Раиси вилоят устоди варзиш Ҳусейн Мирбобоевро аёдат намуд

10 августи соли 2021 Раиси вилояти Суғд дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров устоди варзиш Ҳусейн Мирбобоевро аёдт кард.

Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо собиқадори соҳаи варзиш иброз дошт, ки ҳамасола Рӯзи варзишгарон дар қаламрави ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардида, аз тарафи давлат ба рушди соҳаи варзиш низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад. Дар рушди соҳа саҳми устодон назаррас буда, маҳз бо меҳнату талошҳои мураббиён варзишгарон ба мусобиқаҳо омода ва соҳиби ҷоизаҳо мешаванд.

Дар ин росто аз хизматҳои Ҳусейн Мирбобоев ёдоварӣ карда шуд, ки ӯ шогирдони зиёдро тарбия намудааст.

Ба собиқдори соҳа аз ҷониби роҳбари вилоят кӯмакҳои моддӣ дастрас гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh