомониву 50 дирам муайян гардид. 

Оид ба шарҳи муфассали ин масъала ба мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олим Очилзода муроҷиат намудем.

- Бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 19 аз 16 –уми январи соли 2018-ум «Оид ба тарифҳои номиналӣ барои ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ» ва мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят арзиши роҳкиро дар хатсайрҳои мусофиркашонии дохилишаҳрии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Истаравшан, шаҳракҳои Ғафуров, Шайдон, Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ ва Навкати ноҳияи Спитамен 1 сомонию 50 дирам пешбинӣ шудааст,- изҳор дошт мавсуф.  

Масъулин сабаби асосии қимматшавии роҳкироро ба болоравии арзиши маводи сӯзишворӣ марбут медонанд. Бино ба маълумоти масъулини соҳа, нархи сӯзишворӣ асосан аз охири моҳи феврали соли равон боло рафта, алҳол арзиши сӯзишвории дизелӣ аз 5 сомонию 80 дирами қаблӣ ба  7 сомониву 50 то 8 сомонӣ, бензин аз 6 сомонӣ то ба 8 сомонӣ ва гази моеъ аз 3 сомонию 50 дирами қаблӣ ба 4 сомонию 50 дирам расидааст.  

Қайд кардан бамаврид аст, ки фармоиши мазкур танҳо ба арзиши роҳкирои дохилишаҳриву марказҳои шаҳру навоҳии вилоят тааллуқ дошта, роҳкиро дар нақлиёти байни шаҳрҳову ноҳияҳо бетағйир боқӣ мемонад. ҳамзамон нархи роҳкиро дар автобусҳои шаҳрӣ аз рӯи нархномаи пешина фаъолият бурда, дохили шаҳр роҳкиро 1 сомонӣ боқӣ мемонад. 

 Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh