КВОТА БА КОРҶӮЁН

Оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2021 сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Нодирӣ Шермуҳаммад Гулмуҳаммадзода ба рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ маълумот дод. Дар давраи фаъолият ба раёсат, шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 21951 нафар шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки 14710 нафарашон ҳамчун корҷӯй дар сохторҳои мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ бандшуда, яъне квота муқаррар мегардад. Тибқи он аз 1800 ҷойи нақшавӣ 916 шаҳрванд тавассути квота бо кор таъмин гардиданд, ки 50,9 фисади нақшаи барномавиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 29 маъюб, 12 ятим, 194 ҷавони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатдодашуда, 114 нафари аз иҷрои ҷазои ҷиноӣ озодшуда, 154 волидони яккаву танҳо ё шахсоне, ки дар тарбияашон фарзандони ноболиғ доранд, 213 нафар волидони серфарзанд, 8 нафар шахсони то синни 18сола, ки бо сабаби вафоти волидайн сарпарастии оиларо ба уҳда доранд, 83 нафар шаҳрванде, ки барои ба нафақа баромаданашон аз рӯи синну сол ду сол боқӣ мондааст ва ҳамчунин 109 нафар шаҳрвандони то синни 18‐сола, ки баъди хатми муассисаҳои таълимӣ тибқи роҳхати мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба кор фиристода шуданд.

Самти дигари фаъолияти мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ин таъину пардохти кӯмакпулӣ ба шаҳрвандони бекор мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ, тибқи муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, ба 1745 нафар шаҳрванд ба маблағи 559 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 802 шаҳрванди бекор ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. Масъалаи касбомӯзонӣ ҳамеша дар мадди назари мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ қарор дошта, ҷиҳати васеъ намудани доираи касбҳои омӯхташаванда ва таъсиси додани касбҳои нав дар муассисаҳои таълимӣ чораҷӯиҳо идома дорад.

Барои самаранок ба роҳ мондани омӯзиши касбу ихтисосҳо, заминаи моддию техникии марказҳои касбомӯзии системаи таълимии Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, гуфт дар нишасти матбуотӣ Нодирӣ Шермуҳаммад Гулмуҳаммадзода. Бояд қайд намуд, ки давоми нимсолаи якуми соли 2021 мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1275 шаҳрвандро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намуд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh