ИН САРЗАМИНРО Ӯ ВАТАН ХОНДААСТ

Дар ин рӯзҳои арафаи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хурсандии бачагону наврасон ва волидони бинои истиқоматии рақами 55, маҳаллаи “Дӯсти халқҳо” 32-юми шаҳри Хуҷанд беҳадду канор аст. Дар саҳни ин бино бо иқдоми бонуи кордону ташкилотчӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, узви Шӯрои ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Надежда Кондратйевна Леонтйева майдончаи бозии бачагон бо зиёда аз бист намуди аттраксион, барои бачагони хурдсол ва бачагони синни мактабӣ мавриди баҳрабардорӣ дода шуд. Акнун ҳам кӯдакон, ҳам наврасон метавонанд вақти холии худро дар саҳни бинои истиқоматиашон пурмазмун гузаронанд ва падару модарон аз онҳо хотирҷамъ бошанд.

Воқеан, ин бону сарнавишти талх, вале ибратангез дошта, дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия дар оилаи инсонҳои оддӣ дар солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ, соли 1943‐юм ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби олӣ ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Аз он рӯзҳо бештар аз панҷоҳ сол – ним аср сипарӣ гашт. Ин зани меҳнатқарин Тоҷикистонро Ватани худ хонда, баҳри ободиву шукуфоии он, баҳри фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ба ҳаммиллатони худ кӯшиш ба харҷ додааст.

Бо иқдоми ӯ дар солҳои муташанниҷи навадум Маркази русзабонҳо «Надежда» таъсис дода шуд. Он солҳои вазнин ин зан ҳаммиллатонашро хона ба хона гашта, талқин менамуд, ки аз Тоҷикистон нараванд. Ин марказ бо беҳтар гардидани вазъи сиёсии кишвар, аз аввали солҳои дуҳазорум ба Маркази фарҳангии русзабонҳо «Анастасия» табдил дода шуда, давоми солҳои тӯлонӣ сокинони русзабони вилоятро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ кӯмаку дастгирӣ менамояд. Надежда Леонтйева баҳри аз ҷониби умумииттифоқ дастгирӣ ёфтани иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз вилояти Суғд хеле заҳмат кашидааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бошад, барои аз Федератсияи Россия дастгириву кӯмак гирифтани иштирокчиёни ҷанг талош намуд. Инчунин, баҳри ба таълимгоҳҳо ва макотиби олии бонуфузи Федератсияи Россия дохил гардидани ҷавонону наврасони вилоят кӯшиш ба харҷ медиҳад. Наврасонро бо омӯзиши забони русӣ фаро гирифта, баҳри иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ омода менамояд. Дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият бурда, доимо дар андешаи некӣ кардан ба ҳамдиёрони худ аст. Аз ҷумла давоми солиёни зиёд ба Беморхонаи бемориҳои равонии шаҳри Исфара кӯмаки Ташкилоти ҷамъиятии худро дареғ намедошт. Дар ҷои зист маҳаллааш бошад, барои ба ҷои муайян кӯчонидани истгоҳи нақлиёт, барои ба тартиб овардану бо гулу гулбуттаҳо оростани атрофи бинои истиқоматӣ, баҳри шароити мусоид фароҳам овардан ба истироҳати бофароғати истиқоматкунандагон талош карда, ба он, албатта, ноил мегардад. Вақте бо хоҳиши бунёди майдончаи бозиҳои бачагона дар саҳни бинои истиқоматӣ ба Раиси вилоят муроҷиат намуд, Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, заҳмати шумо баҳри рушду пешрафти Тоҷикистон шоиста аст ва шуморо сокинони вилоят ҳамчун бонуе, ки ҳар иқдоми некашро, албатта, амалӣ мегардонад, мешиносанду эҳтиром мекунанд…

Сари синаи ин зани рӯзгордидаро чандин ордену медалҳо зеб медиҳанд, ки барои мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ байни ду кишвар – Тоҷикистону Федератсияи Россия, таҳкими густариши равобити илмиву фарҳангӣ байни ин ду мамлакат ва дигар амалҳои нек қадрдонӣ шудааст. Дар рӯзи ба истифода дода шудани майдончаи бозии кӯдакон Надежда Леонтйева иброз дошт, ки ҳамаи ин имконияту шароитҳо бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми сарзамини мо муҳайё гашт.

Шарофати талошу кӯшишҳои Сарвари давлат буд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои шаҳру деҳот, маҳаллаҳои истиқоматӣ тамоман дигаргун гашт, ободу зебо гардид, сатҳи рӯзгори сокинон бамаротиб боло рафт. Ҳамчунин вай ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос намуд, ки ҳар иқдоми неки ӯро баҳри пешравӣ, рушди ҷомеа ва рӯзгори мардум дастгирӣ менамояд.

Анастасия ГЕРФУРД,

Валерий САВЛУКОВ,

аъзои Маркази фарҳангии русзабонҳои вилоят

Add comment


Security code
Refresh