ШУКРОНА МЕКУНАМ,- мегўяд бонуе аз шаҳри Ваҳдат

Имрўзҳо шаҳру деҳоти Тоҷикистони азиз симои идона ба бар карда ва дар фазои сулҳу суботу ваҳдату ягонагӣ мардум рўҳбаландона бо заҳмати созанда машғуланд. Насли ҷавони Ватан, зодагони айёми соҳибистиқлолӣ, онҳое, ки соҳибони ояндаи ин сарзаминанд, бо иқдомҳои наҷибона баҳри рушду нумўи минбаъдаи диёр кўшиш ба харҷ медиҳанд. Соҳибихтиёрӣ барои ҳар як шаҳрванди ин кишвар азизу гиромӣ аст ва баҳри таҳкими суботу оромӣ, устуворсозии пояҳои мустақилияти миллӣ, монанди гавҳараки чашм ҳифз намудани истиқлолияти давлатӣ ҳар як сокини ин сарзамин талош меварзад. Чунки он бо ранҷу душворӣ, бо мушкилиҳои зиёд, бо чашидани талхии ҷанги хонумонсўз, бо қимати ҷони ҳазорон ҷавонмардон ба даст омад.

Ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти мамлакат тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанад намоиш дода шуда истодааст, ки дар он ботадриҷ барқарорсозии сулҳу ваҳдат, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат, болоравии нуфузу обрўи мамлакатамон дар арсаи ҷаҳон бо далелҳои муътамад, ба таври мушаххасу асоснок нишон дода шудаанд. Дар он шоҳидони аслии он воқеаву рўйдодҳои аввали солҳои соҳибистиқлолӣ фикру андешаҳои худро иброз доштаанд. Аксари онон ашкрезон сухан мекунанд, чун ёди он рўзҳо хеле риққатовар аст... Дирўз бо амри тасодуф бо бонуе ҳамсўҳбат гардидам, ки он рўзҳои даҳшатборро бо чашми сар дидаасту аз талхиҳои он рўзгорон чашидааст. Ў як нафар сокини шаҳри Ваҳдат (собиқ ноҳияи Орҷоникидзеобод) аст.

–Ҳамаи онҳо ҳаққу ҳамсояҳои худамон дар маҳалла буданд,- бо алам он рўзҳоро ба хотир меорад Бибираҷаб Эшонова. Он айём, ки мардум барои ёфтани луқмаи нон машаққат мекашиданд, онҳо, ба қавле, аз халқу давлати худ рў гардонданду ба тарафи душманони миллат гузаштанд ва ба анҷом додани амалҳое даст мезаданд, ки ба қолаби инсонигарӣ рост намеояд. Гоҳо андеша мекунам, ҳеҷ касе ба монанди ман аз сулҳу осоиштагии Ватанамон, аз соҳибистиқлолӣ шукргузор набудагист, ин рўзгори тинҷу ободро чун ман қадр намекардагист… Он чӣ дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ аҳли оилаи мо аз сар гузаронид, монанди афсона аст. Он рўзҳоро ба хотир биёрам, ҳоло ҳам танам ба ларза медарояд.

-Шавҳарам солиёни дурудароз устои мошин буданд. Касбашонро дўст медоштанду барои рўзгорамон, баҳри ҳашт нафар ҷигарбандонамон тамоми шароитро фароҳам оварда буданд. Ба қавле, боз пасандоз ҳам доштем. Он вақтҳо туфайли бесарусомонӣ на дўстатро мешинохтиву на душманатро. Дар хона менишастем. Ба кўча баромадан метарсидем. Ин ҳамсояҳои як вақтҳо бо мо нону намак шуда, девордармиён зиндагӣ дошта душмани мо шуданд. Рўзе ба ҳавлии мо чанд кас шуда омаданд. Дар дасти ҳамаашон аслиҳаи ҷангӣ буд. Бо шавҳарам дўғ зада, сухан карда, ўро кўфтанд, аз по афтонданду ба болояш чанд кўрпаро партофтанд, то садояш набарояд.

Дастону даҳони маро бастанд. Бо даҳону дастони баста меистодаму ҳушам ба шавҳарам буд, фикр мекардам, зинда намемонад. Ин ашхос гуфтанд, ҷои пулро гўям, набошад, маро ҳам, шавҳарамро ҳам, бачагонамро ҳам мепарронанд. Аз дастионҳо ҳама кор меомад. Он лаҳзаҳо ҷои андеша набуд, беилоҷу чора будем. Ман фикр кардам, ки бо ҳамин тамом, лаҳзаҳои вопасини умрамон расид. Аз тарс қариб монда буд, ки дилам торс кафад, тамоми танамро ларза фаро гирифта буд ва дандонҳоям шақаррос мезаданд, ки садояшонро он ҳамсояҳо низ мешуниданд, вале ин ба дили сангину бераҳми онҳо кора намекард.

Ман дарҳол ҷои пулҳоро гуфтам, то гиранду тезтар ҳавлии моро тарк кунанд. Хайрият, он инсонҳои шайтонхислат маблағ ва чизҳои лозимиашонро гирифтанду рафтанд. Ман шитобон кўрпаҳоро аз болои шавҳарам бардоштам. Аз таъсири ҳодисаи онрўза он кас ба беморӣ гирифтор шуданд. Рўз ба рўз харобу лоғар мегаштанд. Баъди ин ин шахсони ноинсоф қариб ҳар рўз ба ҳавлиамон медаромаданд. Ҷиҳоз, лавозимот, чизҳои ба худашон лозимиро беибо гирифта мебурданд. Нақлиёти худро соатҳои даҳ-ёздаҳи шаб оварда медоданду аз шавҳарам талаб мекарданд, ки то соати чаҳори субҳ онро соз кунад. Бечора шавҳарам тамоми шаб мижа таҳ накарда, мошин дуруст мекард. Ба қавле, дар хонаамон аз чизу чора, ғизо, молу мулк чизе намонд. Ҳамаашро мебурданд, мо ҳеҷ чӣгуфта наметавонистем. Боре омаданд, аз хона чизи даркориашонро ёфта натавониста, духтаракамро ба ошхона баста монда, дарро маҳкам карданд, шавҳарамро латукўб карда, афтонда болояш кўрпаҳоро партофтанд, ба ман дўғу пўписа карда, зада ғалтонданд ва даҳонамро бо болишт маҳкам карданд. Дигар ҳеҷ илоҷ намонда буд. Гумон кардам, дигар аз ҷоям барнамехезам. Он лаҳза танҳо ба Худованд тавалло кардам, ки фарзандонам, ҷигарбандонамро дар паноҳи худ нигаҳ дорад… Он ашхос ва дигар шахсони ба онон монанд дар он замони бесарусомонӣ либосашонро дигар карданд, на танҳо либос, балки сиришташонро низ тағйир доданд, ҳайвонони одамсурат шуда буданд, ба ҳамдеҳагони худ, ба ҳаққу ҳамсояҳо ҷабру ситами гўшношунидро раво медиданд. Онон одамонро монанди чорво сар мезаданд.

Чандин чунин манзараро бо чашми худ дидаам. Ҷасадҳоро, ки он ҷо занону духтарон, кўдакони маъсум буданд, бо мошини калон ба чуқурӣ тела медоданд. Ҳоло он манзараҳо пеши назар ояд, беихтиёр ашки чашмонамро нигоҳ дошта наметавонам. Чандин духтаракони 9-12-соларо аз маҳалла бо худ гирифта бурданд ва касе намедонист, ки бо ин вуҷудакони бегуноҳ чиҳо карданд. Тавба,-мегўям баъзан худ ба худ. Инсон оқибат чӣ мешавад, намедонад. Вале дар ҳама гуна лаҳзаҳоиҳаётинсон мондан муҳим будааст. Мардуми маҳалла диданд ва шоҳид гаштанд, ки он даҳ-дувоздаҳ нафари хоину ватанфурўшгашта байни худ муросо накарданд, шояд дар тақсимоти ғаниматҳо баҳсу талош карда, ҳамдигарашонро ваҳшиёна кушта партофтанд. Ҷасади онон баъди як моҳ дарёфт шуд, ки, ҳатто, лоиқи кафан нашуд. Ин инсонҳо аз зумраи он тоифае ҳастанд, ки дар ин сарзамин аз ҳар будаву набуда норизоанд, аз меҳнат безоранду ба пули муфт одат кардаанд. Барои пули бедардимиён аз баҳри хонаву дар, зану фарзанд, хешу табор, Ватану зодгоҳашон баромадаанд. Инҳо шайтонсифатони одамсуратанд, ки оқибаташон ба нафрини аҳли ҷомеа гирифтор шудан асту бас… Он рўзҳои талху мушкил, шукрона, ки паси сар шуданд. Ҳарчанд дар мамлакатамон оромӣ шуд, шавҳарам боварӣ надоштанд, ки ин ашхоси лаин дигар ба хонаи мо намеоянд. Ягон лаҳзаи оромӣ надоштанд, ба назарашон менамуд, ки гўё ҳамин ҳоло ин дастаи хунхор беибо ба хона зада медароянд. Ба беморӣ гирифтор шуданд. Барои табобат ба Федератсияи Русия рафта, он ҷо чанд сол монданд. Дар кишварамон рўзгори осоишта барқарор гардид. Боз мардум бо кори созандаву ободкорона машғул шуданд. Корхонаҳо ба кор даромаданд.

Шукрона, ки бачагонамчаҳор писару чаҳор духтарам ба воя расиданд, ҳама соҳиби дониш, илму маърифат, соҳиби оилаи солим, пулёб шуданд. Се духтарам муаллима, як нафараш духтур, чаҳор писарам дар соҳаҳои мухталиф фаъолият доранд. Ба падару модар такягоҳ шудаанд. Бар асари даҳшату воқеаҳои он солҳои вазнин ман низ дардманд гаштам. Аммо бачагонам доимо аз пайи дармону табобатгирии мананд. Акнун давлати осудаи пирӣ дорам. Шукрона мекунам, ки дар сарзаминамон сулҳу субот поянда гардид, мардум хоби бо фароғат, рўзгори серу пур доранд. Дар ҳар қадамам шукри айём, шукри Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекунам, ки он рўзҳои вазнинро аз сари мардуми диёр дур карданд, ба дили сокинони кишвар шарораи умед ба ояндаи нек оварданд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh