ЧОРААНДЕШӢ - БАҲРИ ИҶРОИ ТАЛАБОТ

 

 

 

Дар прокуратураи вилояти Суғд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят таҳти роҳбарии раиси Шӯро-прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Хоҷазода Фурқат Файзалӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯро ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи мубориза бар зидди экстремизми динӣ, терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб кардани ноболиғон ва ҷавонон дар фаъолияти мақомоти марбута дар соли 2020 ва 6 моҳи соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони Раёсату шуъбаҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардорон ва шахсони масъули мақомоти амният ва корҳои дохилӣ ширкат доштанд. Ҷаласаро прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Хоҷазода Фурқат Файзалӣ оғоз намуда қайд кард, ки ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти мубориза бар зидди экстремизми динӣ, терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб кардани ноболиғон ва ҷавонон зери назорати доимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят қарор дорад. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016‐2020 ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд. Вобаста ба ин масъала ахбороти сардори шуъбаи муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2 Саидзода Иброҳим Тӯйчӣ ва баёноти роҳбарони субъектони амаликунандаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ шунида шуд.

Таъкид шуд, ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар самти баланд бардоштани тайёрии касбии соҳаи мафкуравӣ, гузаронидани семинар тренингҳо вобаста ба масъалаҳои пешгирии экстремизм ва терроризм, ташкили барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, тамоюлҳои экстремистӣ ва террористӣ, ҷиҳати пурра ба Ватан баргардонидани толибилмони дар муассисаҳои таълимоти динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил менамуда, дастгирии фаъолияти соҳибкории ҷавонон, мусоидат ба осон намудани дастрасии қарзҳои имтиёзнок, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва андешидани чораҳо оид ба танзими раванди муҳоҷират, зиёд кардани шумора ва ташкили фаъолияти клубҳо, иншоотҳои варзишӣ, китобхонаҳо ва марказҳои маърифатӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати динии имом‐хатибон ва ғайра андешидани чораҳои муассирро талаб менамояд. Аз рӯи натиҷаи муҳокимаи масъала қарори дахлдор қабул гардида, шахсони масъули субъектони амаликунанда вазифадор шуданд, ки баҳри иҷрои талаботи дар пеш гузошташуда чораҳои иловагии зарурӣ андешанд. Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар мушовири адлияи дараҷаи 2 М. Қурбонзода изҳор намуд, ки дар давраи таҳлилӣ, муфаттишони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят 491 адад ин қабил парвандаҳои ҷиноятиро нисбат ба 612 нафар мавриди таҳқиқу тафтиш қарор дода, аз ин 388 адад нисбат ба 391 нафар ба суд ирсол намуда, бо ҳукмҳои судӣ шахсони гунаҳкор маҳкум гардидаанд.

Дар нимсолаи якуми соли равон 149 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин дар як сатҳ қарор дошта, кушодашавии он 97,99 фоизро ташкил медиҳад. Содиршавии чунин ҷиноятҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Спитамен ва Бӯстон зиёд шудааст. Яке аз сабабҳои зиёд содир шудани ин намуди ҷиноятҳо дар шаҳру ноҳияҳои зикргашта ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудани фаъолият дар самти пешгирӣ ва сари вақт ошкор накардани ҷиноятҳои авбошӣ мебошад. Сабаби дигари зиёд ба қайд гирифта шудани ҷиноятҳои авбошӣ ин аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз қайд пинҳон кардани ин қабил ҷиноятҳо мебошад.

Дар давраи таҳлилӣ аз тарафи мақомоти прокуратураи вилоят ҳамагӣ 64 ҷинояти аз қайд пинҳонмонда вобаста ба ҷинояти авбошӣ ошкор ва ба қайд гузошта шудааст. Вобаста ба масъалаи баррасигардида қарори дахлдор қабул карда шуд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh