БАРТАРАФКУНИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

Дар нимсолаи аввали соли 2021 дар ҳудуди вилоят 331 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари он 67 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расид. Маблағи зарар 21 миллиону 950 ҳазору 82 сомонӣ аст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ дар вилояти Суғд Анвар Қосимов.

Яке аз ҳолатҳои нигаронкунанда ин рух додани ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта мебошад, ки масъулини раёсат баҳри бартараф кардани он корҳои мушаххасро ба анҷом расондаанд.

Дар ноҳияи Деваштич дар натиҷаи ярч фурӯравии теппаи паси хонаи истиқоматӣ 5 нафар сокин зери хоку лой монда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин, дар натиҷаи боришоти аз меъёр зиёд ва омадани сел дар деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровут, деҳаҳои Метк ва Угуки Ҷамоати деҳоти Ваҳдат ба кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ, роҳҳои маҳаллӣ, хатти оби нушокӣ ва полезӣ зарар расонида шудааст, гуфт Анвар Қосимов.

Дар умум давоми шаш моҳи соли сипарӣ чор ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа ҳашт нафар ба ҳалокат расидаанд. Маблағи зарар бар асари офатҳои табиӣ 1 миллиону 8 ҳазору 787 сомонӣ мебошад. Доир ба ҳодисаҳои ғарқшавӣ иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба калон будани ҳудуди обии вилоят ҳодисаи ғарқшавӣ яке аз масъалаҳои нигароникунанда ба шумор меравад ва новобаста аз гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда дар нимсолаи аввали соли 2021 ум 20 ҳолати ғарқшавӣ бо сабабҳои гуногун дар кӯлу дарё ва обанборҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қайд гирифта шуд. 11 нафар аз тарафи наҷотдиҳандагон наҷот дода, ҷасади 9 нафар аз об бароварда шуд. Сабаби ғарқ гардидани сокинонро масъулин дар беназоратии волидон ва риоя накардани техникаи шиноварӣ медонанд.

Аксар сокинон дидаву дониста дар ҷойҳои барои шиноварӣ манъшуда оббозӣ карда, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Ҳарчанд дар назди мавзеъҳои хатарнок шиорҳои “Оббозӣ кардан манъ аст!” гузошта шуда бошанд ҳам, аксар онро нодида мегиранд. Ин ҳама боиси ғарқшавӣ ва марг мегардад. Мо мекӯшем, дар чунин мавзеъҳо сафи наҷотдиҳандагонро зиёд кунем, вале, мутаассифона, ҳолати ғарқшавӣ рух медиҳад, гуфт Анвар Қосимов. Қайд гардид, ки дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят 43 амалиёти наҷотдиҳӣ, кофтукобӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибати ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла, кушодани дарҳои хонаҳои истиқоматӣ, бартараф намудани оқибати садамаи нақлиётӣ, тармафароӣ, гузаронидани корҳои рӯи обӣ ва зериобӣ ва дигар иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон дар бобати пешгирии ҳолати ғарқшавӣ, таъминот бо таҷҳизоти техникӣ, оқибати ҳодисаҳои табиӣ, муҳоҷирати экологӣ, кор бо ихтиёриён ва амсоли ин суолҳо пешниҳод гардид, ки масъулин ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас доданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh