ҚАЙДИ АСНОД - ТАЛАБИ РӮЗ

 

 

 

Сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд Лолахон Файззода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли равон дар вилоят 49411 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, сабти таваллуд 25975, вафот 5979, никоҳ 9135, кайди кӯдакони ба синни як расида ё аз он калонтар 2013, қайди берун аз муҳлати сабти вафот 151, бекоркунии акди никоҳ 1959, муқаррар кардани падарӣ 1606, фарзандхонӣ 155, иваз кардани насаб, ном ва номи падар 2438 – адад сабт шудааст.

Ҳамчунин, дар асоси маълумоти тиббӣ сабти таваллуди 258, тифли мурдатаваллудёфта 399 сабти вафоти кӯдакони то яксола фавтида низ ба қайд гирифта шуда, дар ин муддат аз тарафи шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят 793 аризаи модарони танҳо аз таваллуди кӯдакони навзод ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин, аз 1959 сабти бекоркунии никоҳи оилаҳо дар вилоят 1279 адад бо қарори суди шаҳру ноҳияҳо, аз ин теъдод 1732 нафар кӯдаки ноболиғ аз тарбия ва меҳру муҳаббати яке аз тарафҳо (падар ё модар) дур монданд, инчунин 667 сабти бекоркунии никоҳро дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳолати надоштани фарзандони ноболиғ ва 13 адад бо аризаи яке аз ҳамсаронро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ 5 аризаи бекор кардани акди никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрванд бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Дар ин муддат 46 никоҳ бо қарори судҳои шаҳру ноҳияи вилоят вобаста ба синну соли никоҳшавандагон то 1 сол кам карда шудааст, ки асосан шумораи зиёди онҳо дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Истаравшан, Панҷакент ва Хуҷандро ташкил медиҳад.

Дар ин муддат аз тарафи ҷамоатҳои деҳот ва шуъбаю бахшҳо ба аҳолӣ 79208 шаҳодатномаи арзишноки ҳифзаш қатъии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дархостҳояшон таъмин гардид, ки 53132 шаҳодатномаи таваллуд, аз ин 17023 шаҳодатномаҳои такрории таваллуд, 16342 шаҳодатномаи никоҳ аз, ин 4601 шаҳодатномаҳои такрории никоҳ, 3559 шаҳодатномаи вафот аз ин 266 шаҳодатномаи такрории вафот, 2486 шаҳодатномаи бекоркунии никоҳ аз ин 345 шаҳодатномаи такрории бекоркунии никоҳ, 150 шаҳодатномаи фарзандхонӣ, аз ин шаш дона шаҳодатномаи такрорӣ, шаҳодатномаи муқаррар кардани ҳуқуқи падарӣ 882 аз ин 56 шаҳодатномаи такрории муқаррар намудани ҳуқуқи падарӣ, 2657 шаҳодатномаи ивази насаб, ном ва номи падар аз ин 217 шаҳодатномаи такрорӣ истифода бурда шуда, маблағи он ба воситаи бонкҳои амонатгузории шаҳру ноҳияҳо ба суратҳисоби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, - иброз дошт зимни нишаст Лолахон Файззода.

Дар хотимаи нишасти матбуотӣ бо масъулини мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагони васоити ахбори омма саволу ҷавоб доир гарид.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh