ИҚДОМ, ҶАРАЁНИ КОРҲО, ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ

Оби чашмаи Деҳмой ба Хуҷанд меояд ва ё худ 9 кӯчаи маҳаллаҳои навбунёд бо оби тоза таъмин гардиданд, то охири сол 10 кӯчаи дигари шаҳр бо об таъмин хоҳанд шуд

Бо дастгирии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини пурраи аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, бахусус дар маҳаллаҳои навбунёд бо роҳандозии лоиҳаҳо ва маблағгузории мутамарказ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҷониби маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои навбунёди соҳили рости шаҳри Хуҷанд идомаи сохтмони иншооти «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд», зериншооти «Ҳавзҳои захиравии оби нӯшокии минтақаи 1 ва 2 бо хатҳои обгузар» корҳо муташаккилона пеш рафта истодаанд.

Бо бунёди инфрасохтори зарурии обтаъминкунӣ танҳо дар соли ҷорӣ 7 кӯчаи маҳаллаҳои 1‐2 ва 2 кӯчаҳои маҳаллаҳои 4‐5 бо оби нӯшокӣ аз ҳавзҳои захиравии маҳаллаи 14‐ум пайваст шуданд, ки беш аз ду ҳазор нафар аҳолӣ аз он баҳравар гардиданд. Сокинони шаҳри Хуҷанд ин иқдоми наҷибонаро ғамхории навбатии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва самараи татбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

Интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ аз рӯи нақша чорабинӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ба пуррагӣ ба анҷом расонидани як қатор корҳо ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла итмом бахшидан ба сохтмони ҳавзи захиравии оби тозаи 2500м3 №2 дар маҳаллаи 14‐ум ва хобонидани қубурҳои қутрашон гуногун то саргаҳи кӯчаҳо пешбинӣ шуда, боз то 10 кӯчаи маҳаллаҳои навбунёд бо хати оби тозаи нӯшокӣ пайваст карда мешаванд. Ҳамин тавр, марҳала ба марҳала тамоми кӯчаҳои навбунёди шаҳр бо хати обрасонӣ таъмин мегарданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки моҳи июли соли гузашта бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳалаи аввали ин иншоот, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 2028» бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, зиёда аз 15 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 4, 5, 14 ва 15‐уми шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд. Дар доираи татбиқи марҳалаи аввали ин лоиҳа, ки асосан таҷдид ва зиёд намудани иқтидори истгоҳи рақами 4‐уми Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»‐ро дар бар мегирад, дар муҳлати се сол 6 чоҳи амудӣ бо чуқурии 180 метр, чор ҳавзи бузург бо ғунҷоиши шаш ҳазор метри мукааб об, як пойгоҳи обкашӣ бунёд ва 2 ҳазору 900 метр қубури қутрашон аз 355 то 500‐миллиметр васл гардида, ҳамчунин барои фаъолияти муназзами ин шабакаи муосири обрасонӣ ду трансформатори тавоноиаш 1000 киловолт‐ампер насб ва аз масофаи қариб 14 километр бо истифода аз 46 пояи оҳану бетонӣ хати интиқоли неруи барқ кашида шудааст.

Бо татбиқи ҳамаҷонибаи ин лоиҳа дар маҷмӯъ 10 ҳавзи бузурги захираи об ва дигар иншооти зарурӣ бунёд гардида, наздики 50 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи ошомиданӣ пурра таъмин мешаванд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh