СОЛИМИИ ҶОМЕА - РИСОЛАТИ КАСБӢ

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи даврони Истиқлоли давлатӣ буда, тайи солҳои охир бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар дар самти пешравӣ, ободкорӣ ва созандагиҳо қарор дорад. Дар муддати панҷ соли охир дар ноҳия ба бунёди як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, алалхусус беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ ва хонаҳои саломатӣ дар деҳоти дурдаст ва маркази ноҳия асос гузошта шуд, ки алҳол дар хизмати мардум мебошанд. Айни замон дар ноҳия як Беморхонаи марказӣ, панҷ Маркази саломатӣ ва дувоздаҳ бунгоҳи тиббӣ фаъолият мебаранд.

Шукронаи соҳибистиқлолӣ ва боиси фараҳмандии тамоми сокинони ноҳия аст, ки моҳи августи соли дуҳазору нуздаҳум дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон беморхонаи нав бунёд карда шуд, ки онро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Беморхона бо тамоми таҷҳизоти нави муосири тиббӣ мавриди амал қарор гирифт ва имрӯзҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ фаъолияти пурсамар дорад.

Мегӯянд, ки боигарии ҳар як муассиса ин одамонаш мебошад. Хушбахтона, кормандони соҳаи тиб сол аз сол аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ афзуда, хизматрасонии тиббӣ барои аҳолии ноҳия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар ноҳия сад кати табобатӣ фаъолият мебарад, ки аз ин шумора чиҳил кати муолиҷавӣ, бисту панҷ кати кӯдакона, бисту панҷ кат дар таваллудхонаҳо, даҳ кат дар шуъбаи ҷарроҳӣ мебошад. Сокинони ноҳия бе ягон мушкилӣ ва муаммо дар беморхонаву бунгоҳҳои саломатӣ табобату муолиҷа мегиранд ва дар ин самт ягон норозигие вуҷуд надорад.

Дар худи Беморхонаи марказӣ дар як навбат беш аз бист нафар бемор таҳти назорату табобати духтурон қарор мегиранд. Беморхонаи марказӣ дорои чиҳил кати табобатӣ, аз ҷумла, даҳ кат дар шуъбаи ҷарроҳӣ, даҳ кат дар таваллудхона, даҳ кат дар шуъбаи амрози дарунӣ ва даҳ кати дигар дар шуъбаи кӯдакона ҷойгир буда, кормандони ин макони офиятӣ дар раванди сиҳатии мардуми ноҳия нақш доранд. Мавриди зикр аст, ки Беморхонаи марказии ноҳия дорои мошини «Ёрии таъҷилии тиббӣ» буда, бо сокинон пайваста дар иртибот аст.

Айни замон дар Беморхонаи марказии ноҳия панҷоҳу ду нафар, аз онҳо ҳашт нафар духтури дорои маълумоти олӣ, понздаҳ нафар корманди миёнаи тиб ва бисту нӯҳ нафар корманди техникӣ фаъолияти пурсамар доранд. Сокинони ноҳия аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳбаланд буда, дар меҳвари сиёсати оқилонаи муҳтарам Пешвои миллат – саломатии миллат боигарии давлат, солимии ҷомеа ва тарзи ҳаёти солими мардум дар роҳи устувор гардонидани пояҳои Истиқлоли давлатии мамлакат азму субот доранд.

Дар ин масир сафарҳои кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар раванди ободониву созандагии ин гӯшаи диёр мардуми заҳматкаши ин минтақаи кӯҳсори дурдасти маҳбубро дар роҳи иҷрои тадбирҳо ва ҳадафҳои бунёдии ҷомеаи имрӯза ҳидоят менамоянд. Дар Рӯзи иди касбии табибон, кормандони соҳаи тибби ноҳия барои бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ва таҳкими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат, бо содиқ будан ба касбу савганди худ, ки хизматрасонии тиббиро ба мардум дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанду дар ин масир ҳифзи солимии ҷомеаро таҳким мебахшанд, табрик мегӯем.

Дар навбати худ мо дар ин роҳ ба кулли кормандони соҳаи тиб, алалхусус, ба духтурону ҳамшираҳои тиб ва оростакорони Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муваффақиятҳои касбӣ таманно менамоем.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

Хуҷанд‐Кӯҳистони Мастчоҳ Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh