ИҚДОМУ ТАШАББУСҲОИ ҲОМИЁНИ СОЛИМИИ ҶОМЕА ҲАДАФРАСАНД

Санаи 16-уми август бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби кишвар дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавии табибони вилоят бо иштироки роҳбарияти вилоят ва Вазорати соҳавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маърӯзаи идонаи худ оид ба дастовардҳои кормандони соҳаи тандурустии вилоят ҳарф зада, изҳор дошт, ки «дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба соҳаи ҳаётан муҳим– тандурустӣ аз рӯзҳои аввал эътибори хоса дода, маблағгузорӣ ба ин соҳаи афзалиятнок ҳамасола боло меравад. Ин аст, ки соли равон маблағгузории соҳа тайи 5 соли охир то ба 255,4 миллион сомонӣ афзудааст.

Дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллат‐30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2019‐2021) 508 иншоот, аз ҷумла 77 беморхона, 89 маркази саломатӣ, 123 бунгоҳи тиббӣ, 21 таваллудхонаву 98 нуқтаи хатна таъмиру азнавсозӣ шуданд,‐гуфт Раҷаббой Аҳмадзода,таи 7 моҳи соли равон бошад, 53 иншоот таъмиру азнавсозӣ гардид. Раиси вилоят бо сипосмандӣ аз мардуми вилоят, хоса соҳибкорони маҳаллӣ зикр дошт, ки ҳама гуна иқдому ташаббусҳои ҳукумати маҳаллӣ дар самти беҳдошти ҳолати муассисаҳои тиббӣ дастгирии ҳамаҷониба меёбад. Дар ин муддат ба маблағи 15 миллион сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустии қаламрави вилоят аз даромадҳои шахсии шаҳрвандон ба ҷо оварда шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз муаммову мушкилоти соҳа хуб бохабар аст,‐гуфт дар идомаи суханронии худ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, -  хусусан норасоии мутахассисони алоҳида‐вирусологҳову табибони эҳёгар, силшиносон, табибони оилавӣ дар деҳот, ҳолати таъминоти техникии соҳа беҳбудӣ мехоҳад. Биноан бо мақсади ислоҳи вазъият мо чораҳои мушаххас андешида истодаем.

Аз ҷумла тасмим гирифта шуд, ки рӯзҳои наздик ба нуқтаҳои «Ёрии таъҷилии тиббӣ»‐и шаҳру ноҳияҳо боз 20 адад автомашина ҷудо карда мешавад. Боиси тазаккур аст, ки табибони вилоят роҳу усулҳои нав ба нави табобати ин бемории сироятиро андешиданд, ки дар натиҷаи ин ва дигар чораҳо вусъати паҳншавии бемории «COVID‐19» рӯз аз рӯз кам шуда истодааст. Айни ҳол дар муассисаҳои табобатии вилоят 190 нафар шаҳрванд бо бемории илтиҳоби шуш ва коронавирус бистарӣ аст, ки ин нишондиҳанда нисбати моҳҳои аввали паҳншавии даври навбатӣ хеле кам аст. Ба ин, албатта, эмгузаронии саросарӣ мусоидат кардааст.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шодихони Ҷамшед муборакбодии Вазири тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозодаро ба табибони вилоят расонида, афзуд, ки «ҳомиёни саломатии вилояти Суғд, хусусан дар давраи паҳншавии пандемияи «COVID‐19» ҷони худро ба хатар гузошта, беморони зиёдро аз ҳалокат наҷот доданд, ки ин сазовори таҳсин аст».

Дар вазъияти тантанавӣ ба табибони фаъол, ки аз иди гузашта то ин дам меҳнати самарнок доштанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят тақдиронида шуданд. Якчанд нафар табибон бошанд, барои хизматҳои шоиставу бенуқсон дар соҳа бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд, ки мукофотҳоро ба онҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихони Ҷамшед супориданд.

Барномаи фарҳангии устодони санъати вилоят чорабинии идонаро шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.

М.МАҚСУДОВ,

махсус барои «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh