ТАҚОЗОИ МАСЪУЛИЯТ ДАР ИҶРОИ ВАЗИФА

Пагоҳ иди касбии табибони кишвар аст. Тайи 2 сол аст, ки ҳомиёни тандурустии ҷаҳон, аз ҷумла вилояту ҷумҳуриро имтиҳони сахти касбӣ ва санҷиш ба қасами ёдкардаашон сурат мегирад. Дар арафаи иди касбии табибон мо бо сардори Раёсати тандурустии вилоят, Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсудзода Фаррух вохӯрда, мусоҳибаи мухтасари идона оростем.

-Мӯҳтарам сардор, мегуфтед, ки аз иди касбии гузашта то навбатӣ табибони вилоятро чӣ рӯзгоре буд?

‐Чӣ ҳам мешуд, мавзӯи асосӣ паҳншавии бемории сироятии «Ковид‐19», паёмад ва муборизаи сахти ҳамкасбонамон бар зидди ин беморӣ, наҷоти гирифторони ин беморӣ ба шарофати заҳмати табибонамон аст. Сад афсӯс, ки аз ин вабои аср якчанд табибони мо низ ба ҳалокат расиданд, ки онҳо беҳтарин мутахассисон буданд.

‐Хӯш, имрӯз вазъият дар ин самт чӣ гуна аст?

‐Хушбахтона, вазъият идорашаванда ва суръати паҳншавӣ ба ин намуди бемории сироятӣ рӯз аз рӯз кам шуда истодааст. Чӣ хеле, ки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар маърузаи идонаи худ дар чорабинии вилоятӣ бахшида ба Рӯзи кормандони тиб қайд карданд, ба санаи имрӯз дар вилоят ҳамагӣ 190 нафар гирифторони бемории илтиҳоби шуш ва коронавируси «Ковид19» ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати моҳҳои аввали давраи имсолаи паҳншавӣ рӯ ба пастравӣ оварда истодааст.

‐Ба ин чӣ мусоидат кард?

‐Албатта, пеш аз ҳама пешбурди корҳои тарғиботӣ ва амалан гузаронидани маъракаи эмгузаронӣ бар зидди ин беморӣ аст, ки мо онро моҳи марти ин сол оғоз карда будем. Айни ҳол наздик 400 ҳазор нафар аҳолии гурӯҳи мақсадноки (аз 18‐сола боло) вилоят ваксина гирифтаанд, ки албатта, ин кам аст. Лекин мо баробари бурдани корҳои тарғиботӣ ин корро вусъат бахшидаем.

‐Оё захираи ваксина барои пурра эмгузаронӣ мерасад?

‐Албатта, дар маъракаи эмгузаронӣ амалан 3 намуди ваксина истифода бурда шуданд, ки инҳо “AstraZeneca”, “Moderna” ва “CoronaVac” мебошанд. Рӯзҳои наздик боз миқдори зиёд ваксинаи “Спутник V” аз пойтахти кишварамон вориди вилоят мешавад, ки умед дорам, онро самаранок истифода мебарем.

‐Раиси вилоят дар ҷаласаи иди касбиатон изҳори умедворӣ карданд, ки «таи 2 ҳафта мавҷи навбатии бемории сироятии муосир «Ковид‐19» бартараф хоҳад шуд. То чӣ андоза ин ба ҳақиқат рост меояд?

‐Изҳори умедвории Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода асос дорад. Якум ин ки суръати паҳншавии худи беморӣ рӯз аз рӯз паст рафта истодааст. Ин албатта ба шарофати чораҳои андешидашудаистода аст. Дуюм, расидан ба ин орзу аз худи аҳолии вилоят низ вобастагии калон дорад. Яъне, пеш аз ҳама талабот ва меъёрҳои санитариро бояд қатъиян риоя кард. Инҳо пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои серодам, мунтазам шустани дастон бо маҳлулҳои зиддисироятӣ антисептикҳо, сеюм риояи фосилаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад.

‐Оё мо метавонем гӯем, ки аз иди касбии гузашта то имрӯз ба мушкилиҳо нигоҳ накарда табибони вилоят рисолати касбии худро ба иҷро расониданд?

‐Бе ҳеҷ шакку шубҳа! Зеро худ шоҳид будед, ки имрӯз дар ҷаласаи идона хизматҳои шоистаи ҳамкасбони моро махсусан дар давраи паҳншавии пандемия Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода борҳо зикр карда ҳатто гуфтанд, ки «барои меҳнати шоён ва садоқати Шумо, ба қасами ёдкардаатон назди Шумо сари таъзим фуруд меорам». Дар ин радиф ман низ бо истифода аз фурсат мехоҳам арзи сипоси тамоми табибони вилоятро ба Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баён созам, ки моро ҳамаҷониба чӣ моддиву чӣ маънавӣ дастгирӣ мекунанд. Имрӯз бошад, эълон доштанд, ки бар иловаи маоши табибоне, ки дар табобати бемории сироятии «Ковид‐19» саҳм гирифтаанд, якмаошӣ мукофотпулӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дода хоҳад шуд.

 ‐Дар рӯзи иди ҳомиёни саломатӣ ба ҳамкасбон чӣ орзуву таманноҳо доред?

‐Пеш аз ҳама саломат будани онҳоро хоҳонам, ки бигзор ба бахти мардум ҳамеша солиму бардам бошанд. Барори кору зиндагиашонро хоҳонам. Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак, ҳамкасбони азиз!

‐Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб,

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ

Add comment


Security code
Refresh