ТАЪМИНИ НАВАД ҲАЗОР ОИЛА БО ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН

Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи идораи замини вилояти Суғд дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2021 аз ҷониби муовини аввали раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Умарзода Ҷамшед Аюбӣ дар нишасти матбуотӣ ба самъи рӯзноманигорон расонида шуд.

Ба гуфти масъулин ба ҳолати якуми январи соли 2021 дар вилоят 68 ҳазору 606 хоҷагии деҳқонӣ амал карда, шумораи хоҷагиҳои деҳқонии навтаъсис 451 адад мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи нозирони Кумитаи идораи замини вилоят ва мақомоти он дар маҳалҳо бинобар дар ҳаракатҳои шаҳрвандони қитъаи заминро худсарона ишғолнамуда мавҷуд будани аломатҳои ҷиноятӣ, ки қисми дуюми моддаи 338‐уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, 72 ҳолатро ошкор карда, барои бурдани тафтишоти пешакӣ маводи санҷишӣ ҷиҳати додани баҳои ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуд.

Баҳри иҷроиши супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба ҳар як оила ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ то 0,15 гектар аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо комиссияҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои он дар маҳал, тибқи қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин» барои гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо зиёда аз 90 ҳазор оила бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар майдони 7841 гектар бо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо таъмин карда шудаанд, ‐иброз дошт Умарзода Ҷамшед Аюбӣ.

Бояд гуфт, ки мувофиқи маълумоти қаблии масъулини кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят соли 2021 аз ҳисоби заминҳои талу теппа, чарогоҳ, боир ва заминҳои ғайрикишоварзӣ бунёди ҳазор гектар боғу токзор ба нақша гирифта шуда буд. Алҳол дар миқёси вилоят 360,77 гектар боғу токи нав, 46 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуда, илова бар ин 573,36 гектар боғҳои кӯҳна решакан ва аз нав барқарор карда шуданд, ки дар маҷмӯъ 980 гектар мебошанд. Тибқи ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1уми январи соли 2021 мувофиқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 4169 гектар заминҳои боир, аз ҷумла 2871 гектар заминҳои обӣ мавҷуд мебошанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки азхудкунии заминҳои нав аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ба майдони 211,87 гектар ва аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ба майдони 33,13 гектар, дар маҷмӯъ ҳамарӯза корҳо идома дорад. Ҳамчунин дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 1860 гектар замин, аз ҷумла 1594 гектар заминҳои корами обӣ, 266 гектар заминҳои корами лалмӣ бо сабабҳои нарасидани об, шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ, аз кор баромадани шабакаҳои обтаъминкунӣ, аз сабабҳои фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ ва ғайра хавфи холӣ монданро доранд, ки аз тарафи масъулини кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо ба заминистифодаб рандагон огоҳномаҳо оиди ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо дода шудааст. Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самараноку оқилона истифода бурдани қитъаҳои замин ва рӯёнидани 2‐3 ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳвандон, ки зимни сафари кориашон ба мардуми вилоят иброз намуда буданд, аз тарафи кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо эълону огоҳномаҳо ба ҷойҳои ҷамъиятӣ насб ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас карда шудааст, гуфт муовини сардори раёсат.

Дар фарҷом рӯзноманигорон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh