Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки бо солгарди поягузори илми тиб ва бузургтарин чеҳраи илми Шарқ - Абӯалӣ ибни Сино иртиботи қавӣ дорад, ҳамасола санаи 18-уми август таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро шодбош гуфта, саломатии бардавом, хотирҷамъӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти касбиашон муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Боиси таъкид аст, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи табибон беҳтар ва дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам баландтар бардошта шавад. Аз ҷумла, соли 2021-ум бо мақсади беҳтар кардани таъминоти моддиву техникии муассисаҳои тиббии вилоят, ҷиҳати ҳифзи сиҳатии омма ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ 592,4 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли сипаригардида 64,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Айни замон, дар вилоят ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ ҷараён дошта, дар ҳафт моҳи соли 2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 53 иншооти нигаҳдории тандурустӣ, аз ҷумла 5 беморхона, 12 бунгоҳи саломатӣ, 7 маркази саломатӣ, 3 таваллудхона ва 25 дорухона ба итмом расонида шуданд.

Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки ду сол инҷониб барои тамоми кормандони соҳаи тиб соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди бемории сироятии Ковид – 19 идома дорад. Дар ин муддат табибони вилоят бо ҷасорату матонат ва ҷоннисорӣ барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва наҷоти беморон кӯшида, ҷони ҳазорон нафар шахсони беморро аз марг раҳо бахшиданд.

Боварии комил дорам, ки дар соли барои халқу мамлакат таърихии таҷлили ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табибони вилоят минбаъд низ бо донишу таҷриба ва маҳорати баланди кордонӣ ба халқ хизмат карда, рисолати худро бошарафона иҷро менамоянд.

Бори дигар, тамоми кормандони соҳаи тандурустии вилоятро бо Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрик гуфта, дар ин кори заҳматталабу пуршараф барору муваффақият орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак!

Add comment


Security code
Refresh