ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ВА ВАЗИФАҲОИ НАВБАТӢ

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Конфронси ҳисоботиву интихоботии VIII ташкилоти собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилоят баргузор гардида, фаъолияти панҷсолаи ин ташкилоти ҷамъиятиро мавриди муҳокима қарор дод.

Конфронси ҳисоботиву интихоботии ташкилоти собиқадорони вилоят дар асоси қарори Пленуми V Шӯрои собиқадорони вилоят ба вуқӯъ пайваста, дар он вакилон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои Кумитаи амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии вилоят, ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва Шӯрои ҷанговарони байналмилал иштирок карданд. Раиси Шӯрои собиқадорони вилоят Турсунбой Раҳматов дар бораи фаъолияти Шӯро аз моҳи июли соли 2016 то моҳи августи соли 2021 маърӯза кард. Раиси комиссияи тафтишотии ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Маъсум Муродов дар бораи фаъолияти молиявию хоҷагии Шӯрои вилоятии собиқадорон дар ин давра гузориш дод.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ дар бораи фаъолияти бисёрҷабҳаи ташкилоти вилоятии собиқадорон, вазифаҳои минбаъдаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони Шӯро, мавқеи онҳо, беҳдошти хизматрасонӣ ба собиқадорон, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зоҳир карда мешаванд, баён намуда, ба кори конфронс барор хост. Ӯ ҳамчунин, дар хусуси мавқеи собиқадорони ҷангу меҳнат дар тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон ҳарф зада, вакилони конфронсро даъват намуд, ки дар ин ҷода мададрасони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бошанд ва кулли собиқадорони вилоятро ба ин амали нек сафарбар кунанд. Раисони Шӯрои собиқадорони шаҳрҳои Истаравшан Абдуваҳҳоб Қайюмов, Гулистон Каромат Маҳмудова, раиси ташкилоти собиқадорони хизмати ҳарбии вилоят, поковник Шарифҷон Азизов, раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалист Комил Содиқов, раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони Литсейи касбҳои техникӣ ва кишоварзии шаҳри Конибодом Дилбар Аъзамова, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, сарвари Осорхонаи донишгоҳ Рустам Юлдошев ва дигарон дар муҳокимаи маърӯза фаъолона ширкат варзида, ба фаъолияти панҷсолаи ташкилоти собиқадорони вилоят баҳои муносиб доданд.

Муовини раиси Шӯрои собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Шарифов дар хусуси фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят ҳарф зада, онро дар қаламрави кишвар чун намуна ба забон овард. Аз ҷумла гуфт, ки роҳбарияти Шӯро дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳо, тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди ташаббусҳои нав ба нав ҷиҳати дастгирии собиқадорони вилоят дар ҳақиқат пешсаф буда, иқдомҳои тоза ба тозаро ба миён мегузорад. Маҳз, бо ташаббуси роҳбарияти Шӯро ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли 2021 дар вилоят “Соли ташкилотҳои ибтидоии собиқадорон” эълон шуда, дар ин ҷода озмун гузаронида шуда истодааст.

Вакилони конфронс тибқи масъалаҳои рӯзнома Шӯрои собиқадорони вилоятро иборат аз 55 нафар, ҳамчунин, комиссияи тафтишотии ташкилоти собиқадорони вилоят дар ҳайати 5 нафар интихоб карданд. Тибқи меъёри муқарраркардаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 нафар вакил барои иштирок дар Конфронси ҳисоботиву интихоботии VIII ташкилоти собиқадорони ҷанг ва меҳнати кишвар ҳуқуқ пайдо карданд. * * * Пленуми якуми Шӯрои собиқадорони вилоят дар ҳузури вакилони Конфронси ҳисоботиву интихоботии VIII ташкилоти собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилоят ба вуқӯъ пайваст. Аъзои Шӯро комиссияҳои доимии ташкилоти собиқадорони вилоят ва ба вазифаи раисии Шӯро Турсунбой Раҳматовро интихоб кард.

Ҳамчунин, Шавкат Алиев муовини раис, Убайдулло Рашидов котиби масъули Шӯро ва Маъсум Муродов раиси комиссияи тафтишотии Шӯрои собиқадорони вилоят интихоб шуданд. Барои ҳамкории фаъолона дар пешбурди кори ташкилоти собиқадорони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои низомӣ, ҳамчунин иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ чанд нафар фаъолони Шӯроҳо бо Сипосномаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.

Карим ШАРИФ,

собиқадори матбуот

Add comment


Security code
Refresh