ТАБИБОН ДАРДҲОРО ЧОРАСОЗАНД

“Тани гарм бе дард” нест мегӯянд. Инсоният давоми ҳазорсолаҳо ба бемориҳои сирояткунандае, ки ҳаёти миллионҳо одамонро зери хатар мебурд ва сабаби асосии марги онҳо мегардид, гирифтор мешуд.

Баҳри пешгирӣ ва табобати саривақтии онҳо табибону мутахассисон кӯшиш ба харҷ медоданд, то ҳаёти одамиро аз бемориҳои гуногун ҳифз намоянд. Агар 10 фоизи саломатии инсон аз духтур вобаста бошад, 90 фисадаш ба худи бемор алоқамандӣ дорад. Зиёда аз ин танҳо соҳаи нигаҳдории тандурустӣ наметавонад, сиҳатии мардумро пурра таъмин намояд.

Одамони касбу кори гуногун, ки ба мардум наздиктаранд, бояд ба ёрии табибону мутахассисони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ бирасанд ва ба мардум тарзи ҳаёти солимро фаҳмонанд. Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке аз аввалинҳост, ки дар мубориза ба муқобили вирусҳои хатарнок ва ҳамчун олим ва табиб корҳои шоиста кардаву муваффақ шудааст. Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ҳодисаеро, ки марбут ба зиндагинома ва табибии ибни Синост, ба ёд оварда, чунин менигорад: «Шайхурраис Сино ҳангоми ҳиҷрати худ аз Бухоро дар он замони пурошӯбу ноамн, вақте ки бо шогирди худ Ҷузҷонӣ ҳамроҳи корвоне ба Хоразм наздик омада буд, диданд, ки мардум ҳама дар роҳи фирор аз Хоразм афтодаанд. Воқиф мегарданд, ки Хоразмро бемории шадиди вабо фаро гирифта, инсонҳоро ба коми марг мекашад. Корвониён зуд аз роҳ бармегарданд, аммо Синои оқил баръакс, бо шунидани ин хабар, бошитобтар рӯ ба Хоразм меоварад. Ҳатто шогирдаш, ки аввал аз ҳароси вабо аз роҳ бармегашт, бозгашта ба устодаш мепайвандад.

Дидор ва мулоқоти Сино дар Хоразм аввал бо олими бузурги дигар Абӯрайҳони Берунӣ сурат мегирад. Қисса кӯтоҳ, Абӯалӣ ибни Сино фавран дар андешидани чораҳо барои рафъ ва муолиҷаи вабо мешавад ва пешниҳод мекунад, ки фавран дар шаҳр, ба истилоҳи имрӯза карантин эълон шавад. Абӯ‐алӣ гирифторони бемориро дар гӯшае ҷудо аз дигарон ҷамъ оварда, ба муолиҷаи онҳо пардохт, то нафарони дигар низ гирифтори ин беморӣ нагарданд. Аммо барои амалӣ намудани ин мақсад бояд дари раставу бозорҳо ва хусусан, масҷидҳоро бубаст. Берунӣ андешид, ки ин кор номумкин аст, зеро муллоҳои мутаассиб ҳаргиз нахоҳанд гузошт, ки масҷидҳо баста шаванду мардум муддате аз хонаҳо набароянд. Ин ҷо ҳам боз заковату донишмандии Шайхурраис ба мадад расид ва чун ӯ огоҳ буд, ки фардо рӯзи гирифтани офтоб аст ва дақиқаву соати гирифтани офтобро медонист. Ба мутаассибону муллоёни башӯромада огоҳӣ дод, ки агар гуфтаи ӯро иҷро накунанд, ӯ офтобро мепӯшонаду дунё зулматистон мешавад. Мардумро дар ҳамон соате ҷамъ оварданд, ки чанде пас бояд офтоб гирифта шавад.

Хушбахтона, Сино хато намекунад ва пас аз эълони ӯ воқеан офтоб пайваста ба зулмот фурӯ меравад ва муллову мутаассибони башӯромада, ки ҳозир буданд, Шайхурраисро пора – пора намоянд, аз бими қиёмат гурехтаву пароканда мешаванд. Ба ин васила Ибни Сино дар Хоразм карантин ҷорӣ кард ва беморонро ба мавзеи алоҳида оварда хобонид. Бо шогирд ва тарафдоронаш ба муолиҷаи онҳо пардохт. Онҳое, ки мефавтиданд, ҷасадашон сӯхта мешуд ва дигарон бо ҷоннисориҳои Сино ва шариконаш таи чанд моҳ шифо ва наҷот ёфтанд». Ин ҳодиса дар сенарияи филме, ки дар бораи Абӯалӣ ибни Сино таҳия гардидаасту муаллифаш Сотим Улуғзода аст, оварда шудааст. Ин ҳодисаи таърихӣ барои мо, имрӯзиён бардошти пандомезе аз гузашта аст, ки садоқати табибро ба рисолати касбиаш нишон додааст. Имрӯз дар замони ҳамшабеҳи он даврон ин садоқат метавонад, намунаи ибрати шогирдон ва пайравони Синои бузург бошад. Ҷасорат, мардонагӣ, шуҷоатмандӣ, иҷрои вазифаи ҷоннисорона дар ин замони гирифторшавии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бемории сироятии коронавирус шаҳодатгари он аст, ки табибон ба қасами муқаддаси ин пешаи пуршараф содиқанд.

Аз рӯзҳои паҳншавии бемории сироятии COVID‐19 дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ду сол сипарӣ гардид. Ҳарчанд айёми имрӯза давраи коҳишёбии ин бемории марговар аст, аммо то ҳанӯз мубориза бар он давом дорад. Бале, коронавирус мавҷуди ба чашм ноаёнест, ки ба инсон зарар мерасонад, душманест, ки дар намуди бактерия ба ҷони инсонӣ хатари калоне оварда, ҳазорон нафарро ба коми марг кашидааст. Зиёда аз ин таъсири коронавирус на танҳо ба иқтисодиёти кишвар, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ расидааст. Дар шароити кунунии муосир, ки илму техника рӯ ба тараққӣ овардаасту илми тиб хеле пеш рафтааст, табибони мо бо ин бемории марговар низ даст ба гиребон шуданд. Тамоми қувва, дониш, малака ва маҳорати худро барои рафъи он сафарбар намуданд. То ҳанӯз дар катори табибони кишварҳои мутараққӣ шифокорони тоҷик низ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки пеши он гирдоби фалокатборро гирифта, мардуми кишварамонро аз таъсири он эмин нигоҳ доранд. Бо кӯмак ва мадади ҳамдигарӣ, иттифоқӣ ва дастгирии башардӯстона бояд пеши роҳи ин вабои замон гирифта шавад.

Хушбахтона, баробари ворид шудани ваксинаҳои кишварҳои мутараққӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки дар баробари риояи қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пӯшидани ниқоби тиббӣ, зуд‐зуд шустани дастон ва риояи фосилаи байниҳамдигарӣ, ваксина гирифта худро аз ин беморӣ наҷот диҳанд. Дар ин ҷода низ ба ёрии мо нафарони хилъати сафедпӯш меоянд, ки тамоми дардҳоро чорасозанд. Бояд гуфт, ки танҳо бо заҳмату талош ва кӯшишҳои кормандони соҳаи нигоҳдории тандурустӣ мо наметавонем, пеши роҳи ин офатро гирем. Муборизаи ҷонфидоёна ва саривақтию мунтазами ҳар сокини мамлакат ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ беҳудуд аст. Силоҳи пурқуввати пешгирӣ аз ин беморӣ бошад, танҳо риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоист. Дар бораи ин фидокорон ҳарфҳои гуфтанӣ хеле зиёданд.

 Суханҳои навиштанӣ аз он ҳам зиёдтар. Ҳаминро медонем, ки табибон бароямон қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи ҳастӣ, муҳаббати беканор ва махзани ганҷанд. Бузургию матонат, шукӯҳу шаҳомат, сифату сирати дилписанди табибон дар назди ҳама гирудори зиндагӣ ҳеҷ аст, ки бори дигар исбот шуд. Гумон мекунем, барои ифшои туғёни қалби ҳар шифоёфта рӯзу моҳ, қаламу коғаз, фурсату тавоноӣ басанда нест. Гуфтанием: шумоён чӣ дар рисолати касбӣ, чӣ дар дӯстдорӣ, чӣ дар муносибату самимият бо атрофиён, чӣ дар хушмуомилагиву чашмикордонӣ, чӣ дар ҷавонмардиву ҷасорат бароямон ба маънои томаш ва бо ҳарфҳои зарҳалин ТАБИБ хоҳед монд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh