БЕМОРХОНАИ НАВ БО ҲАШТОД КАТ ДАР ПОНҒОЗ

Дар доираи истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт боз як беморхонаи нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Муассисаи мазкури тиббӣ иборат аз панҷ шуъба: қабул, ҷарроҳӣ, таваллудхона, ташхисгоҳ ва бемориҳои дарунӣ иборат буда, дорои 80 кат барои беморон пешбинӣ шудааст. Бино ба иттилои сардухтури беморхона Аҳмадхоҷа Турсунов ҷиҳати таъмин бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 2,7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Акнун шароит фароҳам меояд, ки табобати аксари маризиҳову амалиёти ҷарроҳӣ дар ҳамин ҷо сурат хоҳад гирифт. Имрӯз барои сокинони Ҷамоати деҳоти Понғоз, ки калонтарин дар ноҳия маҳсуб ёфта, нуфузи аҳолиаш аз 34 ҳазор нафар гузаштааст, 5 маркази саломатӣ, 1 хонаи саломатӣ, 2 нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ва бахши Ёрии таъҷилӣ хизмат мерасонанд.

Бо шарофати даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот албатта, дар иртибот ба соҳаи тандурустӣ як ё ду иншооти тиббии хизматрасонӣ, мактабҳои наву синфҳои иловагӣ, кӯдакистонҳо бунёд шуда, ҳамзамон роҳҳо, ки таҳкиму тақвиятбахши иқтисодиёт маҳсуб меёбанд, феълан тариқи ҳашар сад дар сад мумфарш шудаанд,мегӯяд Бахтиёр Турсунов, раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи нав, ки мақоми ноҳиявӣ дораду зиёда аз 80 мутахассиси соҳаи тиб ҷои нави корӣ ёфтанд, ҳамаи шароитро дорад, то ин ки дигар сокинони деҳа барои табобати бемории худ бо тай кардани садҳо километр ба маркази вилояту пойтахт нараванд. Дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон шумораи беморхонаву дигар муассисаҳои соҳаи тиб якчанд маротиба дар ноҳия афзудааст.

Мавриди таъкид мебошад, ки дар омодасозии мутахассисони маҳаллӣ низ ноҳия қадамҳои ҷиддӣ пеш гузоштааст. Ҳамаи муассисаҳои тиббии ноҳия бо хатмкунандагони донишгоҳҳои тиббии мамлакату кишвари Россия, коллеҷҳои тиббӣ комилан таъмин мебошанд. Қурбоналӣ Турдалиев, сардори шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ‐санитарии ноҳия дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки ҳоли ҳозир дар ҳудуди ноҳия ҷиҳати пешгириву табобати аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳо як маркази саломатии ноҳиявӣ, 18 маркази саломатии деҳот, 35 хонаи саломатӣ ба наздик 170 ҳазор аҳолии Ашт хизматрасонии босифати тиббиро пешниҳод мекунанд. Феълан, дар ноҳия таъминот бо табибон ба ҳазор нафари аҳолӣ ба 61,6 дарсад баробар аст, ки ин нишондиҳандаҳо бо шарофати даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст.

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои шабакаи КАТС‐и ноҳия иқдом гирифта шуд, ки заминаи моддӣ‐техникии ин муассисаҳо пурра неруманд гардонида мешаванд. Бо ин мақсад аз ҳисоби дастгирии Ҳукумати кишвар даромад аз хизматрасонии тиббӣ бо ҳампардохт, дастгирии соҳибкорон ва аҳолии деҳот бинои 6 бунгоҳи саломатӣ аз нав сохта шуда, бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ таъмин мегардад.

Соли равон фақат барои таъмири ҷории муассисаҳои шабакаи КАТС-и ноҳия 180 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот шуд,- таъкид кард Қурбоналӣ Турдалиев.

Ҷовиди АШТӢ,

рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh