Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Бӯстон

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон собиқадорони хизмати давлатӣ Оқил Оқилов ва Ҷӯра Шокировро аёдат карда, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро таманно кард.

Роҳбари вилоят фарорасии ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба собиқадорон табрик гуфта, аз саҳми онҳо дар пешрафти хоҷагии халқ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида,  зери раҳбарии Пешвои миллат ва меҳнати шабонарузии фарзандони содиқи Ватан сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар шуд.

Аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh