АВТОБУС, КОҲИШЁБИИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУАММОҲОИ ДИГАР

Ҳанӯз чаҳор - панҷ сол пеш дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд миш-мишҳои сокинон дар бобати воридшавии автобусҳои наву замонавӣ ҷой дошт. Бархе аз ин гуфтаҳоро афсона ва нафарони дигар бошанд, ҳақиқат мешумориданд. Ба қавли халқ, нияти нек беҳтарин кор аст. Аксари мардум орзу доштанд, ки мушкилоти нақлиёти хизматрасонӣ бартараф гардад. Мегӯянд, ки дуои кулл мустаҷоб мешавад. Дарвоқеъ, соли 2018 - ум орзуи сокинон ва меҳмонон амалӣ гардид ва ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ автобусҳои замонавии тамғаи «ЛИАЗ» ворид гардиданд. Дар рӯзи аввали фаъолияти автобусҳо, ки 258 адад буданд, чорабинии тантанавӣ дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар ин рӯйдоди фараҳбахш Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қайд намуд, ки воридшавии автобусҳои муосир дар асоси лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» амалӣ гардид ва то охири сол боз 75 адади дигар автобус ба маркази вилоят ворид мешавад. Дарвоқеъ, гуфтаҳои Раиси вилоят амалӣ гардид ва 75 адад автобус вориди шаҳр гашта, ба хизматрасонӣ оғоз намуд. Ёд дорам мегӯяд, як нафар сокини шаҳр, ки Ҳафиза‐хола ном дорад, дар рӯзи аввал автобусҳо барои сокинон ва меҳмонони шаҳр ройгон хизмат расониданд. Мо аз мусофирони аввалине будем, ки ройгон аз як тарафи шаҳр ба тарафи дигараш сафар намудем. Ин як рӯйдоди фараҳбахше маҳсуб меёфт, ки ба ҳусни шаҳри зебои Хуҷанд таровати дигареро зам намуд.

АМАЛИШАВИИ ЛОИҲА – БАҲРИ ПЕШРАФТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аксарияти кишварҳои абарқудрати ҷаҳон хизматрасонии нақлиётӣ дар мадди аввал қарор дорад. Хушбахтона, ин ҳолат дар кишвари мо низ мушоҳида мегардад. Имрӯз дар шаҳрҳои кишварамон сокинон ва меҳмонон аз хизматрасонии автобусҳои замонавӣ истифода менамоянд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” дар ҳаҷми 26,8 миллион доллари амрикоӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар асоси ин лоиҳа ба шаҳри Хуҷанд 100 адад автобуси муосир ворид гардид. Дарозии автобусҳои нави воридшуда аз 9,5 то 12 метр мебошанд. Ҳар яки он барои ғунҷоиши зиёда аз 120 мусофир пешбинӣ гардида, дар дохили он барои нафарони имконияташон маҳдуд имконоти мусоиди баромаду фаромад фароҳам аст. Ҷоиз ба қайд аст, ки автобусҳои наву замонавии тамғаи “ЛИАЗ” истеҳсоли Федератсияи Россия мебошанд. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур беҳсозии ҳолати кунунии хизматрасонии нақлиётҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад. Ин лоиҳа бо дастгирӣ ва пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ гардида, имрӯз баҳри равуои сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки дар рӯзҳои аввал ҳаракати автобусҳо аз маҳаллаҳои 3, 8 ва 12‐и шаҳри Хуҷанд оғоз ёфта, то шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров поён ёфт. Ронандагони соҳибтаҷриба тавассути озмун ба кор қабул гардиданд. Марҳала ба марҳала хатсайри автобусҳо боз ҳам фарохтар гардиданд. Ҳамчунин, ҳаракати ин автобусҳо аз маҳаллаи 34 уми шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, то шаҳри Бӯстон идома ёфт. Дар асоси дастури Раиси вилоят автобус ба самти шаҳри Гулистон низ ташкил ёфт.

ХИЗМАТРАСОНИИ РОЙГОН ВА ...

Пас аз воридшавии сад автобуси тамғаи «ЛИАЗ» хизматрасонии сифати нақлиётӣ каме бошад ҳам, рӯ ба беҳбудӣ овард. Бар замми ин, агар нархи як нафар мусофир дар микроавтобусҳои хизматрасон 1 сомониву 50 дирам бошад, дар автобусҳои наву замонавӣ он ба як сомонӣ баробар шуд.

Дар асл тибқи иттилои масъулин арзиши аслии мусофиркашонии дохилишаҳрӣ дар автобусҳо ба ду сомониву сию се дирам ва беруназшаҳрӣ ба чаҳор сомониву бист дирам баробар аст. Лекин ба хотири паст намудани нархи хизматрасонӣ дар асоси қарорҳои дахлдор дар дохили шаҳр як сомонӣ ва хизматрасонии беруназшаҳрӣ бошад, як сомониву панҷоҳ дирам нархгузорӣ гардид. Ин албатта, боиси қаноатмандии сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд шуд. ‐Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии бархе аз қишрҳои ҷомеа, алалхусус маъюбон хизматрасонии ройгон таъсис дода шуд. Инчунин, ба нафароне, ки баҳри ҳимояи Ватан хизмат мекунанд, аз ҷумла, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нафароне, ки дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва иштирокчиёни садамаи Чернобилу интернатсионалистон низ комилан аз хизматрасонии нақлиётии автобус ройгон истифода мебаранд, мегӯянд масъулини КДК “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд”.

Дар самти танзими маблағҳои воридшуда аз ҳисоби мусофирон аз ҷониби масъул кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шуд. Масъулин мегӯянд, ки пас аз ба роҳ мондани корти нақлиётӣ аксарияти мусофирон аз он истифода намуда истодаанд. Ҳамчунин, кортҳои нақлиётӣ барои нафарони имтиёздор ва маъюбон низ дастрас гардида, шумораи чунин нафарон дар айни ҳол аз се ҳазор нафар гузаштааст.

ҚАРЗҲО - ОМИЛИ КАМФАЪОЛИЯТӢ

Лозим ба ёдоварист, ки давоми шаш моҳи соли равон аз хизматрасонии автобусҳои КДК “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд” беш аз 4,5 миллион нафар сокин истифода бурдааст. Дар ин давра маблағи даромади умумии ҳаққи хизматрасонӣ 4 ҳазору 433 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Ҳангоми суҳбат бо сариқтисодчии КДК “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд” М.Бузруков маълум гардид, ки теъдоди автобусҳо рӯз аз рӯз кам гардида истодааст. Болоравии арзиши сӯзишвории дизелӣ ва боқӣ мондани арзиши хизматрасонӣ яке аз сабабҳои асосии суст гардидани хизматрасонии нақлиётӣ мебошад. Дар асоси маълумоти пешниҳодгардида, маълум шуд, ки ба ҳолати 9‐уми июли соли равон қарзи кредитории корхона ба беш аз 12 миллион сомонӣ расидааст. Масалан, корхонаи зикргардида аз “Амонатбонк” беш аз панҷ миллион сомонӣ қарздор аст. Масъулини корхонаи мазкур барои пардохтани маблағи лоиҳаи болозикр аз ин бонк маблағ гирифта, бо сабаби мушкилӣ пеш омадан барои пардохт, имрӯз он бо иловаи фоизҳои ҷамъшудаистода моҳ ба моҳ зиёд мегардад. Ҳамчунин, қарз аз хариди сӯзишвории дизелӣ ва равғанҳои лозима имрӯз ба 3382 ҳазор сомонӣ, аз музди меҳнати кормандон беш аз якуним миллион сомонӣ ва аз андоз беш аз чаҳор ҳазору чаҳорсад сомонӣ расидааст, мегӯяд М. Бузруков.

Сабаби ба ин ҳолат гирифтор шудани корхонаи мазкурро сариқтисодчии корхона шарҳ дода гуфт, ки сари вақт нагирифтани субсидияҳои дар буҷетҳои маҳаллии шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон ва Бӯстону ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки барои интиқоли мусофирони имтиёздоре, ки ба нақша гирифта шудааст, мебошад. Пардохти ин маблағҳо дар муҳлати банақшагирифташуда амалӣ нашуда, он боиси қарзҳои ҷойдошта ва фоизҳои замшудаи он мегардад.

Масалан, давоми шаш моҳи соли равон қарзи ӯҳдадориҳои шаҳру ноҳияҳои номбурда ба беш аз як миллиону дусад ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Ҳамчунин илова намуд, ки ба таври мисол гуфта метавонем, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли гузашта 3,1 миллион сомонӣ ӯҳдадории буҷетӣ барои нафарони имтиёздорро ба нақша гирифта буд. Вале то охири ҳамон сол аз маблағи муайяншуда 1,1 миллион сомонӣ пардохт шудаасту халос. Дигар шаҳру ноҳияҳои зикршуда низ чунин ҳолатро дарбар мегиранд. Чунин сабабҳо ва омилҳои ҷойдошта боис шуд, ки имрӯз фаъолияти автобусҳо кам ба назар мерасад. Болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ бошад, чизи дигар аст.

Аз моҳи декабри соли 2020 сар карда хароҷоти хариди сӯзишворӣ нисбат ба даромади корхона зиёд шуда истодааст. Ҳолати мазкур барои рӯзи дигар харид намудани сӯзишворӣ ба миқдори автобусҳои ҳамонрӯза намерасад. Ба ҳисоби миёна ҳаракати автобусҳо дар моҳи декабри соли гузашта то 52 ададро ташкил дода бошад, он дар моҳи январи соли равон ба 42 адад ва моҳи июли ҳамин сол ба 11 адад расидааст. Яъне имрӯз танҳо 11 адад автобус барои мусофирон хизмат расонида истодаасту халос.

ТАҲЛИЛ, МУҚОИСА ВА АНДЕША

Аз рӯи таҳлилҳое, ки дар хатсайри рақамҳои 1 ва 4 гузаронида шудааст, бармеояд, ки даромади якрӯза наметавонад масрафро рӯйпӯш намояд. Зеро гардиши хатсайри рақами 4 дар як гардиш 57 километрро (дар як рӯз панҷ гардиш мешавад) дарбар мегирад. Алҳол арзиши як литр сӯзишвории дизелӣ нӯҳ сомонӣ аст. Агар ба таҳлилҳо назар афканем, маълум мегардад, ки дар як шабонарӯз автобуси рақами ҷаҳор 288 километр масофаро тай менамояд. Дар ин сурат ба автобусе, ки 12 метр дарозӣ дораду иқтидори ғунҷоиши сад нафарро (дар як навбат) дорад, 121 литр сӯзишворӣ лозим аст.

Таҳлилҳо собит намуданд, ки дар як рӯзи корӣ аз ин хатсайр то 980 нафар мусофир истифода мебарад. Ба ҳисоби миёна даромади хатсайри мазкур дар як рӯз 900 сомониро дарбар мегирад. Даромади якрӯзаи ин хатсайр наметавонад масрафашро таъмин намояд. Зеро дар як рӯз хароҷоти сӯзишворӣ 1089 сомониро ташкил медиҳад. Ҳол он ки аз шумораи мусофироне, ки ҳамарӯза аз ин хатсайр истифода менамоянд, дар дохили онҳо имтиёздору маъюбон низ кам нестанд. Дар чунин ҳолати бӯҳронӣ бо миқдори ками автобус фаъолият намудан ва афзудани қарзҳо ба андешаи масъулини КДК “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд” муфлисшавии корхона аз назар дур нест.

Барои пардохт намудани қарзҳои болозикр ва ба муфлисшавӣ роҳ надодан шаҳру ноҳияҳои номбаргардидаро лозим меояд, ки маблағҳои мусофирони имтиёздор, яъне субсидияҳоро ба суратҳисоби махсуси корхона ба пуррагӣ ворид намудан зарур аст. Агар фаъолияти корхонаи мазкур бо чунин раванд идома ёбад, гуфтан лозим аст, ки афзудани қарзҳо ва ба пуррагӣ аз фаъолият бозмондани автобусҳои воридгардида аз назар дур нест. Барои ба фаъолияти пештара баргардонидан масъулинро зарур аст, ки дар самти бартараф намудани қарзҳои мавҷуда кӯшиш намоянд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh