Макони нуру сафо хоҳад шуд

Баҳористон яке аз шаҳракҳоест, ки дар шаҳри Истаравшан, аниқтараш дар қад - қади роҳи Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ, бунёд мегардад. Давоми 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят чандин иншоотҳои ҷашнӣ, корхонаву муассисаҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар бунёд гардиданд, ки симои шаҳру деҳотро ба куллӣ тағйир доданд. Яке аз иншооти хеле муҳим ин бунёди шаҳраки Баҳористон аст, ки мардуми ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшанро ба оғӯш гирифт.

Санги асосро барои ояндаи неки мардуми ин сарзамин Асосгузорри сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба се иншооти ҳаётан муҳим – бинои бунгоҳи тиббӣ, мактаб ва боғчаи бачагона гузошта, ба бунёди ин шаҳраки азиму замонавӣ замина гузоштанд. Имрӯз бинои бунгоҳи тиббӣ пурра сохта шуда, муваққатан ҳамчун бинои Ҷамоати шаҳрак хизмат менамояд. Дигар корҳои ободкориву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, дар давоми сӣ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳракҳо бунёд гашта, нишон аз давлату давлатдорӣ ва сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорад.

Воқеан, баробари ворид шудан ба ин мавзеъ ниҳолони пайвандии навбар, току гулу гулбуттаҳо намудор мегарданд, ки аллакай аз ободии ин маҳал дарак медиҳанд. Баҳористон маконест, ки ояндаи хеле зебо дорад, зеро қад – қади роҳи калони мошингузар қомат афрохтани дарахтони зебову сарсабз далели гуфтаҳои болост. Аллакай роҳгузарон ба табиати рангину зебои ин маҳал бо ҳавас дида дӯхта, дар бораи ояндаи рангини он байни худ ҳарф мезананд. Воқеан, дар шаҳраки Баҳористон дарахтони мевадиҳанда, аз қабили шафтолу, олу, себу бодом ва нок рӯ ба нашъунамо овардаанд. Дар қад - қади роҳи мошингузар дар масофаи 2,5 километр ҳамчунин дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.

Дар ҳудуди шаҳрак сохтмон ва мумфаршкунии роҳҳои марказӣ дар масофаи 11 ҳазор метри мураббаъ, таъминоти барқ ва васли трансформатори 400 квт, чароғонкунӣ, навсозии пойгоҳи обкашӣ, кофтани ду чоҳи амудӣ ва хати оби нӯшокӣ дар масофаи 2400 метр аз ҷониби Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иҷро расонида шуданд. Бино ба гуфти сарвари Муассисаи давлатии иншоотҳои сохташавандаи Баҳористон Уткур Абдулхайров, то имрӯз дар ин минтақа 62 хонаи истиқоматӣ бомпӯш шуда, ба 95 хона таҳкурсӣ гузошта шудааст. Барои 139 хонаи истиқоматӣ қуму санг захира гардидаанд. Воқеан, имрӯз дар шаҳрак 27 оила хонаҳоихудробунёднамуда, дар ҳамин минтақа умр ба сар мебаранд. Мардум ҳам бо оби нӯшокӣ ва ҳам полезӣ таъминанд. Лозим ба ёдоварист, ки имсол, дар минтақаи мазкур 1000 бех ниҳол шинонида шуд. Дар он ҷое, ки об ҳаст, ободӣ ҳаст мегӯянд. Дар он ҷое, ки об ҳаст, файзу баракати зиндагӣ, сарсабзию хуррамӣ он ҷост.

Дар ҳақиқат, имрӯз минтақаи Баҳористон ба оби нӯшокӣтаъмин буда, ду ҳавзизахиравии минтақавиро самаранокистифода мебаранд.Онҳо ҳавзи захиравии обро бо кӯмаку дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо девори иҳотавӣ таъмин намуданд. Дар ҳудуди як гектар замин пиёз ва як гектар гандум коштанд. Мардуми маҳал низ дар хонаҳои худ ба обчакорӣ машғуланд. Ҳамзамон, бояд изҳор намуд, ки минтақаи Баҳористон меваи боғи Истиқлол буда, дар баробари шаҳрҳои дигари замонавӣ бунёд мегардад. Рӯз ба рӯз ободу зебо гардидани минтақаҳои кишвар аз тинҷию осоиштагӣ, бунёдкориву созандагии диёри ҷавони Тоҷикистон далолат медиҳад. зеро ҷавоне, ки дар даврони Истиқлолият ба дунё омад, имрӯз сӣ сол дорад.

Дар муддати 30 сол дар кишвари азизамон иншоотҳои бузург сохта, ба истифода дода шуданд, ки ҳар рӯзу ҳар соат симои худро дигаргун сохта, ба як макони диловез, ба маънои аслиаш чун номаш Баҳористон табдил меёбад. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки баъди гузашти солҳо ин шаҳраки навбунёд ба як шаҳраки афсонавӣ, ба як макони ободу зебои кишвар, макони нуру сафо ва нусрату фараҳмандӣ табдил хоҳад ёфт.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh