НАСЛИ ЗАМОНИ ОЯНДАСОЗ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: «Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Умедворам, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд». Ин гуфтаҳои Сарвари давлат мо ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлолро рӯҳбаланд гардонд.

Моро мебояд, ки ба қадри имконияту шароити имрӯза бирасем. Зеро илму маорифи муосир дар авҷи рушду камолоти хеш қарор дорад. Замоне буд, ки ҳатто, ҷавонони болаёқату боистеъдод барои соҳиб шудан ба унвони донишҷӯӣ мушарраф намегаштанд. Дар давраи кунунӣ бошад, тамоми шароитҳо барои таҳсилу илмомӯзии ҷавонон муҳайёст. Маҳз, бо кӯшишу ғамхориҳои Сарвари оқилу хирадманд дар ҷумҳурӣ Маркази ягонаи тестӣ амал менамояд, ки дониши ҷавононро шаффоф месанҷад ва довталабон метавонанд дар донишгоҳҳои мухталифи кишвар ва берун аз он таҳсилашонро идома диҳанд.

Ҷавонони хушбахти замони соҳибистиқлол шоду хуррам аз он ҳастанд, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб, таҳкими давлатдории хирадмандона ва давраи рушди устувору босуботи ҷомеа умр ба сар мебаранд. Ман яке аз ҷавонони хушбахти даврони соҳибистиқлолам, ки аз имкониятҳои мавҷудаи даврони кунунӣ бархурдор ҳастам. Имрӯз нишастан ба курсии донишҷӯӣ насибам гаштааст. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил дорам ва аз устодони соҳибтаҷриба сабақ меомӯзам. Худи Президенти кишвар борҳо таъкид менамоянд, ки «… барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд».

Дар ҳақиқат, наврасону ҷавонони насли навин бо меҳру муҳаббат ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумат фарогир буда, онҳоро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

 Нозанин САИДОВА,

донишҷӯи курси дуюми Академияи идоракунии

давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh